Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Тавсиянома


Тавсиянома




“Масъалаи таълиму тарбия марбут ба имрӯзу ояндаи ҳар яки мост. Аз ин рӯ, дар таълиму тарбияи насли наврас бояд заррае ба саҳлангорӣ роҳ надиҳем, серталаб бошем ва нисбат ба тақдири ояндаи фарзандонамон бо камоли масъулият муносибат намоем”.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

САРСУХАН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ҳамчун самти калидии рушди давлат ва ояндаи миллат таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, таълиму тарбияи наврасону ҷавононро яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеа арзёбӣ менамоянд.

Бо дастгирӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар саросари кишвар муассисаҳои нави таълимӣ бунёд гардида, шароити таҳсилу донишандӯзӣ беҳтар шуда, барои омӯзиши фанҳои муосир, аз худ намудани касбу ҳунар, технологияҳои иттилоотӣ ва рушди ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудаанд.

Пешвои маорифпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки ояндаи давлат аз сатҳи дониш, маърифат, ҳисси ватандӯстӣ ва ахлоқи ҷавонон вобастагии мустақим дорад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи наврасони соҳибилму соҳибкасб, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳифзи наврасон аз ҳар гуна омилҳои номатлуб вазифаи муҳими мактаб, оила, ҷомеа ва мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Дар замони рушди босуръати ҷаҳон ҳар як наврас бояд бо илму дониш, ахлоқи ҳамида, ҳисси баланди миллӣ ва эҳтиром ба қонун ҳамчун фарзанди содиқи Ватан ба камол расад. Аз ин лиҳоз, истифодаи босамари давраи таътили тобистона, ҷалби хонандагон ба китобхонӣ, касбомӯзӣ, варзиш ва корҳои созанда яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Ҳукумати кишвар ва соҳаи маориф ва илм ба шумор меравад.

Маҳз бо ҳамин мақсад Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо соҳаи маориф ва ҷомеа ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ миёни ноболиғон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими тарбияи наврасон ба ҳамаи хонандагон, падару модарон ва омӯзгорон муроҷиат менамояд:

Муҳтарам директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, омӯзгорон, падару модарони гиромӣ ва
хонандагони азиз!

Бо фаро расидани таътили тобистона масъалаи таълиму тарбияи наврасон, назорати рафтору фаъолияти онҳо ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ин қишри ояндасози ҷомеа аҳаммияти махсус дорад.

Таътили тобистона бояд барои ҳар як хонанда давраи истироҳати солим, китобхонӣ, варзиш, омӯзиши касбу ҳунар, рушди маънавию ҷисмонӣ ва омодагӣ ба соли нави таҳсил бошад.

Мутаассифона, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки маҳз дар давраи таътили тобистона баъзе наврасон аз беназоратии волидайн, атрофиён ва дигар фаъолони ҷомеа истифода намуда, ба муноқиша, авбошӣ, қонуншиканӣ, гаштугузори шабона, оворагардӣ ва дигар амалҳои номатлуб даст мезананд.

Боиси таъкиди махсус аст, ки ҳамчунин, ҳодисаҳои нохуш вобаста ба ғарқшавии наврасон ҳангоми оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда, бо худ гардонидани ашёҳои хатарнок ба монанди корд, кастет, электрошокер ва истифодаи онҳо, идора намудани воситаҳои нақлиёт аз ҷониби ноболиғон ва таъсири манфии баъзе бозиҳои компютерӣ боиси нигаронии ҷиддии мақомоти милитсия ҳамчун ниҳоди ваколатдор дар пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон гардидааст.

Бо назардошти ноил гардидан ба ҳадафҳои дарпешгузошташуда Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон чунин таъкид менамояд:

Муҳтарам хонандагон!

Шумо насли ояндасози кишвар ва ифтихори миллат мебошед. Аз рафтору интизом, фарҳанг, дониш ва масъулияти шумо обрӯи оила, мактаб ва ҷомеа вобаста аст. Аз ин лиҳоз, дар давраи таътили тобистона аз Шумо қатъиян талаб карда мешавад:

* Ба ҳар гуна муноқиша, занозанӣ, авбошӣ, гурӯҳбозӣ ва амалҳои зиддиқонунӣ роҳ надиҳед;

* Аз муошират ва ҳамроҳшавӣ бо шахсони дорои рафтори шубҳанок худдорӣ намоед;

* Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ одоби намунавӣ ва фарҳанги баланди инсониро риоя кунед;

* Аз истифодаи маводи нашъадор, ҳабҳои синтетикӣ, тамоку, нӯшокиҳои спиртӣ ва дигар одатҳои зараровар дурӣ ҷӯед;

* Дар мавзеъҳои мамнӯъ ва хатарнок оббозӣ накунед ва ҷони худу дӯстонатонро зери хатар нагузоред;

* Бо худ гардонидан ва гирифта гаштани корд, кастет, чӯбдаст, электрошокер ва дигар предметҳои ба сифати силоҳ истифодашаванда қатъиян манъ мебошад. Ин амал кирдори зиддиҳуқуқӣ ба ҳисоб рафта, метавонад боиси ҷавобгарии қонунӣ нисбати Шумо ва волидайнатон гардад;

* Ташриф овардан ва машғул шудани Шумо ба бозиҳои компютерӣ ба рӯҳу равонатон таъсири бад ва манфӣ расонида, оқибат метавонад Шуморо ба содир намудани ҷиноят ва дигар амалҳои номатлуб моил намояд. Аз ин лиҳоз, беҳуда сарф намудани вақт дар марказҳои бозиҳои компютерӣ тавсия дода намешавад;

* Идора намудани воситаҳои нақлиёт аз ҷониби Шумоён-хонандагони муассисаҳои таълимӣ қатъиян манъ буда, чунин амал метавонад сабаби рух додани садамаҳои нақлиётӣ ва талафоти ҷонӣ гардад. Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва бехатарии шахсиро риоя намоед;

* Ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва Интернет танҳо бо мақсадҳои муфид ва омӯзишӣ муроҷиат намуда, аз паҳн намудани маводи дорои хусусияти таҳқиромез, зӯроварӣ ва иғвоангез худдорӣ кунед;

* Аз тамошо ва паҳн намудани наворҳои дорои хусусияти дағалона, зӯроварӣ ва ғайриахлоқӣ дурӣ ҷӯед;

* Вақти холии худро ба китобхонӣ, омӯзиши забонҳо, технологияҳои муосир, варзиш, касбомӯзӣ ва корҳои фоиданок сарф намоед;

* Ба падару модарон, омӯзгорон ва калонсолон эҳтиром гузошта, шаъну шарафи мактаб ва оиларо ҳифз кунед;

* Ба арзишҳои миллӣ, забони давлатӣ, фарҳанги либоспӯшӣ ва одоби муоширати тоҷикона эҳтиром гузоред;

* Дар корҳои ободонӣ, тозагӣ ва корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намоед;

* Ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихор аз Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар худ таҳким бахшед;

* Гузаронидани маъракаҳои вобаста ба хатми мактаб, хатмкунандагон, ташкили зиёфатҳо, сайругаштҳои бемаврид ва маъракаҳои дабдабанок, ки ба талаботи қонунгузорӣ мухолиф мебошанд, қатъиян манъ аст;

Муҳтарам падару модарон!

Фарзанд амонати давлат ва ҷомеа дар назди Шумост. Таълиму тарбияи дуруст ва назорати фарзандон пеш аз ҳама вазифаи муқаддаси оила мебошад.

Бинобар ин аз Шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад:

* Рафтор, доираи дӯстӣ ва фаъолияти ҳаррӯзаи фарзандонро зери назорати ҷиддӣ қарор диҳед;

* Ба гаштугузори шабонаи фарзандон роҳ надиҳед;

* Аз истифодаи телефонҳои мобилӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва марказҳои бозиҳои компютерии фарзандон огоҳ бошед;

* Нагузоред, ки фарзандон дар ҷойҳои хатарнок ва манъшуда оббозӣ намоянд;

* Аз ҷониби фарзандон бо худ нигоҳ доштан ё истифода бурдани ашёҳои хатарнокро қатъиян назорат намоед;

* Ба идора намудани воситаҳои нақлиёт аз ҷониби ноболиғон роҳ надиҳед;

* Барои ҷалби фарзандон ба китобхонӣ, варзиш, омӯзиши касбу ҳунар ва корҳои ҷамъиятӣ мусоидат кунед;

* Дар фарзандон ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва масъулияти шаҳрвандиро тарбия намоед;

* Ҳангоми сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва ё сафарҳои дурудароз ба кишварҳои хориҷӣ ба масъалаи ҷалб гардидани фарзандони ноболиғи худ ба муассисаҳои расмии таълимӣ диққати асосӣ равона кунед. Зеро муҳити бегона, дур мондан аз назорати таълим ва тарбия, инчунин таъсири омилҳои гуногун метавонад ба рафтор ва тарбияи наврасон таъсири манфӣ расонад;

* Дар ҳолати мушоҳида намудани рафтори шубҳанок, беназоратӣ ё мушкилоти тарбиявӣ бо роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамкорӣ намоед.

Муҳтарам директорон ва омӯзгорон!

Бо назардошти гуфтаҳои боло ба роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон тавсия дода, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад:

* Пеш аз оғози таътили тобистона корҳои фаҳмондадиҳиро миёни хонандагон ва волидон пурзӯр намоед;

* Мунтазам ҷамъомадҳо, сӯҳбатҳо ва вохӯриҳо бо иштироки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ баргузор намоед;

* Бо хонандагони ба гурӯҳи хавф дохилшаванда ва оилаҳои онҳо корҳои инфиродӣ ба роҳ монед;

* Ҳамкориро бо кормандони милитсия, ки ба массисаҳои таълимӣ вобаст шудаанд, ҳамчунин нозирони хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони мақомоти милитсия, раисони маҳалла ва фаъолони ҷомеа тақвият бахшед;

* Барои ҷалби хонандагон ба маҳфилҳои варзишӣ, фарҳангӣ, озмунҳо ва чорабиниҳои омӯзишӣ мусоидат намоед;

* Дар давраи таътил низ иртиботро бо хонандагон ва волидон нигоҳ дошта, вазъи интизомии онҳоро пайгирӣ кунед;

* Соатҳои тарбиявӣ ва корҳои таблиғотиро вобаста ба пешгирии ҷинояткорӣ, экстремизм, нашъамандӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ тақвият бахшед;

* Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», баъди хатми синфи 9 идомаи таҳсил дар синфҳои 10 ва 11 ҳатмӣ мебошад. Аз ин рӯ, моҳияти ин талаботи қонунгузориро ба хонандагон ва падару модарон мунтазам фаҳмонед;

* Ба масъалаи аз таҳсил дур намондани наврасон, пешгирии оворагардӣ ва ҷалби онҳо ба омӯзиши касбу ҳунар диққати махсус диҳед.

* Дар доираи солҳои 2026-2030 эълон гардидани “Соли фарҳанги китобхонӣ” дар вилояти Хатлон ҷиҳати ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба хондани асарҳои бадеӣ аз ҳамагуна имкониятҳо мақсаднок истифода баред.

Муҳтарам падару модарон, хонандагон, омӯзгорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон!

Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистони азизи мо дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ - 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Мо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, соҳаи маориф, падару модарон ва тамоми ҷомеа вазифадорем дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии наврасон саҳмгузор бошем ва нагузорем, ки фарзандон ба ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ даст зада, ояндаи дурахшони худро доғдор созанд.
Ҳар як наврас бояд дарк намояд, ки ояндаи давлат аз дониш, ахлоқ ва масъулияти ӯ вобаста мебошад.

Биёед, ҳамагон якҷо барои тарбияи насли солим, соҳибмаърифат, ватандӯст ва қонунмеҳвар саҳмгузор бошем.

Дар хотир дошта бошем, ки танҳо ҳамкории зичи милитсия мактаб ва ҷомеа метавонад наврасонро аз амалҳои номатлуб эмин нигоҳ дорад ва барои тарбияи ҷавонони ватандӯст, созанда ва соҳибмаърифат мусоидат намояд.

Масъулият аз мост ва ояндаи дурахшони фарзандон аз волидон ва ҷомеа вобаста мебошад!

Бигзор таътили тобистонаи ҳар як хонанда бо истироҳати хуб, омӯзиши дониш, корҳои созанда ва дастовардҳои нав сипарӣ гардад.

Бо эҳтиром,

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода