Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 24 Рӯйдоди муҳимтарини фарҳангӣ дар 24 соли Истиқлоли кишвар


24 Рӯйдоди муҳимтарини фарҳангӣ дар 24 соли Истиқлоли кишвар



 

Истиқлолиятро бесабаб меваи шаҳдбор намегӯянд. Тӯли 24 соле, ки кишварамон соҳибистиқлол аст, Тоҷикистон ба дастовардҳои чашмрасу беназире дар арсаи фарҳанг ва адабиёт ноил гардид, ки ба таҳкими эҳсоси худшиносии миллӣ, меҳанпарастӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию таърихии тоҷикон сабаб шуд. Дар зарфи 24 соли Истиқлолияти давлатӣ солгарди бузургтарин адибони форсу тоҷикро дар сатҳи миллию байналмилалӣ таҷлил намудем ва ба хотири гиромидошти онҳо аксҳояшон рӯйи воҳиди пули миллӣ ҷой гирифта, шаҳру ноҳияҳои кишвар ба номашон гузошта шуд. Бахшида ба 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтем якчанд рӯйдоди муҳимми фарҳангиро ёдовар шавем.

 
1. Дар давраи истиқлолият аввалин Анҷумани тоҷикони ҷаҳон ва ҷамъияти «Пайванд» баргузор гардид (сентябри соли 1992). «Тоҷикистон хонаи умеди ҳамаи тоҷикҳо ва ба таври умум хонаи умеди ҳамаи ҳамзабонони бурунмарзии мо аст», - гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.
 
2.
Соли 1994 дар шаҳри Душанбе симпозиуми байналхалқӣ б а х ш и д а ба ҳазораи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ барпо гардид ва ҳайкали шоир қомат афрохт. «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ, ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонист» - Эмомалӣ Раҳмон.
 
3. Таҷлили бошукӯҳи 680-солагӣ (соли 1995) ва 700-солагии олим ва мутафаккири бузурги Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (соли 2015) ва баргузории як идда конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон. «Пос доштани хотираи бузургоне мисли Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дигар шахсиятҳои нотакрори илму адабамон набояд фақат ба хотири ифтихору болидан бошад.
 
Дар ҳамон сурат эҳтироми бузургонамонро ба ҷо меорем, ки осори онҳоро омӯзем, фарзандонамонро  дар рӯҳияи таълимоти онҳо тарбия кунем, фармудаҳои онҳоро дастури амал қарор диҳем, то ки дар оянда ҳам аз байни халқи мо Рӯдакиҳо, Фирдавсиҳо, Бӯалиҳо, Хайёмҳо, Мир Сайидҳо ба воя расанду мо дар рушди тамаддуни башар саҳмгузор бошем», - зикр карда буд Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш ба ифтихори 680-солагии ин мутафаккир 4 сентябри соли 1995.
 
4. Соли 1996 дар Тоҷикистон 675-солагии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ таҷлил гардида, ба ин муносибат дар Хуҷанд муҷассамаи он шоири тавоно гузошта шуд. «Хуҷанд Камол ва Камол Хуҷанди худро машҳури ҷаҳон сохтаанд… Дарахти андешаҳои башардӯстонаи шайх Камол мисли дарахти зиндагӣ асрҳои аср сарсабзу устувор боқӣ хоҳад монд», - гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.
 
5.
Таҷлили бошукӯҳ аз 90-умин солгарди академик Бобоҷон Ғафуров ва бознашри асари безаволи ӯ «Тоҷикон» бо сифати баланд ва пешгуфтори Эмомалӣ Раҳмон (1998). «Бобоҷон Ғафуров ва тоҷику Тоҷикистон мафҳумҳои аз ҳам ҷудонашавандаанд» - Эмомалӣ Раҳмон.
 
6. Соли 1999 ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён барпо гардид. Бахшида ба ҳамин ҷашн муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва аксари навоҳии кишвар қомат афрохт. «Давлати Сомониён барҳақ машъале буд, ки роҳи тамаддуну давлатдориҳоро дар давоми садсолаҳо мунаввар сохта, як давраи хеле пурбаракату мусоиди болоравӣ ва нақши ҷовидонаи миллати тоҷикро дар арсаи таърих фароҳам овард» - Э. Раҳмон.
 
7. Соли 1999 қалъаи таърихии Қӯрғон барқарор ва дар болояш осорхонаи кишваршиносии «Бибихонум» бунёд шуд. «Имрӯз дар шаҳри Қӯрғонтеппа на танҳо аз харобиҳои он даврони ноором осоре боқӣ намондааст, балки он дар натиҷаи заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстонаи мардум ва вусъат ёфтани созандагиву бунёдкорӣ нисбат ба солҳои пешин хеле ободу зеботар шудааст» - Э. Раҳмон.
 
8. Соли 1999 бо фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  ба сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ва академик Бобоҷон Ғафуров, соли 2001 ба Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода унвони олии давлатӣ - «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд. Инчунин акси онҳо дар рӯйи воҳиди пулӣ – сомонӣ низ ҷой гирифт.
 
9.
Таҷлили ҷашни бошукӯҳи 2500-солагии шаҳри бостонии Истаравшан. «Ин гӯшаи қадимаи сарзамини тоҷикон яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ буда, дар таърихи тӯлонии мавҷудияти худ як пораи сарнавишту саргузашти миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни моро нигаҳдорӣ ва ҳифз кардааст. Истаравшан ҳанӯз дар даврони салтанати Ҳахоманишиён маълум буда, дар давоми асрҳои зиёд борҳо таҳти тасарруф ва ҷабру харобкориҳои лашкари аҷнабиён қарор гирифтааст ва ҳар дафъа бо талошу мубориза ва заҳмати сангини фарзандони бонангу номусаш аз нав эҳё ва обод шудааст» - Э. Раҳмон. 10. Дарёфти муҷассамаи азими Буддо дар Аҷинатеппаи ноҳияи Вахш низ аз намоёнтарин рӯйдодҳои фарҳангии Тоҷикистон дар даврони истиқлол буд. Ҳоло ин ёдгории машҳуру камназири Тоҷикистон дар ошёнаи якуми  Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба  намоиш гузошта шудааст, ки аҳли илми ҷаҳон ба ин ёдгории таърихӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
 
11. Соли 2006 2700 - солагии Кӯлоби бостонӣ дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил гардид. Дар доираи ин ҷашн дар Кӯлоб садҳо иншооти бузурги таърихӣ, меъморӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ бунёд шуданд.
 
12. Соли 2008 бо қарори ЮНЕСКО ҷомеаи фарҳангии ҷаҳон 1150-солагии фарзанди арҷманди халқи тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро таҷлил намуд. Ҳар сол дар Тоҷикистон 22-уми сентябр Рӯзи Рӯдакӣ қайд мешавад. Инчунин калонтарин воҳиди пулӣ – 500 сомонӣ низ бо акси Рӯдакии бузург муаррифӣ мегардад. Мақбараи Рӯдакӣ дар Панҷакент аз нав барқарор гардид. «Рӯдакӣ натанҳо шаклу мазмуни назми тоҷикро ба такомул расонид, балки бо эҷодиёти ғанӣ, гаронбаҳо ва нотакрори худ ба сабки хуросонӣ ибтидо гузошт, ки онро сабки Рӯдакӣ ҳам мегӯянд. ӯ ҳамчунин асоси адабиёти тоҷик ва гузашта аз он, бунёди тамоми адабиёти форсизабонро устувор кард» - Э. Раҳмон.
 
13. Соли 2009 бо ибтикори ва пешниҳоди Тоҷикистон Наврӯз бар асоси қарори Созмони Милали  Муттаҳид чун ҷашни ҷаҳонӣ эътироф гардид. «Ин иқдом аз бузургиву шаҳомати Наврӯз, ки аз ин пас доманаи анъанаву оинҳои он чун васлгари тамаддунҳо ва халқу кишварҳо густариш хоҳад ёфт, ба таври возеҳ шаҳодат медиҳад» - Э. Раҳмон.
 
14. Соли 2009 дар Тоҷикистон 1310-солагии Имоми Аъзам – асосгузори мазҳаби ҳанафия, ки аксари кулли мардуми кишвар аз он пайравӣ мекунанд, таҷлил шуд. Дар доираи ин ҷашн конфронсҳои байналмилалӣ бо иштироки меҳмонон аз хориҷи кишвар баргузор шуд. Бахшида ба ин ҷашн китобҳои зиёде рӯйи чоп омад. Инчунин Қуръони маҷид бо хати кириллӣ чоп ва дастраси мардум гардид.
 
15. Соли 2009 Қонуни нави забони давлатӣ қабул гардид. Минбаъд ҳар сол 5 октябр чун Рӯзи забони давлатӣ дар Тоҷикистон қайд мешавад. “Хусусан имрӯз дар раванди ҷаҳонишавӣ мо бояд забону фарҳанги худро ҳамчун неъмати бузург эҳтиёт карда, онро аз таъсиру таҳдидҳои замона эмин дорем” – Э. Раҳмон.
 
16.
Милаи Парчами давлатии Тоҷикистон бо дарозии 165 метр дар маркази шаҳри Душанбе қомат афрохт, ки ба дарозии худ дар ҷаҳон камназир аст. Ин рӯйдод ба китоби рекордҳои Гиннес дохил гардид.
 
17. Соли 2012 бинои муҳташами Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо технологияи муосир дар шакли замонавӣ ба истифода дода шуд. «Рӯзе, ки хишти нахустини Китобхонаи миллӣ гузошта шуд, мо онро дар кишвар ҳамчун Рӯзи китоб эълон кардем. Агар таваҷҷуҳ карда бошед, қисмати байни бино ду саҳифаи бозшудаи китобро акс менамояд ва ин гувоҳ аст, ки аз ҳамин рӯз сар карда дарҳои Китобхонаи миллии мо ба рӯи дӯстдорони китоб ва ҷӯяндагони илму дониш ҳамеша боз хоҳанд буд» - Э. Раҳмон.
 
18. Соли 2013 Осорхонаи миллии Тоҷикиситон тибқи меъёрҳои муосир бино гардида, бо маҷмааи бошукӯҳ ва назаррабои Қасри миллат, Парчам ва Нишони давлатӣ, Китоб хонаи миллӣ, муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ ва Рӯдакӣ омезиш ёфта, ҳусни пойтахт ва ин майдони бузургро боз ҳам зеботар гардонид.
 
19. Бо фармони Президенти кишвар 30-уми сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ эълон гардид. Сарвари давлат ба рамзи гиромидошти ин орифи бузург ба зиёрати оромгоҳи Румӣ ба шаҳри Қунияи Туркия сафар кард. Қуния ва Қӯрғонтеппа бародаршаҳр эълон гардиданд ва ноҳияи Колхозободи вилояти Хатлон ба номи Ҷалолиддини Румӣ гузошта шуд.
 
20. Бо ибтикори Президенти Тоҷикистон ҳамоиши байналмилалии иҷрокунандагони мусиқии классикии “Шашмақом” баргузор шуда, санаи 1150-солагии асосгузори адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллои Рӯдакӣ ба феҳристи ҷашнҳои ЮНЕСКО, шаҳраки қадимаи Саразм ба феҳристи муссавараҳои мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Бо таваҷҷуҳ ба ин нукта моҳи августи соли 2013 Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг бо камоли мамнуният Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо медали ҷашнии "60-солагии ЮНЕСКО" сарфароз гардонид.
  
21. Соли 2014 90-умин солгарди мақоми пойтахтро гирифтани шаҳри Душанбе таҷлил шуд. Дар доираи ин ҷашн иншоотҳои азими таърихӣ, маъмурӣ, тиҷоратӣ ва иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Даҳ сол пеш 80- солагии пойтахт таҷлил гардида буд.
 
22. Соли 2014 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор гардид. Қобили зикр аст, ки ноҳияи Хоҷамастон ба гиромидошти Абдураҳмони Ҷомӣ номи ин шоирро гирифтааст. «Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун шоир, донишманд ва орифи номӣ ғайримантиқӣ ва беасосу далел будани тафриқаҳои миёни шиъаю суннӣ ва дигар мазҳабу равияҳои диниро бо далелҳои мантиқӣ ва шаръӣ исбот намуда, ба ҳама чиз аз рӯи ақлу дониш ва риояти ҳадди эътидол менигарист ва аз ҳамин дидгоҳ баҳо медод» - Э. Раҳмон.
 
23. Дар ин давра шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб Пойтахти фарҳангии кишварҳои узви ИДМ эълон гардиданд. «Бо тантана ҷараён доштани тадбирҳои бахшида ба Пойтахти фарҳангии кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил эълон гардидани шаҳри Кӯлоб гувоҳи пуштибонии самимонаи сокинони шаҳри Кӯлоб аз сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати кишвар мебошанд» - Эмомалӣ Раҳмон.
 
24. Таҷлили 3000 - солагии Ҳисори шодмон дар сатҳи байналмилалӣ дар соли 2015. Бояд гуфт, ки дар доираи барпо гардидани ин ҷашнҳо чандин иншоот ба истифода дода шуда, якчанд китобҳо ба чоп мерасанд. Осорхона ва мавзеъи таърихӣ – Қалъаи Ҳисор бозсозӣ шуданд.
 
Ҳангомаи ИСМАТ,
мудири шуъбаи адабиёт ва фарҳанги «Хатлон»
 
сешанб е, 8 сентябри соли 2015, №35 (3024

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода