Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 34
![]()
Ҳамватанони арҷманд!
Волидайни муҳтарам!
Кӯдакону дӯстрӯякони азиз!
Имрӯз дар кишвари маҳбуби мо чун дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад.
Ба ин муносибат ҳамаи Шуморо самимона табрик гуфта, ба ҳар як кӯдаки хушбахту толеъбаланди кишвар саломатии комил, иқболи нек ва соҳиби донишу маърифати баланд гардиданро орзу менамоям.
Кӯдакон сарвати гаронбаҳо ва ояндаи дурахшони миллат маҳсуб ёфта, Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таваҷҷуҳ ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон, барои рушду инкишоф, таълим ва камолоти шоистаи онҳо заминаҳои мусоиди ҳуқуқиро муҳайё намудааст.
Таҳти таваҷҷуҳи бевосита ва ғамхории падаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар барномаҳои ҳадафманд дар бахшҳои ҳифзи ҳуқуқ, солимӣ, тавонбахшӣ, таҳсилоти босифат ва рушди зеҳнию маънавии кӯдакон бомувафаққият амалӣ гардида истодаанд.
Набояд фаромӯш созем, ки тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва илмомӯзӣ заминаи асосии рушди ҷомеаи солиму пешрафта ба шумор меравад.
Бо ифтихор аз насли соҳибмаърифат ва ояндасози кишвар бори дигар ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик гуфта, ба кулли кӯдакони мо овони ширини кӯдакӣ, рӯзгори пурнишот ва фардои дурахшонро дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллии Тоҷикистони азизамон орзу менамоям.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак, ҳамдиёрони азиз!
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...