МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА РИОЯИ МЕЪЁРҲОИ ОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 24
![]()
Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки роҳбарияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарону намояндагони ташкилоту муассисаҳо, фаъолони ҷомеа, омӯзгорон ва зиёиёни шаҳр ҳамоиш оид ба масъалаҳои рушди забони давлатӣ ва риояи меъёрҳои он баргузор гардид.
Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ҳифз ва рушди забони тоҷикӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон дар истифодаи дурусти забони давлатӣ, риояи меъёрҳои имло ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ҳамоиши мазкур роҳандозӣ шуда, дар он доираи васеи масъалаҳои мубрами соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни баргузории ҳамоиш таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ва рукни муҳими давлатдорӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди фарҳанг, худшиносии миллӣ ва пешрафти ҷомеа нақши муассир дорад. Гуфта шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат барои рушди забони давлатӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуда, мақому манзалати он дар ҷомеа боз ҳам баланд гардидааст.
Намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳот зимни суханрониҳои худ оид ба вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», масъалаҳои вобаста ба риояи меъёрҳои забони адабӣ, истифодаи дурусти имло дар ҳуҷҷатгузорӣ, матбуот, шабакаҳои иҷтимоӣ ва лавҳаҳои иттилоотӣ ибрози назар намуданд. Таъкид карда шуд, ки ҳар як шаҳрванд бояд нисбат ба забони модарӣ эҳтиром гузошта, дар гуфтору навишт ба покиву беолоишии он аҳамияти ҷиддӣ диҳад.
Дар идомаи ҳамоиш масъалаи номгузории дурусти кӯчаву маҳаллаҳо, муассисаҳо, марказҳои хизматрасонӣ ва дигар иншоот мавриди муҳокима қарор гирифта, зикр шуд, ки номгузорӣ бояд дар асоси талаботи қонунгузорӣ, арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва меъёрҳои забони давлатӣ амалӣ карда шавад. Ҳамчунин ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳо тавсия дода шуд, ки навиштаҷот ва лавҳаҳои иттилоотиро мутобиқ ба талаботи имлои забони тоҷикӣ ба танзим дароранд.
Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки эҳтиром ба забони давлатӣ, риояи меъёрҳои он ва арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои ниёгон вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар буда, танҳо тавассути ҳамкории ҷомеа ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ метавон ба ҳифзу рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ мусоидат намуд.
Умарҷон Тошматов,
"ХАТЛОН"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...