ДАНҒАРА МИЗБОНИ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТЕННИСИ РӮИ МИЗ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 57
![]()
Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба тенниси рӯи миз барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар фазои тантанавӣ ва ҳузури меҳмонони расмӣ, намояндагони соҳаи варзиш ва варзишгарони кишварҳои дӯсту ҳамсоя оғоз гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, соҳаи варзиш, меҳмонони хориҷӣ ва варзишгарон аз кишварҳои гуногун иштирок намуданд. Аз ҷумла, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси ноҳия, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон ҳузур доштанд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки баргузории ин мусобиқа дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон рамзи таваҷҷуҳи хос ба рушди варзиш ва дастгирии ҷавонон дар кишвар мебошад. Қайд карда шуд, ки имрӯз варзиш ҳамчун омили муҳими таҳкими дӯстии халқҳо, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии давлатҳо дар арсаи ҷаҳон мавқеи арзишманд дошта, ҷавононро ба иродаи қавӣ, матонат ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ раҳнамун месозад.
Таъкид шуд, ки чунин мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ дар рушди минбаъдаи тенниси рӯи миз, таҳкими дӯстии варзишгарон ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии варзиши тоҷик саҳми арзишманд мегузоранд.
Дар фарҷоми маросим ба ҳамаи иштирокчиёни мусобиқа барору комёбӣ, рақобати солим ва пирӯзиҳои шоиста орзу гардида, ба меҳмонони хориҷӣ таассуроти нек аз меҳмоннавозии гарми мардуми Тоҷикистон таманно карда шуд.
Умарҷон Тошматов,
"ХАТЛОН"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00