Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...

Имрӯз футбол ба забони умумии миллатҳо, василаи дӯстӣ ва омили муҳимми ҳамгироии ҷомеаҳо табдил ёфтааст. Яке аз иқдомҳои таърихӣ пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати эълон гардидани Рӯзи ҷаҳонии футбол мебошад, ки имрӯз аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун ташаббуси муҳим ва дурбинона арзёбӣ мегардад.
Собиқ бозигари тими миллии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Тони Саннеҳ зимни сафараш ба ҷумҳурии мо ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Созмони Милали Муттаҳид эълони 25 май - ҳамчун Рӯзи ҷаҳониии футболро бо ифтихор ва эҳтироми зиёд ёдовар шуд. Ӯ таъкид намуд, ки чунин ташаббусҳо метавонанд, нақши футболро ҳамчун воситаи сулҳ, дӯстӣ ва рушди ҷавонон боз ҳам таҳким бахшанд.
Тони Саннеҳ, ки яке аз чеҳраҳои шинохтаи футболи Амрико ба ҳисоб меравад, фаъолияти касбии 17-солаи худро ба дастовардҳои назаррас сипарӣ кардааст. Ӯ дар ҳайати тими миллии ИМА дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2002 иштирок намуда, дар роҳ ёфтани даста ба даври чорякниҳоӣ саҳми арзанда гузошт. Ҳамчунин, бо дастаи D.C. United ду маротиба қаҳрамони MLS гардида, дар ҳайати Hertha BSC дар Бундеслигаи Олмон ва Лигаи чемпионҳои Аврупо ҳунарнамоӣ кардааст. Имрӯз номи Тони Саннеҳ бештар бо фаъолияти иҷтимоӣ ва дастгирии ҷавонон пайвандӣ дорад.
Ӯ муассиси The Sanneh Foundation буда, тавассути ин ташкилот ҳазорон кӯдак ва наврасро ба варзиш, таҳсил ва зиндагии солим ҷалб намудааст. Тони Саннеҳ ҳангоми суҳбат дар бораи Тоҷикистон бо эҳсоси гарму самимӣ чунин изҳор дошт: - Ман бори аввал ба Тоҷикистон омадам ва аз рӯзҳои аввал эҳсос кардам, ки ин кишвар дорои мардумони бисёр меҳмоннавоз ва самимӣ мебошанд. Маро дар ин ҷо хеле хуб истиқбол гирифтанд. Тоҷикистон барои ман сарзаминест, ки дар он муҳаббат ба варзиш ва эҳтиром ба инсон эҳсос мешавад. Ӯ инчунин таъкид кард, ки дар муддати кӯтоҳи будубошаш бо фарҳанг ва муҳити варзишии Тоҷикистон аз наздик шинос шуда, ва ба рушди футболи кишвар таваҷҷуҳи махсус пайдо кардааст.
Ба гуфтаи Тони Саннеҳ, Тоҷикистон дорои имкониятҳои хуб барои рушди футбол мебошад ва махсусан, таваҷҷуҳ ба футболи кӯдакон метавонад дар оянда натиҷаҳои бузург ба бор орад. -Мо мехоҳем дар оянда бо Тоҷикистон ҳамкориҳои бештар дошта бошем. Ман фикр мекунам, ки баъд аз ин сафар метавон бисёр ғояҳои муштаракро амалӣ кард. Мо омодаем барои рушди футбол, махсусан футболи кӯдакон ва наврасон, саҳм гузорем ва ҳатто сармоягузорӣ кунем, - мегӯяд Тони.
Тони Саннеҳ ташаббуси Тоҷикистонро оид ба Рӯзи ҷаҳонии футбол яке аз иқдомҳои муҳим ва саривақтии байналмилалӣ арзёбӣ кард. Ташаббусе, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, бисёр муҳим ва таърихӣ аст. Футбол имрӯз ҷаҳонро ба ҳам меорад. Чунин рӯз метавонад мардумони кишварҳои гуногунро бештар муттаҳид созад. -Мо низ мисли шумо дар Амрико ва дигар давлатҳо Рӯзи ҷаҳонии футболро ҷашн мегирем. Боиси ифтихор аст, ки маҳз Тоҷикистон чунин рӯзи муҳимро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан ба дӯстдорони футбол муаррифӣ намуд, - мегӯяд Тони.
Ин суханон нишонаи онанд, ки ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон имрӯз дар сатҳи ҷаҳон эътироф пайдо кардаанд. Дар солҳои охир Тоҷикистон дар баробари масъалаҳои обу иқлим, инчунин дар самти варзиш ва дипломатияи фарҳангӣ низ фаъолона ташаббус пешниҳод мекунад. Имрӯз футболи Тоҷикистон марҳилаи нави рушдро аз сар мегузаронад. Бунёди варзишгоҳҳои замонавӣ, афзоиши таваҷҷуҳ ба футболи кӯдакон, иштироки дастаҳои миллӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва дастгирии давлатӣ нишон медиҳад, ки футбол ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати варзишии кишвар табдил ёфтааст. Дар чунин шароит таваҷҷуҳи шахсиятҳои маъруфи байналмилалӣ ба мисли Тони Саннеҳ, метавонад барои рушди бештари соҳа заминаи мусоид фароҳам оварад. Зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки рушди футбол, пеш аз ҳама аз таваҷҷуҳ ба ҷавонон ва инфрасохтори кӯдакон оғоз мешавад.
Тони Саннеҳ имрӯз на танҳо ф у т б о л б о з и муваффақ, балки ҳамчун шахсе шинохта мешавад, ки варзишро воситаи тағйироти иҷтимоӣ медонад. Ва маҳз ҳамин ҷаҳонбинӣ ӯро ба Тоҷикистон ва ташаббусҳои байналмилалии он наздик кардааст. Сафари ӯ ба Тоҷикистон ва суханони самимонааш нишон медиҳанд, ки варзиш метавонад пули дӯстӣ байни миллатҳо бошад. Тоҷикистон бо ташаббусҳои созандаи худ тадриҷан ба яке аз марказҳои муҳимми дипломатияи варзишӣ дар минтақа табдил меёбад.
- Ташаббусҳои Тоҷикистон ҷиҳати рушди варзиш ва таҳкими нақши футбол дар ҷомеа қобили таҳсин мебошанд. Ман боварӣ дорам, ки бо чунин таваҷҷуҳ ва дастгирӣ футболи тоҷик дар оянда ба дастовардҳои боз ҳам бузургтар ноил хоҳад шуд, - афзуд Тони Саннеҳ. - Ба ҳамаи варзишгарон, мураббиён ва мухлисони футбол пешравию муваффақият орзу намуда, боварӣ дорам ин рӯзи муҳим ба таҳкими дӯстии байни миллатҳо ва рушди футболи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.
Н. САМАДЗОДА, «Хатлон»
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
