Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Таҷлили иди касбии ворисони Сино дар шаҳри Бохтар


Таҷлили иди касбии ворисони Сино дар шаҳри Бохтар




Ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ нимаи дуюми имрӯз дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ҷамъомади идона баргузор гардид.

Нахуст, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ҳайати ҳамроҳонаш аз намоиши дастовардҳои соҳаи тандурустии вилоят, таҷҳизоту асарҳои тиббӣ дидан намуданд.

Пасон, дар толори театр Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода паёми табрикии худро ироа намуда, аҳли толорро, ки аксаран ходимони муассисаҳои тиббии вилоятанд, ба ифтихори иди касбиашон шодбош гуфтанд.

Дар сухани табрикии худ раиси вилоят таъкид намуданд, ки соҳаи тандурустӣ ҳамчун самти асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ пешрафти бузург намуда, бо биноҳои замонавӣ, таҷҳизоти муосир, табибони таҷрибадору соҳибтахассус таъмин гардида, вазъи хизматрасонии тиббӣ рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

Қайд гардид, ки ифтитоҳи Маҷмааи дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ноҳияи Қубодиён, Беморхонаи вилоятии сироятӣ дар ноҳияи Данғара, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани марказҳои ташхисию таълимии тиббӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Данғара, Вахш, Кӯшониён, Ёвон, Ховалинг бори дигар аз дастгириҳои Роҳбарияти олии сиёсии кишвар дар самти рушди соҳаи тиб гувоҳӣ медиҳад.

- Табибони вилояти Хатлон дар баробари пизишкони ҷаҳон дар пешорӯи бемории сирояти нав коронавирус қаҳрамонона истодагарӣ намуда, шабу рӯз баҳри ҳифзи сиҳатии мардум мубориза бурда, намунаи баланди ватандӯстиву инсондӯстӣ нишон доданд ва садоқати худро ба касби интихобнамудаашон исбот карданд, - идома доданд раиси вилоят. - Ба ҳар яки онҳо изҳори сипосу миннатдорӣ менамоям.
Ба ифтихори ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёди 909 иншооти соҳа, аз ҷумла 62 беморхона, 95 маркази саломатӣ, 287 бунгоҳи тиббӣ, 40 таваллудхона, 273 дорухона ва 152 нуқтаи хатна ба нақша гирифта шудааст.

Ба ҳолати 1 августи соли 2021, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 890 адад иншооти соҳа мавриди истифода қарор гирифтааст, ки ба мардум хизмати хуби тиббӣ мерасонанд.

Ҳамзамон ёдовар бояд гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 19 иншооти соҳаи тиб, аз ҷумла бинои Маркази вилоятии стоматологӣ, бинои Маркази перинаталии Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов дар шаҳри Бохтар, беморхона барои 20 кат ва шуъбаи таваллудӣ дар ноҳияи Фархор, 2 маркази саломатӣ дар ноҳияи Темурмалик ва ба ин монанд ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд.

Дар идома муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусамадзода суханронӣ карда, аз ҷумла зикр намуд, табибони Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба қайд гирифтани сирояти коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат ба ҳайси як лашкари бузург бар зидди ин беморӣ мубориза бурданд ва бурда истодаанд.

Муовини вазир кулли кормандони соҳаи тандурустии вилоятро ба Рӯзи касбияшон муборакбод гуфта, таъкид намуд, ки ҳар як табиб бояд дар касби хеш масъулиятшинос ва серталаб бошад ва ҳамчун вориси арзандаи Ибни Сино - нобиғаи давру замон дар таъмини солимии аҳолӣ саҳми арзишманди хешро гузорад.

Дар қисмати дувуми ҷамъомади тантанавӣ ба чанде аз табибони ҳозиқ Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон "Ворисони Сино" тақдим карда шуд. 
Номзади илми тиб Ҷӯрахон Саидов аз шаҳри Бохтар, табиби комбустиологии Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бурӣ Воҳидов Саъдӣ Ойматов, роҳбари Маркази ташхисию табобатии "Акси Шифо" Олимҷон Пулатов, табиби вирусологи озмоишгоҳи бемориҳои сироятии бениҳоят хавфноки Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят Садафмо Амиршоева, роҳбари муассисаи кумаки аввалияи тиббии шаҳри Бохтар Фарҳод Исозода барандагони ин ҷоиза гардида, ҳар яке бо 5 ҳазор сомонӣ мукофот қадрдонӣ карда шуданд.
Инчунин аз ҷониби раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба як қатор табибон ва кормандони соҳаи тиби шаҳру навоҳии вилоят, ки фаъолияти пурмаҳсул ва ибратомӯз доштанд, Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим карда шуд. 
Ҳамзамон, имрӯз озмуни вилоятии «Беҳтарин муассисаи тиббии сол», «Беҳтарин табиби сол», «Беҳтарин корманди миёнаи тиббии сол» ва «Беҳтарин дастоварди соҳаи тиб дар вилоят» ҳамасола натиҷагирӣ карда шуд, ки барои ҳар як номинатсия 5000 сомонӣ мукофот муқаррар гардидааст.

Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамасола 18 август дар сартосари кишвар нишонаи қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба хизмати ворисони Синои бузург мебошад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода