Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ХАРОҶОТИ БУҶАИ ОИЛАВӢХАРОҶОТИ БУҶАИ ОИЛАВӢ


ХАРОҶОТИ БУҶАИ ОИЛАВӢХАРОҶОТИ БУҶАИ ОИЛАВӢ



БОЯД ҲИСОБУ КИТОБ ДОШТА БОШАД!

Дар арафаи иди Қурбон ташвишу тараддуди мардуми мо дучанд мешавад: омодагӣ ба ид, хариду дастархонороӣ, аз ҳамсояи худ кам наомадан... Дар ин рӯзҳо кас дар дохили бозор гӯё нӯг-нӯги сӯзан қадам мемонад - тамбашавии харидорон, занону мардҳо якдигарро тела дода рӯ ба рӯ задану китф ба китф расидан ва норозигию дилсиёҳӣ барои роҳ надоданҳо. Гумон меравад, ки дар ин рӯз дар бозор мардум рехта бошад.

Садои аробакашҳо, овози дилхароши онҳо, ба ҳам сар ба сар заданҳои ароба, ин боз саҳнаи дигар аст. Аҷаб, рӯзҳою лаҳзаҳои дилгиркунанда! Ин ҳама “саҳнаҳо”-и нотакрорро дида, кас ба худ суол медиҳад: “Чаро мо фарҳанги хариду фурӯш ва хароҷоти оилавиро риоя намекунем: Худ бо ду дасти адаб маблағҳои бо заҳмат ҷамъовардаро ба ҷайби савдогари беинсоф меандозем. Дар дусе рӯз ҳамёни мо холию кисаи савдогар пур мешавад. Худо накунад, ки боз ин маблағро бар ивази фоиз аз нафари дигаре қарз гирифта бошем?! Биёем, сари мақсади асосӣ.

Дар рӯзҳои муқаррарӣ дохилу беруни бозор аз меваҷоту сабзавот лабрез аст. Ду рӯз пеш аз ид аз ин растаҳо себу анор, зардолую шафтолу, ангуру туту қулфинай, банану апелсин, кивию ананас, ҳандалаку тарбузи наву тоза, обҳои рангоранги ташнагишикан ба нархҳои дастрас харидорӣ кунем. Ин ҳама дар ду-се рӯз сифати худро гум намекунанд. Як рӯз қабл аз ид метавон гӯшт, шир, ҷурғот, чакаро харид кард, ки ин ба буҷаи мо зарари калоне намерасонад. Зеро ин маҳсулотҳо дар рӯзҳои муқаррарӣ низ қимати баланд доранд... Хонандаи гиромӣ! Ин маълумоти кӯтоҳ оид ба маърифати хариду фурӯш дар бозор мебошад. Акнун, меоем фарҳанги омодагӣ дидан ба ид ва дастурхонороиву идгардаккунӣ. ...

Панҷ панҷа баробар нест. Дар ҳамсоягӣ, албатта, як-ду оилаи сарватманд ҳаст. Дар хонадони онҳо ҳар як ид дастурхони пур аз хӯрданиҳои гуногун ороста мешавад. Ва аксарияти ҳамсояҳо ба ин ҷо омада “шикамчаронӣ” мекунанд. Занҳои аз оила камбағал бошанд, барои зери таъна намондан, ба ҳамсояи худнамо таассуб карда, буҷаи оиларо ба бод медиҳанд. Пояшонро мувофиқи кӯрпаи худ дароз намекунанд. Аз ин амал кӣ фоидаву кӣ зиён дид? Албатта, соҳибхонаи нодор зарари молиявӣ диду идгардакиҳо (хӯрандаҳо) фоида. Ин маблағи сарфшуда ба рӯзгузаронии якмоҳаи ин оила мерасид. Шояд боз миқдоре захира ҳам мемонд.

Ин ҳамаро дида, кас хулоса мебарорад: худнамоиву таассуб ба касодӣ мебарад... Мутаассифона, мардуми мо дар рӯзҳои ид дастурхони шоҳона меороянд. “Аз оилаҳои доро камӣ надорем”, гӯён худнамоӣ мекунанд. Ин нахуст аз гаштаки кӯдакон оғоз меёбад. Баъди намоз мардҳо ид мекунанд. Гашти рӯз навбат ба занҳо мерасад.

Сипас, духтарон ва бегоҳии рӯз наврасону ҷавонон ба идгардак мераванд. Рӯзи дуюми ид хешу табори дур ба хонаи якдигар мераванд... Дар анҷоми мушоҳидаҳо боз як иқдоми хешро ёдовар мешавам. Дар ҳамсоягии мо як шахси бомаърифат зиндагӣ мекунад. Ӯ ҳамасола дар рӯзи иди Қурбон чорвои калону фарбеҳеро забҳ карда, қурбонӣ мекунад. Ба ҳаққу ҳамсояҳо ва хешу табори худ, баробар, ба миқдори як килогӣ гӯшт тақсим мекунад, ки ин амали ӯ хеле хушоянд аст. Оилаи нодоре ҳаст, ки ба харидани гӯшт маблағи кофӣ надорад. Аз ин рӯ, гӯшти қурбонии гирифтаашро бо кӯдаконаш якҷоя истеъмол мекунанд. Аз амали нек шахси қурбоникунанда соҳиби савоби зиёд мешавад.

Хонандаи азиз! Банда дидаю шунидаҳои хешро ба қалам дода, таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёдовар мешавам: “... Сарфаю сариштакориро фаромӯш накунем, ба худнамоиву исрофкорӣ роҳ надиҳем ва барои дастгирии ятимону маъюбон, ниёзмандону камбизоатҳо ва анҷом додани дигар амалҳои хайр кӯшиш намоем”.

С. АТТОР, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода