ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» ОҒОЗ ГАРДИД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 46
![]()
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» оғоз гардида, садҳо нафар хонандагону ҷавонони лаёқатманд барои иштирок дар марҳилаи навбатии озмун ба ҳам омадаанд.
Озмуни мазкур бо мақсади татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди тафаккури илмӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқу табиатшиносӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав баргузор мегардад.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои дар сатҳи баланд баргузор намудани озмун тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ҳайати ҳакамон ва масъулони соҳаи маориф вазифадор гардидаанд, ки ба шаффофият ва баҳогузории холисонаи иштирокчиён таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Дар ин замина, дар ноҳияи Ёвон низ даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, омӯзгорон, хонандагон ва фаъолони соҳаи маориф баргузор гардид.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» барои баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ, рушди ҷаҳонбинии илмӣ ва омода намудани мутахассисони ояндадор заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамчунин ба ҳайати ҳакамон ҷиҳати таъмини адолат, шаффофият ва баҳогузории холисонаи иштирокчиён дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ҳамасола бо мақсади рушди илмҳои дақиқ, тақвияти шавқи наврасону ҷавонон ба донишандӯзӣ ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон баргузор гардида, ғолибон ба даврҳои минбаъдаи озмун роҳхат мегиранд.
Н. Самадзода, "Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
30-05-2024, 12:09
Муҳтарам олимону донишмандон!Ҳозирини гиромӣ!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...