Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ИБНИ СИНО БУНЁДГУЗОРИ ПОЙДЕВОРИ ИЛМИ ҲАЗОРСОЛАИ МОСТ


ИБНИ СИНО БУНЁДГУЗОРИ ПОЙДЕВОРИ ИЛМИ ҲАЗОРСОЛАИ МОСТ




Таъсиси  Ҷоизаи  байналмилалии  Абӯалӣ  ибни  Сино  дар соҳаи тиб ташаббуси навбатии бесобиқа  ва  ҳувиятсози  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  буда,  оғози  марҳилаи нави  эътирофи  илми  тибби тоҷик  дар  арсаи  байналмилалӣ маҳсуб мешавад.

23 май Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб дар асоси фармони  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  бо  мақсади арҷгузорӣ ба саҳми фарзанди бузурги миллати тоҷик Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тандурустӣ ва рушди илми тиб дар арсаи ҷаҳон таъсис дода шуд. Ташаббуси навбатии Пешвои миллат оид ба таъсиси Ҷоизаи байналмилалии  Абӯалӣ  ибни  Сино  дар соҳаи  тиб  иқдоми  муҳим  ва  арзишманд дар сатҳи байналмилалӣ буда, барои муаррифии мероси илмии ин нобиғаи тоҷик ва рушди илми тиб нақши муассир мегузорад. Дар осори илмии Абӯалӣ ибни Сино масъалаҳои  саломатӣ,  беҳдошт,  фалсафа, муҳити зист ва пешгирии бемориҳои сироятӣ ҷойгоҳи муҳим доранд. Назария ва тавсияҳои амалии ӯ то имрӯз аҳаммияти илмии  худро  нигоҳ  дошта,  тавассути усулҳои  муосир  тасдиқ  гардидаанд.  Аз ин рӯ, Ибни Сино имрӯз низ ҳамқадами ҷомеаи башарӣ ба шумор меравад.


Таъсиси  Ҷоизаи  байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар роҳи муаррифии илми  тибби  тоҷик  ва  бузургдошти  фарзандони фарзонаи миллат боз як иқдоми камназир  мебошад.  Ин  ҷоиза  барои қадрдонии шахсоне пешбинӣ шудааст, ки дар рушди тандурустӣ ва илми тиб саҳми назаррас мегузоранд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси ин ҷоиза аз таваҷҷуҳи пайваста ба рушди соҳаи  тандурустӣ  ва  дастгирии  олимони соҳаи  тиб  шаҳодат  медиҳад.  Ин  иқдом аҳамияти  таърихии  тибби  тоҷикро  бозгӯ намуда, барои ҳалли мушкилоти муосири тандурустии  ҷаҳонӣ  низ  мусоидат  хоҳад намуд. Ба ҷоизаи мазкур шахсоне мушарраф мегарданд, ки дар рушди соҳаи тандурустии  байналмилалӣ  ва  илми  тибби ҷаҳонӣ саҳми барҷаста гузоштаанд.


Ин  иқдом  идомаи  мантиқии  сиёсати  фарҳангпарварона  ва  ҳувиятсози  давлат аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби  Пешвои  миллат  пайгирона  амалӣ мегардад. Агар дар солҳои аввали истиқлол масъалаи  асосӣ  ҳифзи  давлат  ва  таъмини суботи сиёсӣ буд, имрӯз Тоҷикистон ба марҳилае расидааст, ки метавонад бо такя ба мероси илмиву фарҳангии хеш дар ташаккули фазои нави илмии ҷаҳон саҳмгузор бошад.


Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни  Сино  дар  соҳаи  тиб,  пеш  аз  ҳама, эътирофи мақоми яке аз бузургтарин фарзандони миллати тоҷик ҳамчун рамзи хирад,  инсонгароӣ  ва  тамаддуни  башарист. 


Аз нигоҳи мо, ҳадафи Пешвои миллат аз роҳандозии ин ташаббус нишон додани он аст, ки Тоҷикистон мероси гаронбаҳои гузаштагони худро пос дошта, онро ҳамчун василаи рушди ҷомеаи муосир ва муаррифии давлат дар сатҳи байналмилалӣ истифода мебарад.


Дар  Фармони  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъкид  шудааст: «Бо  мақсади эътирофи дастовардҳои бузург дар соҳаитиб, Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис дода шавад». 


Ин суханон дорои маънои амиқи сиёсӣ ва фарҳангӣ  мебошанд.  Дар  ҷаҳони  муосир ҳар миллат барои бақои худ бояд арзишҳои тамаддунии хешро ба ҷаҳон муаррифӣ карда тавонад. Тоҷикистон бо такя ба шахсияти ҷаҳонии Абӯалӣ ибни Сино бори дигар собит месозад, ки миллати тоҷик дар ташаккули тамаддуни башарӣ саҳми бузург дорад.


Дар  солҳои  соҳибистиқлолӣ  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи мероси таърихиву фарҳангии миллат корҳои азимеро анҷом доданд. Ин сиёсати фарҳангсоз ва миллатсоз аз эҳёи ҷашнҳои миллӣ то гиромидошти шахсиятҳои бузурги таърихиро дар бар мегирад. Осори илмӣ ва таърихии Пешвои миллат, аз ҷумла китобҳои  «Тоҷикон дар ойинаи таърих», «Забон миллат- ҳастии  миллат» ва «Чеҳраҳои  мондагор» далели  равшани  таваҷҷуҳи  амиқи Роҳбари давлат ба ҳифзи ҳофизаи миллӣ мебошанд.  Дар  китоби «Чеҳраҳои  мондагор» Пешвои миллат Абӯалӣ ибни Синоро «мутафаккири  абадзинда» номида,  саҳми ӯро  дар  рушди  тамаддуни  башарӣ  махсус таъкид намудаанд. “Ба шарофати осори абадзиндаи хеш Ибни Сино имрӯз низ ҳамзамон  ва  ҳамқадами  ҷомеаи  башарӣ мебошад. Зеро ҳикмате, ки инсонро бо роҳи рост ва худшиносии воқеӣ ҳидоят мекунад,  бо гузашти замон моҳият ва арзиши бештар пайдо мекунад... Ибни Сино парчамбардори бедории афкори миллӣ ва бунёдгузори пойдевори илми ҳазорсолаи мост”, - омадааст дар китоби“Чеҳраҳои мондагор”.


Воқеан, бузургонро бузургон зинда медоранд. Агар шахсияте мисли Ибни Сино
ҳазор сол қабл бо ақлу хирад ва осори илмии худ ҷаҳониёнро тасхир карда бошад, 
имрӯз сиёсати фарҳангии Пешвои миллат боис гардидааст, ки номи ин алломаи тоҷик дубора  бо  шукӯҳу  шаҳомати  бештар  дар сатҳи байналмилалӣ садо диҳад.


Дар  солҳои  истиқлол  ба  номи  Абӯалӣ ибни Сино кӯчаҳо, муассисаҳо, донишгоҳҳо ва  марказҳои  илмӣ  гузошта  шуда, муҷассамаи барқади ин нобиғаи тоҷик дар яке аз хиёбонҳои марказии пойтахт қомат афрохтааст. Аз он ҷумла, Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва яке аз ноҳияҳои шаҳри Ду-шанбе номи Абӯалӣ ибни Синоро доранд. Ҳамчунин, ҳар сол 18 август- рӯзи таваллуди ӯ ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҷашн гирифта мешавад.


Симпозиумҳои байналмилалӣ доир гардида, осори Сино таҳқиқ ва нашр мешаванд. 
Таъсиси Маркази синошиносӣ дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ аз  ҷумлаи  иқдомҳои  муҳими  давлат  дар самти  омӯзиши  мероси  ин  нобиға  мебошад. Яке аз дастовардҳои муҳими замони Истиқлоли давлатӣ рушди синошиносӣ мебошад.  Маркази  синошиносии  Академияи миллии  илмҳои  Тоҷикистон  дар  омӯзиш, тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино корҳои бузург  анҷом  додааст.  Тибқи  маълумоти муҳаққиқон, қисми зиёди осори боқимондаи Ибни  Сино  тарҷума  ва  нашр  шудаанд. 


Симпозиумҳои байналмилалӣ доир гардида, муҳаққиқони хориҷӣ низ ба омӯзиши мероси ӯ таваҷҷуҳ доранд. Яъне, Тоҷикистон имрӯз  ба  маркази  воқеии  омӯзиши  мероси Ибни Сино табдил ёфтааст. Ҳамаи ин тадбирҳо  нишон  медиҳанд, ки  эҳёи  номи Ибни Сино танҳо як амали рамзӣ набуда, он сиёсати фарогири давлатӣ барои таҳкими худшиносии миллӣ ва боло бурдани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон мебошад.


Шайхурраис дар деҳаи Афшанаи Бухоро ба дунё омада, аз овони ҷавонӣ истеъдоди  фавқулодаи  худро  нишон  дод.  Дар синни  даҳсолагӣ  Қуръонро  аз  худ  намуд ва  то  синни  ҳабдаҳсолагӣ  ҳамчун  табиби ҳозиқ шуҳрат пайдо кард. Маҳз дониш ва қобилияти нодири ӯ буд, ки ҳатто амирону  подшоҳони  замон  барои  табобаташ муроҷиат мекарданд.


Асари машҳури ӯ «Ал-Қонун фи-т-тиб»  садсолаҳо ҳамчун китоби асосии тиббӣ дар донишгоҳҳои Аврупо истифода мешуд. Ин китоб маҷмӯи таҷрибаи тиббии замон, балки низоми мукаммали ташхис, табобат ва ахлоқи пизишкӣ мебошад. Ибни Сино илми тибро аз доираи таҷрибаи одӣ ба сатҳи назарияи илмӣ баровард. Ӯ аҳамияти муҳити зист, ғизо, ҳолати равонӣ ва тарзи зиндагиро дар саломатии инсон таъкид мекард. Бисёре аз андешаҳои ӯ имрӯз низ аҳамияти илмии худро гум накардаанд.


Бояд  таъкид  кард,  ки  Абӯалӣ  ибни Сино танҳо ба табобати ҷисм таваҷҷуҳ надошт. Ӯ инсонро ҳамчун мавҷуди муракка-би ҷисмонӣ ва маънавӣ меомӯхт. Аз ҳамин ҷост, ки осори ӯ на фақат барои табибон,  ҳамчунин, барои файласуфон, равоншиносон ва муҳаққиқони соҳаҳои гуногун низ арзишманд аст.


Асари«Ал-Қонун  фи-т-тиб»  яке  аз муҳимтарин китобҳои илмии таърихи инсоният ба ҳисоб меравад. Ин асар дар панҷ ҷилд  таълиф  шуда,  тамоми  донишҳои тиббии  давраи  худро  фаро  мегирад.  Дар «Қонун» Ибни Сино масъалаҳои анатомия, физиология, ташхис, дорушиносӣ, ҷарроҳӣ  ва пешгирии бемориҳоро бо низоми илмӣ шарҳ медиҳад. Вай бисёр усулҳои табобатеро пешниҳод кардааст, ки баъдан дар тибби муосир асос пайдо намуданд. Ҷолиб он аст, ки баъди тарҷума ба забони лотинӣ ин китоб қариб ҳашт аср дар донишгоҳҳои Аврупо ҳамчун дастури асосии тиб истифода шуд. Ин далели он аст, ки тафаккури илмии Ибни Сино аз замони худ садсолаҳо пештар буд. Ҳангоми ихтирои чопи китоб дар Аврупо яке аз аввалин китобҳое, ки ба нашр расид, маҳз «Қонуни тиб» буд. Ин худ нишон медиҳад, ки ҷомеаи илмии ҷаҳон ба осори ин нобиға чӣ гуна арҷ мегузошт.


Ҳангоми сухан гуфтан дар бораи Абӯалӣ ибни Сино бояд дарк кард, ки сухан танҳо дар бораи як табиб намеравад. Ӯ энсиклопедисти воқеӣ, донишманде буд, ки қариб тамоми соҳаҳои илми замони худро фаро гирифтааст.  Осори  ӯ  дар  соҳаҳои  фалсафа,  мантиқ,  риёзиёт,  физика,  кимиё,  мусиқӣ,  равоншиносӣ,  нуҷум,  адабиёт  ва табиатшиносӣ  низ  аҳамияти  бузург  доранд. Дар китобҳои«Шифо» ва«Наҷот» ӯ масъалаҳои сохтори олам, ҳаракати ҷирмҳо, табиати модда ва қонунҳои ҳастиро таҳлил кардааст. Баъзе аз назарияҳои ӯ имрӯз низ бо илмҳои муосир ҳамоҳанганд. Масалан,  ӯ дар бораи пайдоиши кӯҳҳо, таъсири заминларза, сохтори маъданҳо ва тағйироти табиӣ  андешаҳои  ҷолиб  пешниҳод  кардааст. Дар соҳаи дорушиносӣ низ Ибни Сино садҳо гиёҳ ва моддаҳои табобатиро тавсиф намудааст. Маҳз ҳамин фарогирии илмӣ ӯро ба яке аз чеҳраҳои нодири таърихи башар  табдил додааст.


Имрӯз ҷаҳон ба илмҳое бештар ниёз дорад, ки ба ҳифзи инсон ва саломатии ӯ хиз-мат мекунанд. Пандемияҳо, бемориҳои нав, таҳдидҳои экологӣ ва мушкилоти равонӣ нишон доданд, ки тиб на танҳо як соҳаи касбӣ, балки омили муҳими амнияти ҷомеа мебошад. Аз ин ҷост, ки таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб аҳамияти махсус дорад. Ин ҷоиза метавонад донишмандон, табибон, муҳаққиқон ва ихтироъкорони соҳаи тибро ба корҳои нави илмӣ  ҳавасманд  намояд.  Иқдоми  мазкур Тоҷикистонро ба яке аз марказҳои муҳими гуфтугӯи  байналмилалӣ  дар  масъалаҳои тиб ва илм табдил медиҳад. Ҷоизае, ки ба номи Абӯалӣ ибни Сино таъсис ёфтааст, метавонад дар оянда ба яке аз муътабартарин ҷоизаҳои илмии минтақа ва ҷаҳон табдил ёбад. Нишотбахш аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат танҳо бо пешбурди масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ маҳдуд нашуд. 


Давлат ба рушди илм, маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуд. Бунёди муассисаҳои нави илмӣ,  рушди донишгоҳҳо, дастгирии олимон ва баргузор намудани форумҳои байналмилалӣ далели ин гуфтаҳост. Имрӯз Тоҷикистон бо ташаббусҳои ҷаҳонии худ дар масъалаҳои об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо шинохта мешавад.  Акнун таъсиси ҷоизаи байналмилалӣ ба номи Абӯалӣ ибни Сино метавонад ҷойгоҳи кишварро ҳамчун давла-ти фарҳангӣ ва илмпарвар боз ҳам мустаҳкам намояд.


Тавре мегӯянд, агар миллат аз гузаштагони бузурги худ дур шавад, тадриҷан мета-вонад ҷойгоҳи худро дар тамаддуни ҷаҳонӣ аз даст диҳад. Аз ҳамин ҷост, ки таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино аҳамияти бузурги маънавӣ дорад. Ин ҷоиза барои табибон чӣ, ки барои тамоми ҷомеаи тоҷик  рамзи  ифтихор  мебошад.  Хосатан, ҷавонони тоҷик бояд бо ҳисси баланди ифтихор қабул намоянд, ки онҳо ворисони тамаддуне ҳастанд, ки Ибни Сино, Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Хайём ва садҳо донишманди дигарро ба ҷаҳон додааст. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд,  ки  танҳо  илм  метавонад  пеши  роҳи ҷаҳолат ва хурофотро бигирад. Ин андеша имрӯз  аҳамияти  бештар  пайдо  кардааст. 


Дар фазои рақамии иттилоот, ки маълумоти бардурӯғ, хурофот ва ифротгароӣ паҳн мешавад, омӯзиши мероси илмии Ибни Сино метавонад ҷомеаро ба тафаккури илмӣ ва хирадгароӣ раҳнамоӣ намояд. Ибни Сино худ гуфта буд: «Таассуб дар донишу фалсафа нишонаи хомӣ ва бемоягӣ аст». Ин суханон имрӯз низ аҳамияти бузург доранд.


Имрӯз кишварҳои пешрафта барои муаррифии шахсиятҳои таърихии худ маблағҳои
зиёд сарф мекунанд. Мо низ бояд аз мероси бузурги ниёгони худ ба таври васеъ истифода намоем. Абӯалӣ ибни Сино аз ҷумлаи беҳтарин  фарзандони  фарзонаи  миллати мо, балки чеҳраи тамаддуни ҷаҳонӣ аст.


Таъсиси  ҷоизаи  байналмилалӣ  метавонад  таваҷҷуҳи  муҳаққиқон,  донишгоҳҳо
ва  марказҳои  илмии  ҷаҳонро  бештар ба  Тоҷикистон  ҷалб  намояд.  Ин  иқдом ҳамзамон метавонад ба рушди дипломатияи фарҳангӣ ва илмии Тоҷикистон мусоидат кунад.  Яъне,  Ҷоизаи  Сино  гувоҳи  он  аст, ки Тоҷикистон ҷонибдори илму маърифат,  сулҳ,  инсонпарварӣ  ва  рушди  тамаддун мебошад.  Бахусус,  дар  замоне  ки  ҷаҳон бо  низоъҳо,  буҳронҳо  ва  мушкилоти  нав рӯ ба рӯст, арҷгузорӣ ба шахсияте мисли Ибни Сино, ки тамоми умри худро ба ҳифзи саломатӣ ва тарбияи рӯҳи инсон бахшидааст, аҳамияти махсус дорад.

Ҳамин  тавр,  Фармони  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  бораи  таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб воқеан як рӯйдоди муҳими таърихӣ ва фарҳангӣ буда, ин иқдом рамзи арҷгузорӣ ба нобиғаи ҷаҳонӣ, қадами устувор дар роҳи таҳкими ҳувияти миллӣ, рушди илм ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ  мебошад.  Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин ташаббуси хирадмандона бори дигар собит намуданд, ки сиёсати давлатӣ бояд бар пояи худшиносӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва дастгирии илм устувор бошад. Зеро маҷрои пешрафти миллат маҳз аз роҳи  илм,  маърифат, хирад  ва  худшиносӣ мегузарад.

Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
«Хатлон»


Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода