МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО СЕНАТОРИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ДАР БОРАИ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИМИНТАҚАВӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 33
![]()
Имрӯз раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо узви Кумитаи Шӯрои Федератсияи Федератсияи Россия оид ба корҳои байналмилалӣ ва узви Комиссияи ҳамкорӣ байни Шӯрои Федератсия ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иван Владимирович Новиков мулоқот анҷом доданд.
Ҳадафи асосии вохӯрӣ баррасии масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба байни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Архангелски Федератсияи Россия мебошад.
Зимни мулоқот раиси вилояти Хатлон таъкид намуданд, ки Тоҷикистону Россияро муносибатҳои анъанавии шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ, ки бар пояи эҳтироми мутақобила, эътимод ва гуфтугӯи созанда асос ёфтаанд, ба ҳам мепайванданд. Дар сатҳи минтақавӣ низ ҷонибҳо ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ дар самтҳои гуногун манфиатдоранд.
Таъкид гардид, ки имрӯз вилояти Хатлон робитаҳои байниминтақавиро бо як қатор субъектҳои Федератсияи Россия фаъолона рушд дода, бо вилоятҳои Астрахан, Омск, Оренбург, Челябинск, Киров, Ленинград, Пенза, Иваново, Новосибирск, Свердловск ва Ярославл, инчунин Ҷумҳурии Бошқирдистон ва кишвари Олтой созишнома ва меморандумҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, онҳоро амалӣ менамояд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки дар соли ҷорӣ миёни вилояти Хатлон ва вилояти Пензаи Федератсияи Россия созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расида, он заминаи муҳими густариши минбаъдаи робитаҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ ба ҳисоб меравад.
Ҷонибҳо дар бораи имкониятҳои васеи вилояти Хатлон дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, сайёҳӣ, энергетика ва коркарди маҳсулот изҳори назар намуда, ба зарурати тақвияти робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкорӣ, муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ таъкид карданд.
Инчунин, ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорату иқтисод, табодули таҷриба дар бахши агросаноатӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва таҳкими робитаҳои гуманитарӣ аҳамияти хоса дода шуд.
Дар анҷоми мулоқот изҳори итминон гардид, ки гуфтушунидҳои баргузоршуда ба таҳияи ташаббусҳои нави муштарак ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона байни вилояти Хатлон ва вилояти Архангелск мусоидат хоҳанд кард.
Ҷониби Хатлон омодагии худро барои баррасии барқарорсозии робитаҳои расмии шарикӣ бо вилояти Архангелск ва муайян намудани самтҳои мушаххаси ҳамкории судманд иброз намуд.
Рамазони МИРЗОМИДДИН, "Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
28-12-2024, 14:23
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00