Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Маҳдӣ Содиқиасл: «Дар Тоҷикистон худро бегона ҳис намекунам»


Маҳдӣ Содиқиасл: «Дар Тоҷикистон худро бегона ҳис намекунам»




Мусоҳибаи ихтисосӣ бо мураббии дарвозабонони дастаи «Вахш» дар арафаи “Рӯзи ҷаҳонии футбол”

Имрӯз футболи Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушд қарор дорад ва таваҷҷуҳи мутахассисони хориҷиро бештар ба худ ҷалб мекунад. Суръати пешравӣ, сабки бозӣ ва маҳорати насли ҷавони футболбозони тоҷик аз нигоҳи мутахассисони хориҷӣ чӣ гуна арзёбӣ мешавад? Меҳмони рӯзномаи мо - мутахассиси эронӣ ва мураббии дарвозабонон дастаи «Вахш» Маҳдӣ Содиқиасл мебошад. Мавсуф дар як суҳбати самимӣ аз таҷрибаи кории худ дар Тоҷикистон, равобит ва фарҳанги муштараки ду миллати дӯсту бародар нақл кард.

- Ҷаноби Маҳдӣ, салом! Мехостем суҳбатро аз таассуроти аввалини Шумо аз Тоҷикистон оғоз кунем.

- Салом, Далерҷон! Нахуст мехостам бо истифода аз минбари рӯзномаи “Хатлон” саломи худро ба тамоми мардуми дӯсту бародар ва ҳамфарҳангу тамаддуни тоҷик расонам. Вақте мехостам ба Тоҷикистон биёям, хуб медонистам, ки он давлати мусалмонист, мардумаш ба форсӣ ҳарф мезананд ва фарҳангашон ба Эрон шабоҳат дорад. Ман ин чизҳоро мeдонистам. Аммо вақте ба Тоҷикистон омадам, фаҳмидам, ки фарҳанги тоҷику эронӣ хеле ва хеле ба ҳам қарин ва монанданд. Ин маро бисёр хушҳол кард. Зеро дар Тоҷикистон худро гӯё дар Эрон ҳис мекунам. Дар ин ҷо аслан эҳсоси дар ғарибӣ будан ё бегонагӣ надорам ва фикр мекунам, ки дар кишвари хеш ҳастам.

- Ҳамчун як мутахассиси хориҷӣ, сатҳи имрӯзаи футболи тоҷикро чӣ гуна баҳо медиҳед? Оё суръати пешрафти мо қаноатбахш аст?

- Футбол дар тамоми ҷаҳон, дар байни тамоми миллатҳо ва давлатҳо ҳар рӯз рушд мекунад. Як қатор давлатҳое ҳастанд, ки хеле тез пеш мераванд ва баъзеи дигар оҳиста-оҳиста ҳаракат мекунанд. Футболи Тоҷикистон аз ин раванд ақиб намонда, рӯ ба пеш ҳаракат кардан дорад. Чун ҳоло мебинем, ки дар дастаҳои мунтахаби U16, U17, U20 ва U23 Федератсияи футбол сармоягузории хеле зиёд мекунад, то ин бозигарон дар дастаҳо омода шаванд. Онҳо дар бозиҳои Осиё ва Ҷоми Ҷаҳон бозӣ мекунанд ва ин барои футболи Тоҷикистон як дастоварди хеле олӣ ба ҳисоб меравад.

-Агар футболи Тоҷикистон ва Эронро муқоиса кунем, тафовути асосиро дар чӣ мебинед? Дастаҳои мо аз ҳам чӣ фарқ доранд?

Футболи Эрон ба хотири он, ки як футболи хеле қадимитар аст ва ҳамеша дар Осиё ҳамчун як тими бузург шинохта мешуд, чанд маротиба ба Ҷоми Ҷаҳон рафтааст ва таҷрибаи бисёр зиёд дорад. Мо бозигарони хеле бузурге дорем, ки дар дастаҳои номдори Аврупо бозӣ кардаанд, аз ҷумла дар Бавария, Интер, Милан ва дигар дастаҳои пешрафта. Маҳз ҳамин бозигарони ботаҷриба ба футболи Эрон бисёр кумак мекунанд. Тарафи дуюм, дастаҳо дар футболи Эрон мухлисони зиёд доранд. Шояд як дастае мисли «Персеполис» 30 миллион мухлис дошта бошад, «Истиқлол» 20 ё 25 миллион мухлис дорад. Имкониятҳо, аз ҷумла варзишгоҳҳову майдонҳо низ дар футболи Эрон бисёр зиёданд. Аммо дар футболи Тоҷикистон низ бозигарони боистеъдоду ҳунармандро бисёр дидам, онҳо хеле зиёданд. Ва ман мутмаинам, ки футболи Тоҷикистон рӯзе аз дастаҳои пурқуввати Осиё хоҳад шуд. Дар футболи Эрон омодагии ҷисмонӣ ва муборизаҳои тан ба тан хеле муҳим мебошад. Аммо дар футболи Тоҷикистон маҳорату ҳунари инфиродии бозигарон баланд аст ва бозиҳои комбинатсионӣ, яъне ҳамоҳангии гурӯҳие, ки дар дастаҳо иҷро мешавад, бисёр ба чашм мерасад. Ва ҳамаи инҳо барои футболи Тоҷикистон нуқтаҳои хеле қавӣ ва мусбат ба ҳисоб мераванд.

- Шумо аз ҳунару маҳорати баланди футболбозони тоҷик ёдовар шудед. Пас ба онҳо барои роҳ ёфтан ба клубҳои калони аврупоӣ чӣ намерасад ва дар кадом ҷанбаҳо бояд бештар кор кунанд?

- Боз як чизи дигаре, ки бояд футболбозони тоҷик таваҷҷуҳ ва аҳамият диҳанд, ин омодагии ҷисмонӣ ва варзиши бадан аст. Бозигар бояд ба ин нуқта диққат диҳад, зеро футболи имрӯза дар бархӯрдҳои физикӣ бисёр муҳим ва ҳаётист. Яъне, ман дар Тоҷикистон бозигарони боҳунару техникро бисёр мебинам, аммо онҳо тани бақувват ва зӯри зиёд барои муборизаҳои тан ба тан надоранд. Бозигар бояд ҳамон қадаре, ки дар майдони футбол бо тӯб машқ мекунад, берун аз майдон ҳам барои неруманд кардани ҷисму тани худ тамрин кунад.

- Мактаби дарвозабонии Тоҷикистонро дар кадом сатҳ мебинед ва беҳтарин голкипери тоҷик аз нигоҳи Шумо кист?

- Дар Тоҷикистон ман дарвозабонҳои боистеъдодро бисёр дидам, ҳам дар дастаҳои мунтахаби наврасон ва ҷавонон ва ҳам дар дастаҳои Лигаи Олии кишвар. Аммо дар айни замон, ба назари ман, Рустам Ятимов беҳтарин дарвозабони Тоҷикистон аст, ки ҳоло дар Русия бозӣ мекунад. Агар сатҳи дарвозабонии ӯ олӣ намебуд, ҳеҷ гоҳ дар лигаи бартари Русия бозӣ намекард.

- Як масъалаи ҷолиб: Шумо забони русиро балад нестед ва дарвозабони легионери «Вахш» низ форсиро намефаҳмад. Чӣ тавр дар майдон ва берун аз он бо ҳам муошират мекунед? - Дар соли аввали омаданам, ман дарвозабони ӯзбек доштам, ки ӯ низ бо забони русӣ ҳарф мезад. Соли дуюм дарвозабони мо аз Словакия буд, ӯ низ бо русӣ суҳбат мекард ва дарвозабони кунунии дастаи «Вахш», ки аз Украина аст, бо русӣ гап мезанад. Ман чанд калимаеро, ки бештар барои ҳавасманд ва ташвиқ намудани онҳост, ёд гирифтаам. Масалан, молодетс, хорош. Аммо тарҷумаи асосиро дарвозабонони дигар анҷом медиҳанд. Ҳамеша, вақте ки мехоҳам кореро худам шарҳ диҳам, аз як дарвозабони тоҷик хоҳиш мекунам, ки машқро оғоз кунад, то он дарвозабони украинӣ низ мутаваҷҷеҳ шавад. Аммо агар бо ҳам гапе дошта бошем ё бихоҳам барояш видеои таҳлилӣ бифиристам, аз барномаҳои тарҷумонӣ истифода бурда, бо ҳам дар чат гуфтугӯ мекунем.

- Вижагии кори Шумо дар дастаи «Вахш» дар чист? Ғайр аз тамринҳои рӯзмарра дар майдон, бо дарвозабонҳо боз чӣ гуна корҳоро пеш мебаред?

- Дар баробари машқу тамрин қисми кори дигаре, ки ман дар ин ҷо анҷом медиҳам ва бароям бисёр муҳим аст, ин таҳлили видеоии бозиҳо мебошад. Ман пас аз ҳар як бозӣ видеои ҳамон дарвозабонеро, ки бозӣ кардааст, омода мекунам ва ба таври инфиродӣ ба худи ӯ нишон медиҳам. Нуқтаҳои заъф ва камбудиҳои ӯро дар он видео қайд карда, мегӯям, ки масалан, дар ин ҷо бояд ин корро мекардӣ ва дар ҷойи дигар ҳаракати дигарро анҷом медодӣ. Инчунин, нуқтаҳои мусбат ва корҳои хуби ӯро дар видео нишон медиҳам, то бубинад ва рӯҳбаланд шавад. Ман фикр мекунам, ки ин усули таҳлил ба дарвозабонҳо кумаки зиёд мекунад ва ин яке аз корҳои асосии ман дар ин ҷо ба ҳисоб меравад.

- Чӣ бояд кард, ки футбол дар Тоҷикистон пешрафтатар шавад ва ба як сатҳи баланди касбӣ ва даромаднок бирасад?

- Футбол тиҷорат аст. Аммо барои он, ки дар ин тиҷорат ба фоида бирасӣ, аввал бояд маблағ сарф намоӣ. Мо, эрониҳо, як ақида дорем, ки мегӯем: «Пулро пул меорад». Яъне, мо бояд маблағгузорӣ кунем, то маблағ ба даромад табдил ёбад. Аввалан, пеш аз ҳама, бояд маблағҳои бисёр ба футбол равона ва хароҷот шаванд. Сониян, ҳар як даста бояд варзишгоҳҳои хуб ва муҷаҳҳаз дошта бошад. Ҳадди ақал як майдони махсус барои машқҳо ва варзишгоҳи дигар барои мусобиқаҳои асосӣ. Ҳоло мо дар Эрон бисёре аз дастаҳои Лигаи Олӣ, Лигаи якум ва ҳатто Лигаи дуюм дорем ва онҳо дар он майдонҳое, ки мусобиқа мешавад, машқ намекунанд. Машқҳои онҳо дар майдонҳои дигар доир мешавад. Барои ҳамин, аввал бояд шумораи варзишгоҳҳо ва шароити машқу тамрин зиёд бошанд. Нуқтаи дигар ин аст, ки бояд ҳатман, барои дастаҳои наврасон, ҳайатҳои ҷавонон маблағ сарф кунанд. Чунки бозигарони наврас ояндаи футболи Тоҷикистон ҳастанд. Шароит барои онҳо бояд мисли дастаҳои калон муҳайё шавад, ки пас аз чанд сол онҳо ба бозигарони бузург табдил ёбанд. Ҳоло ман аз футболи Эрон ба Шумо як мисол меорам: “Фӯлод”-и Хӯзистон, ки дар ҳамон минтақаи зиндагии ман аст, як клуби бисёр касбӣ ва бузург мебошад. Онҳо 5-6 майдони машқии табиӣ доранд, ки онҳо танҳо ва танҳо барои дастаҳои наврасон ва ҷавонони клуб пешбинӣ шудаанд. Дар ҳар ҷое, ки ба футболи кӯдакон ва наврасон таваҷҷуҳ кунанд ва дастгирӣ намоянд, пас аз чанд сол футболи онҳо ба сатҳи дигар мерасад. Дар солҳои пеш Ҷопон, Корея ва ё чанд давлати дигар дар Осиё он қадар тимҳои калон набуданд. Аммо онҳо сармоягузорӣ карданд. Имрӯз бошад, ин кишварҳо бозигарони бузурге доранд, ки дар дастаҳои машҳури Аврупо бозӣ мекунанд. Чунки онҳо қаблан, барои ин бозигарони наврас кӯшиш карданд ва замина гузоштанд.

