Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТОҶИКПИСАРЕ, КИ ОРЗУҲОЯШРО ДАР ФУТБОЛ ЗИНДА КАРД


ТОҶИКПИСАРЕ, КИ ОРЗУҲОЯШРО ДАР ФУТБОЛ ЗИНДА КАРД




Дар футбол роҳи муваффақият барои ҳар кас боз нест. Ба ин роҳ танҳо нафароне мерасанд, ки дар баробари истеъдод иродаи қавӣ, сабри зиёд ва муҳаббати ҳақиқӣ ба касби худро доранд. Футболбози тоҷик Шаҳром Сулаймонов аз ҷумлаи ҳамон ҷавононест, ки бо заҳмати шабонарӯзӣ тавонист аз майдончаҳои одии кӯдакӣ то сатҳи футболи Аврупо расад.

Имрӯз номи ӯ барои дӯстдорони футбол ошност. Шаҳром на танҳо дар чемпионати Тоҷикистон, балки дар ҳайати бошгоҳҳои хориҷӣ низ ҳунарнамоӣ карда, яке аз футболбози соҳибтаҷрибаи кишвар шинохта мешавад. Роҳи тайкардаи ӯ пур аз талош, мубориза ва лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда мебошад. Ӯ аз ҳамон кӯдаконе буд, ки футболро на дар варзишгоҳҳои муосир, балки дар кӯчаҳои маҳалла дӯст дошт. Орзуи футболбози касбӣ шудан ӯро аз Тоҷикистон ба Русия ва баъдан ба Аврупо бурд. Имрӯз таҷрибаи зиндагӣ ва фаъолияти варзишии Шаҳром Сулаймонов метавонад барои садҳо ҷавонони тоҷик намунаи ибрат бошад.

Шаҳром Сулаймонов мегӯяд, ки то синни 12-солагӣ дар ягон дастаи касбӣ тамрин накардааст. Кӯдакиаш мисли бисёр наврасони тоҷик дар кӯчаҳои маҳалла, саҳни мактаб ва майдончаҳои одӣ гузаштааст. Ӯ ёдовар мешавад, ки дар он солҳо бо ҳамсинфон танҳо футбол бозӣ мекард ва аз телевизион бозиҳои ситораҳои ҷаҳонро тамошо намуда, кӯшиш менамуд ба онҳо монанд шавад. Муҳаббат ба футбол дар қалби вай аз хурдӣ ҷой гирифта буд. Падараш ҳамеша мехост, ки писарашон ба таври касбӣ тамрин кунад. Ниҳоят, ҳамин дастгирии оила сабаб шуд, ки Шаҳром роҳи калонро интихоб намояд. Соли 2009 ӯ ҳамроҳи амакаш Азим Яъқубов ба шаҳри Қазони Русия сафар кард. Дар он солҳо Академияи футболи «Рубин» нав ташкил шуда буд ва бисёр ҷавонони боистеъдод орзу мекарданд, ки ба он роҳ ёбанд.

Шаҳром нахуст як тамрини академияро тамошо мекунад. Муҳити касбӣ, муносибати мураббиён ва тарзи омодагии футболбозон ба ӯ таъсири зиёд мерасонад.

-Аз тарзи кори мураббиён хеле хушам омад. Ҳамин тавр, аввалин тамрини ман дар Академияи “Рубин” оғоз шуд, - мегӯяд ӯ. Ҳамин лаҳза оғози роҳи ҷиддии футболии ӯ гардид. Дар Академияи «Рубин» Шаҳром ҳафт сол бозӣ ва тамрин кард. Ин солҳо барои ӯ танҳо давраи футбол набуданд, балки мактаби зиндагӣ ба ҳисоб мерафтанд. Соли 2014 Шаҳром Сулаймонов беҳтарин бозингари қисми финалии мусобиқаи Русия миёни футболбозони соли таваллуди 1997 эътироф гардид. Ин дастоварди бузург барои як ҷавони тоҷик дар футболи Русия буд. Ба гуфтаи ӯ, дар он солҳо даста таҳти роҳбарии мураббии маъруф Қурбон Бердиев пешрафти зиёд дошт. Дар давраи Қурбон Бердиев даста хеле рушд кард. Мо футболи касбиро меомӯхтем ва ҳар рӯз барои пешрафт талош мекардем, - мегӯяд Шаҳром.

