Тамошои Баҳри Хазар
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Президент / Хабарҳо, Боздид 863
Нимаи дуюми рӯзи 5 август дар шаҳри Туркманбошӣ дар доираи сафари давлатӣ дар Туркманистон ва дар ҳошияи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ - Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар мавзеъҳои наздисоҳилӣ ва дар баҳри Хазар сайругашт карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбаладии Сарвари кишвари мизбон - Президенти Туркманистон аз имкониятҳои сайёҳии мавзеи Авазаи шаҳри Туркманбошӣ, аз ҷумла иншооти варзишӣ, минтақаҳои туристӣ ва тавассути киштӣ аз баҳри Хазар боздид ба амал оварданд.
Бояд гуфт, ки сафари давлатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Туркманистон, Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дар ҳошияи вохӯрӣ баргузор гардидани Форуми иқтисодии кишварҳои Осиё Марказӣ барои рушду густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ заминаи мусоидро фароҳам овард.