ҶОННИСОРИ ВАТАН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 206
![]()
28 МАЙ — РӮЗИ САРҲАДБОНОНИ ТОҶИК
Ҳифзи марзу буми Ватан ҳамеша аз муқаддастарин рисолатҳои инсонӣ ба шумор меравад. Таърих борҳо собит намудааст, ки оромию суботи ҳар як давлат маҳз ба ҷасорат, садоқат ва матонати фарзандони шуҷои он вобаста аст. Яке аз чунин афсарони фидоӣ собиқ хизматчии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник (пас аз марг) Пиров Муҳаммадҷон Мерганович мебошад.
Муҳаммадҷон Пиров 29 апрели соли 1988 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба дунё омадааст. Аз айёми ҷавонӣ роҳи пуршарафи ҳарбиро интихоб намуда, баъди хатми Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2010 дар сафи Қӯшунҳои сарҳадӣ фаъолият кард. Ӯ солҳои зиёд дар минтақаҳои гуногуни сарҳадӣ бо масъулиятшиносӣ ва ҷасорат хизмат намуда, миёни ҳамхизматонаш обрӯи баланд дошт. Барои чунин афрод либоси низомӣ нишони нангу номус ва қарзи шаҳрвандӣ дар назди Ватан маҳсуб меёфт. Санаи 16 сентябри соли 2022 дар натиҷаи муноқишаи сарҳадӣ дар минтақаи наздисарҳадии Отряди чордаҳуми сарҳадӣ майор Муҳаммадҷон Пиров ҳангоми адои вазифаи хизматӣ қаҳрамонӣ ва мардонагӣ нишон дода, дар роҳи ҳифзи марзи давлатӣ ба ҳалокат расид.
Субҳи он рӯз, соати 4:30, ба мавқеъҳои сарҳадии Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона анҷом дода шуд. Муҳаммадҷон бо мошини ҷангии зиреҳпӯш дар ҳайати гурӯҳ ба самти деҳаи Овчиқалъача сафарбар гардид. Ҳамроҳи ӯ лейтенант Раҳматшоҳи Шамсизод ва сарбози қаторӣ Беҳрӯз Қурбонбеков буданд. Онҳо дар роҳ ногаҳон мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифтанд ва тири душман ҷони ин се ҷавонмарди Ватанро гирифт. Фидокорӣ ва шуҷоати ин афсари далер аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар баланд қадрдонӣ шуд. Бо Фармони Президенти мамлакат аз 07.02.2023 ба Муҳаммадҷон Пиров ордени Шараф, дараҷаи 1 (пас аз марг) дода шуд.
Ҳамзамон, Бо фармоиши раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Пиров пас аз марг бо рутбаи навбатии ҳарбии подполковник сарфароз гардонида шуд. Аз номи давлат дар маркази шаҳри Душанбе барои оилаи ӯ манзили сеҳуҷрагӣ бо таъмини тамоми шароити рӯзгор тақдим карда шуд. Муҳаммадҷон танҳо як афсар набуд, ӯ фарзанди меҳрубон, падари ғамхор ва такягоҳи оила низ буд. Дар зиндагӣ соҳиби се фарзанд - Файзалӣ, Рамзия ва писарчаи навзодаш Умарҷон гардид. Рӯзи 16 августи соли 2022 ба Муҳаммадҷон хабар доданд, ки соҳиби писар шудааст, аммо тақдир ба ӯ фурсати зиёд надод, то меҳри падариро ба фарзанди хурдиаш, ки ҳангоми шаҳид шудани падар ҳамагӣ якмоҳа буд, эҳсос кунонад.
ХАБАРИ ШАҲИД ШУДАНИ МУҲАММАДҶОН БАРОИ МОДАРАШ, ФАЙЗАЛИЕВА МОҲСАФАР, МИСЛИ ЗАРБАИ ОСМОНӢ БУД. БО ЧАШМОНИ ПУРОБ МОДАР ЛАҲЗАИ ОХИРИНИ СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИАШОНРО БА ЁД МЕОРАД: «МОДАРҶОН, БАЪДТАР БОЗ ЗАНГ МЕЗАНАМ…» АММО ОН “БАЪДТАР” ДИГАР ҲАРГИЗ НАОМАД...
Дар «Мактуби миннатдорӣ»-и худ Моҳсафар Файзалиева менависад, ки ҳифзи марзу буми Ватан барои писараш танҳо вазифаи хизматӣ набуд, балки қарзи шаҳрвандӣ маҳсуб меёфт. Модари қаҳрамон дар номаи худ аз дастгириҳои доимии Пешвои миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қӯшунҳои сарҳадӣ бо сипос ёд мекунад. Номи подполковник Муҳаммадҷон Пиров имрӯз рамзи садоқат ба Ватан ва намунаи мардонагии фарзанди тоҷик аст. То вақте ки Ватан ҳаст, хотираи чунин муҳофизони асили он ҷовидон хоҳад монд.
Мирзо ФАЙЗАЛИЗОДА,
Ҳангомаи ИСМАТ,
н. Абдураҳмони Ҷомӣ, «Хатлон»
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...