Аммо баъди тарк кардани Бердиев вазъияти даста тағйир ёфт. Баъзе футболбозон дастаҳоро иваз карданд ва Шаҳром низ баъди анҷоми шартномааш роҳи дигарро интихоб намуд. Соли 2016 Шаҳром Сулаймонов ба дастаи «Ҳаккен»-и шаҳри Готенбурги Шветсия гузашт. Барои як футболбози тоҷик роҳ ёфтан ба чемпионати Аврупо кори осон нест. Вале маҳорати хуб ва таҷрибаи андӯхтаи ӯ дар Русия сабаб шуд, ки дар Шветсия низ зуд маҳорати худро нишон диҳад.

Ӯ мегӯяд, ки вақте ба ҳайати дастаи шведӣ қабул шуд, ифтихори бузург эҳсос мекард. «Барои ман боиси ифтихор буд, ки ҳамчун намояндаи футболи тоҷик дар як кишвари пешрафтаи футболи ҷаҳон бозӣ мекардам», - мегӯяд футболбоз. Дар ҳайати «Ҳаккен» ӯ ду сол ҳунарнамоӣ карда, бозиҳои хуб нишон дод. Дар он мавсимҳо даста миёни 16 бошгоҳи чемпионати Шветсия мақоми ҳафтумро соҳиб гардид. Ба гуфтаи Шаҳром, футбол дар Аврупо талаботи дигар дорад. «Дар Шветсия интизом бисёр муҳим аст. Аз бозингар ҳамеша бозии босифат ва омодагии ҷисмонӣ талаб мекунанд», - мегӯяд ӯ.

Пас аз таҷрибаи пурарзиши Аврупо, Шаҳром Сулаймонов ба Тоҷикистон баргашт ва соли 2018 ба ҳайати дастаи «Истиқлол» пайваст. Ин давраи муҳимтарини фаъолияти варзишии ӯ гардид. Дар тӯли ҳафт мавсим ӯ ба яке аз бозигарони асосии даста табдил ёфт ва бо «Истиқлол» тамоми ҷоизаҳои мусобиқоти дохилиро ба даст овард. Дар ин муддат Шаҳром зиёда аз 100 бозӣ анҷом дода, дар мусобиқоти байналмилалӣ низ ҳунарнамоӣ кард. Ӯ дар Лигаи чемпионҳои Осиё муқобили футболбозон ва дастаҳои машҳур бозӣ кардааст. Футболбоз мегӯяд, ки бисёр орзуҳояш маҳз дар ҳамин давра амалӣ шуданд.

«Бо футболбозони машҳур бозӣ кардам, дар Лигаи чемпионҳои Осиё гол задам ва муқобили дастаҳои қавӣ пирӯз шудем. Барои ман ин лаҳзаҳо фаромӯшнашавандаанд», - мегӯяд ӯ. Шаҳром ҳамеша аз нақши мураббиён бо эҳтиром ёд мекунад. Ба гуфтаи ӯ, яке аз нафароне, ки дар ташаккули ӯ саҳми калон гузошт, мураббӣ Виталий Левченко мебошад. Левченко ҳамеша футболбозонро ба омӯзиши тамоми нозукиҳои футбол ташвиқ мекард. Ин маслиҳатҳо барои Шаҳром дар роҳи касбияш дарси муҳим шуданд. Моҳи марти соли 2026 Шаҳром Сулаймонов фаъолияти худро дар ҳайати дастаи «Ҳосилот» идома дод. Пайвастани чунин футболбози соҳибтаҷриба ба даста барои мухлисони футбол рӯйдоди муҳим арзёбӣ гардид.

Дастаи «Ҳосилот» беҳтарин даста аст, мухлисони зиёд дорад. Мардуми ноҳияи Фархор аз хурд то бузург футболро дӯст медоранд ва бо шавқ мухлисӣ мекунанд ин барои бозингар неруи тоза мебахшад. Таҷрибаи бозӣ дар Русия, Шветсия ва мусобиқоти байналмилалӣ имрӯз Шаҳромро ба яке аз футболбозони пуртаҷрибаи кишвар табдил додааст. Имрӯз Шаҳром Сулаймонов барои ҷавонони тоҷик намунаи ибрат аст. Намунаи ҷавоне, ки бо заҳмат ва муҳаббат ба футбол тавонист ба орзуҳои худ бирасад.

Алишери АБДУЛМАҶИД, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода