НАМОИШНОМАИ “МЕТРАНПАЖ” БАҲРИ ҲАВОДОРОНИ САНЪАТ ПЕШКАШ ГАРДИД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 26
![]()
Дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар намоишномаи “Метранпаж” аз рӯи асари драматурги маъруф Александр Вампилов манзури тамошобинон гардид.
Намоишнома дар таҳияи коргардон Кароматулло Сафаров рӯи саҳна омада, бо иштироки ҳунармандони театр фазои гарму ҷолиби фарҳангиро ба вуҷуд овард. Ҳунармандон бо маҳорати баланди саҳнавӣ ва бозии таъсирбахш муҳтавои асарро ба тамошобинон расонида, масъалаҳои ахлоқӣ, муносибатҳои инсонӣ ва воқеиятҳои зиндагиро инъикос намуданд.
Дар ҷараёни намоиш ҳаводорони санъати театрӣ ва намояндагони ташкилоту муассисаҳои гуногун иштирок намуда, ба ҳунару истеъдоди аҳли театр баҳои баланд доданд.
Бояд гуфт, ки пешниҳоди чунин намоишномаҳо дар баланд гардидани завқи фарҳангии ҷомеа ва рушди санъати театрӣ нақши муассир мегузорад.
Н. САМАДЗОДА, "ХАТЛОН"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...