Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...

Имрӯзҳо дар баробари ҷавонони соҳибистеъдод, наврасоне низ ба камол мерасанд, ки бо иродаи қавӣ ва меҳнати пайваста роҳи муваффақиятро интихоб намудаанд. Абдураҳмон Маҳмадёров, навраси 13-сола, яке аз чунин чеҳраҳои умедбахш мебошад. Ӯ аллакай дар риштаи варзиши омехта (ММА) ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, соҳиби роҳхат ба чемпионати ҷаҳон шудааст. Орзуи ӯ танҳо ғолиб омадан нест, балки муаррифии Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Мо атрофи ин мавзуъ бо Абдураҳмон мусоҳибае оростем ва онро пешкаши шумо - хонандагони азиз мегардонем.
- Абдураҳмон, чӣ гуна ба ин риштаи варзиш шавқ пайдо кардӣ?
- Аз кӯдакӣ ба ин риштаи варзиши омехта шавқ доштам. Дар синни 6-солагӣ ҳамроҳи дӯстонам ба толори варзишие, ки назди хонаамон буд, мерафтем. Мо аввал танҳо тамошо мекардем, вале ҳамин муҳит ба ман таъсири зиёд расонд. Вақте муҳорибаҳои варзишгаронро медидам, дар дилам орзу пайдо шуд, ки рӯзе ман ҳам чунин варзишгар шавам.
- Чаро маҳз ин риштаи варзишро интихоб кардӣ?
- Чунки ин ришта ҳам қувва мехоҳад ва ҳам ирода. Дар варзиши омехта инсон бояд ҷасур бошад. Ман муҳорибаҳои варзишгарони машҳурро тамошо мекардам ва ба худ мегуфтам, ки рӯзе ман ҳам бояд дар чунин сатҳ ҳунарнамоӣ кунам.
- Вақте бори аввал ба майдони рақобат баромадӣ, чӣ эҳсос доштед?
- Фикр мекунам бори аввал ҳама дар ҳаяҷон мешаванд, лекин барои он ки пирӯзиро ба даст оранд кӯшиш мекунанд, ки худро ба даст гирифта, муҳорибаро идома диҳанд. Ман низ чунин будам. Баъди пирӯзӣ ҳис кардам, ки ин роҳест, ки ман бояд идома диҳам.
- Барои ба чемпионати ҷаҳон роҳхат гирифтан чӣ қадар заҳмат кашидӣ?
- Хеле зиёд. Ҳар рӯз тамрин мекардам. Баъзан хаста мешудам, баъзан мехостам истироҳат кунам, вале орзу намегузошт, ки таслим шавам. Устодам Сайидои Амриддин низ пайваста маро дастгирӣ мекард ва нозукиҳои ин риштаро меомӯзонданд.
- Нақши устодатонро дар муваффақиятҳои худ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Нақши устодам бисёр калон аст. Агар дастгириву омӯзиши устод намебуд, шояд ман ба ин сатҳ намерасидам. Дар баробари тамринҳои пайваста устод Сайдо моро рӯҳбаланд ҳам мекунад. Ман онҳоро идеали худ медонам.
- Лаҳзае, ки фаҳмидед роҳхат ба чемпионати ҷаҳон гирифтед, чӣ ҳиссиёт шуморо фаро гирифта буд? - Он рӯзро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Баъди мусобиқаи TAJ МMAF, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гузашт, ба ман гуфтанд, ки роҳхат ба чемпионати ҷаҳон гирифтам, хеле хурсанд шудам. Устод ва волидонам низ бисёр шод шуданд.
- Ҳоло орзуи асосиат чист?
- Орзу дорам, ки дар чемпионати ҷаҳон ҷойи аввалро гирам. Мехоҳам Парчами Тоҷикистонро таҳти садои Суруди миллӣ боло бардорам. Ин барои ман бузургтарин ифтихор хоҳад буд.
- Ба ғайр аз чемпионати ҷаҳон, боз чӣ ҳадаф дорӣ? - Орзуи асосии ман шомил шудан ба ташкилоти UFC мебошад. Мехоҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ рақобат кунам ва ҳамчун фарзанди Тоҷикистон муаррифӣ шавам. - Барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳар рӯз чӣ гуна тамрин мекунед?
- Ҳар рӯз тақрибан ду соат машқ мекунам. Тамринҳои ҷисмонӣ, муҳориба ва техникаҳоро иҷро менамоем. Устодам ба ҳар як ҳаракат диққати махсус медиҳанд ва ман кӯшиш мекунам ҳамаашро хуб аз худ кунам.
- Тамоми кор мушкилии худро дорад. Оё ягон маротиба шудааст, ки аз роҳи интихоб кардаи худ даст кашидӣ?
- Не. Ҳатто вақте мағлуб шудам ҳам, фикри даст кашидан накардам. Баръакс, мағлубият маро қавитар кард. Фаҳмидам, ки бояд бештар меҳнат кунам. - Оилаатон то чӣ андоза дастгирият мекунад?
- Бисёр зиёд. Волидонам ҳамеша мегӯянд, ки пеш равам. Вақте ман ҷойи аввалро мегирам, онҳо ифтихор мекунанд. Ин дастгирӣ барои ман неру медиҳад.
- Муваффақияти варзишгар бештар аз истеъдод аст ё меҳнати зиёд?
- Муваффақияти варзишгар аз меҳнати ӯ мебошад. Ӯ меҳнат мекунад тамрин менамояд, вақти муҳориба гоҳҳо осебҳои пайдарпаю ҷиддӣ мебинад, ва дар натиҷа ба ҷое мерасанд.
- Ба ҷавонону наврасоне, ки мехоҳанд варзишгар шаванд, чӣ маслиҳат медиҳӣ?
- Пеш аз ҳама машқу тамрин кунанд ва дар оянда муваффақ хоҳанд шуд. Ҳама чиз бо заҳмат ба даст меояд. Агар инсон орзуи бузург дошта бошад ва барои он меҳнат кунад, ҳатман муваффақ мешавад. Бале, ҳақ бар ҷониби Абдураҳмон Маҳмадёров аст. Ӯ имрӯз дар синни 13-солагӣ бо иродаи мустаҳкам ва орзуҳои бузург роҳи худро дар варзиши ҷаҳонӣ оғоз кардааст. Хуб медонад, ки роҳи қаҳрамонӣ осон нест, вале бовар дорад, бо меҳнату талош метавонад ба қуллаҳои баланд бирасад. Мо низ боварӣ дорем, ки фардо маҳз ҳамин навраси тоҷик мисли дигар варзишгарон дар яке аз майдонҳои бонуфузи ҷаҳон бо Парчами Тоҷикистон вориди майдон мегардад ва номи миллатро баланд мебардорад.
Мусоҳиб: Рамазони МИРЗОМИДДИН, «Хатлон»
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
