ЛОРРИ ФЕЙР - НАМОДИ ҚУДРАТИ ЗАН ДАР ВАРЗИШ ВА ҶОМЕ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳайати эҷодӣ, Боздид 121
![]()
Имрӯз футболи занона дар ҷаҳон босуръат рушд мекунад. Агар солҳои пеш ба ин намуди варзиш таваҷҷуҳи камтар дода мешуд, ҳоло миллионҳо мухлисон мусобиқаи футболбоздухтаронро тамошо мекунанд ва дастаҳои занона дар сатҳи баланд рақобат менамоянд. Ин пешрафт нишон медиҳад, ки бонувон низ метавонанд дар варзиш ба дастовардҳои бузург ноил гарданд. Духтароне, ки ба футбол машғул мешаванд, бо заҳмати зиёд маҳорати худро такмил медиҳанд ва барои расидан ба орзуҳои худ талош мекунанд. Онҳо исбот менамоянд, ки барои муваффақ шудан истеъдод ва меҳнат муҳим аст, на ҷинсият.
Имрӯз дар бисёр кишварҳо барои рушди футболи занона шароити беҳтар фароҳам оварда мешавад. Мусобиқаҳои байналмилалӣ, чемпионатҳои ҷаҳонӣ ва бозиҳои олимпӣ барои духтарон имконият медиҳанд, ки онҳо маҳорати худро нишон диҳанд. Яке аз чунин намунаҳо Лорри Фейр ба ҳисоб меравад. Ӯ қаҳрамони ҷаҳон, барандаи медали олимпӣ ва шахсияти фаъоли ҷамъиятӣ мебошад, ки бо фаъолияти худ тавонистааст ба бисёр ҷавонон, бахусус духтарон, неру бахшад. Лорри ҳамчун ҷавонтарин узви тими миллии занонаи Амрико дар Ҷоми ҷаҳонии соли 1999 шуҳрат пайдо кард.
Маҳз ҳамон сол тими Амрико қаҳрамони ҷаҳон гардид ва ин пирӯзӣ дар рушди футболи занона нақши муҳим бозид. Ӯ бо истеъдод, меҳнат ва иродаи қавӣ нишон дод, ки занон низ метавонанд дар варзиши ҷаҳонӣ ба дастовардҳои бузург ноил гарданд. Дар фаъолияти варзишии худ Лорри дар дастаҳои машҳури Амрико ва Аврупо бозидааст. Ӯ инчунин соҳиби медали тиллои Бозиҳои олимпӣ мебошад. Таҷрибаи байналмилалии ӯ нишон дод, ки футбол метавонад мардум ва миллатҳои гуногунро ба ҳам наздик созад. Бисёр духтарон бо дидани муваффақияти футболбозоне мисли Лорри Фейр ба варзиш рӯ меоранд ва барои расидан ба ҳадафҳои худ талош меварзанд.
Дар баробари ин, Лорри Фейр ба корҳои ҷамъиятӣ низ диққати махсус медиҳад. Ӯ бо созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ намуда, барои дастгирии ҷавонон, рушди ҷомеа ва тарғиби тарзи ҳаёти солим саҳм мегузорад. Имрӯзҳо Лорри кӯшиш мекунад, ки мушкилоти футболбоззанонро бартараф созад. Ба андешаи ӯ, варзиш на танҳо рақобат, балки воситаи дӯстӣ, тарбия ва сулҳ мебошад. Лорри Фейр дар доираи American Soccer Fest ба шаҳри Бохтар омада, бо ҷавонон ва футболбозони тоҷик мулоқот анҷом дод. Ин сафар нишон дод, ки варзиш метавонад мардумро аз кишварҳои гуногун ба ҳам наздик созад.
Лорри Фейр аз истеъдод ва шавқу рағбати духтарони тоҷик ба футбол баҳои баланд дод. Ӯ қайд намуд, ки духтарони тоҷик фаъол, боғайрат ва дорои қобилияти хуби варзишӣ мебошанд. Ба гуфтаи ӯ, агар ба ҷавонон, махсусан духтарон, имконият ва дастгирии бештар дода шавад, онҳо метавонанд дар оянда ба дастовардҳои бузург ноил гарданд. Ҳангоми вохӯриҳо ва машқҳои варзишӣ Лорри бо иштирокчиён таҷрибаи худро мубодила намуда, дар бораи аҳамияти кори даставӣ, боварӣ ба худ ва меҳнатдӯстӣ суҳбат кард. Ӯ ҳамчунин бо ҷавонон бозии дӯстонаи футбол анҷом дода, фазои гарму самимӣ ба вуҷуд овард.
Меҳмони амрикоӣ аз меҳмоннавозӣ ва муносибати гарми мардуми Тоҷикистон изҳори хушнудӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки мардум бо чеҳраи кушод ва эҳтироми зиёд меҳмононро истиқбол мегиранд ва ин хотираҳои хубро дар қалби ҳар як меҳмон боқӣ мегузорад. Дар анҷоми мулоқот Лорри Фейр мардуми Тоҷикистонро ба Рӯзи ҷаҳонии футбол табрик гуфта, орзу намуд, ки варзиш дар кишвар боз ҳам рушд ёбад. Ӯ иброз дошт, ки футбол метавонад забони дӯстӣ, сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ бошад ва ҷавононро ба роҳи дуруст, тарзи ҳаёти солим роҳнамоӣ намояд.
Сабринаи САЙВАЛӢ, «Хатлон»
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...