АРҶГУЗОРӢ БА ҚАҲРАМОНОНИ МИЛЛАТ ДАР ОРОМГОҲИ«ЛУЧОБ»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 27
![]()
Ҳайати кормандони идораи рӯзномаи «Хатлон» ба оромгоҳи «Лучоб»-и шаҳри Душанбе сафар намуда, ба рӯҳи Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад як каф дуо карданд.
Зимни ин боздид ҳайати кормандон бо эҳтиром ва арҷгузорӣ аз хизматҳои фарзандони фарзонаи миллат Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад ёдовар гардида, ба сари мазорашон гул гузоштанд. Таъкид шуд, ки пос доштани хотираи абармардони миллат ва гиромидошти корномаҳои қаҳрамонон яке аз арзишҳои муҳими миллӣ ба шумор меравад.
Носирҷон Маъмурзода, сармуҳаррири рӯзномаи"Хатлон" иброз дошт, ки қаҳрамонони Тоҷикистон бо ҷоннисорӣ, хизматҳои содиқона ва саҳми арзандаи худ дар роҳи ҳифзи давлату миллат дар саҳифаҳои таърих номи неке боқӣ гузоштаанд. Аз ин рӯ, арҷгузорӣ ба хотираи онҳо барои насли имрӯз ва фардо сабақи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад.
Ин иқдом дар фазои эҳтирому самимият баргузор гарди-да, ҳамчун нишонаи қадршиносӣ аз хизматҳои фарзандони барӯманди Ватан арзёбӣ шуд.
Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...