- Муҳимтарин омили муваффақият дар варзиш чист ва ба ҷавонони тоҷик чӣ маслиҳат медиҳед?

- Дар дунё барои бозигарони футбол ва ё ҳар варзишгари дигар, муҳимтарин чиз боварӣ аст. Яъне ҳар нафар ба худ бовар кунад, ки «ман як рӯз бозигари машҳур мешавам», ин аз ҳама муҳим аст. 18 сол қабл, Алиризо Бейранванд, ки ҳоло дарвозабони асосии тими мунтахаби Эрон дар Ҷоми Ҷаҳон аст, шогирди мо буд. Вай он вақт хеле хурд буд, аммо боварӣ дошт, ки як рӯз дарвозабони калон мешавад. Вай ҳаракат кард, меҳнат кард, бисёр-бисёр заҳмат кашид. Ба шаҳри Теҳрон рафт, дар он ҷо душвориву сахтиҳои зиёдеро паси сар кард. Ман инро хуб медонам, чунки мураббиаш будам ва бо ман суҳбат мекард. Аммо ҳоло, ин Ҷоми Ҷаҳон аллакай сеюмин аст, ки Алиризо ҳамчун дарвозабони тими миллии Эрон дар он бозӣ мекунад. Худбоварӣ ҳамин аст. Ҳар нафаре, ки ба худаш боварӣ дошта бошад, ба мақсадаш мерасад. Баъд аз боварӣ, ҳаракат кардан лозим аст. Барои расидан ба мақсад ва ба он чизе, ки дӯст медорӣ, бояд талош кунӣ ва заҳмат кашӣ. Масалан, агар ман бихоҳам ба он тарафи кӯча биравам, то қадам набардорам ва ҳаракат накунам, ҳеҷ гоҳ ба он ҷо намерасам. Агар ҳамин ҷо бинишинам ва фақат бигӯям: «Ман мехоҳам равам», ин натиҷа намедиҳад. Бояд қадам бардошт ва заҳмат кашид.

- Ташаккур, барои суҳбати самимӣ. Дар анҷом ба хонандаи мо мегуфтед, ки аз нигоҳи Шумо беҳтарин футболбози тоҷик кист?

- Сипос барои даъват, Далерҷон. Дар Тоҷикистон бозигарони хубу номдор бисёранд. Шояд ҳозир номи ҳамаро як-як гирифтан дуруст набошад, аммо бозигарони сатҳи баланд хеле зиёданд. Дар дастаи худамон ҳам капитани тими миллии Тоҷикистон Аҳтам Назаров бозӣ мекунад. Ё ин ки дар гузашта низ Тоҷикистон бозигарони хеле хуб дошт. Ҳоло ҳам бозигарони хуб ниҳоят зиёданд. Барои ҳамин, ман номи касеро махсус намегирам, ки бигӯям ин бозигар аз ҳама беҳтарин аст, Чун куллашон лоиқи эҳтирому қадрдонианд. Умедворам, ки ин суҳбат барои хонандагони шумо муфид ва ҷолиб хоҳад буд. Саломат бошед, Далерҷон ва ташаккури бисёр аз Шумо!

Суҳбаторо Далер ИБОДУЛЛОЗОДА, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода