Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Хатлон


Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Хатлон




Имрӯз, 22 май дар варзишгоҳи “Вахш”-и шаҳри Бохтар чорабинии бошукӯҳи варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол бо ширкати намояндагони мақомоти давлатӣ, варзишгарон, собиқадорони футбол ва доираи васеи ҷавонон ва дӯстдорони ин намуди варзиш баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини раиси вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода, раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод, муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов, инчунин собиқадорону варзишгарони номдор ва садҳо ҷавонони боистеъдод иштирок намуданд.

Нахуст, муовини раиси вилоят Абдулло Раҳмонзода паёми шодбошии раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саидро ба ҳозирин расонида, қайд намуд, ки футбол ҳамчун варзиши рақами як дар ҷаҳон нақши муҳимеро дар тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таҳкими дӯстӣ байни халқҳо мебозад. Вай афзуд, ки дастгирии варзишгарон ва рушду тараққии футбол аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии роҳбарияти вилоят маҳсуб мешавад.

Сипас, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвали Дониёрзода баромад карда, паёми шодбошии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣро ба иштирокчиён ва мухлисони футбол ироа намуд. Дар суханрониаш таъкид гардид, ки Федератсияи футбол ҳамеша кӯшиш менамояд, то барои рушду тарғиби футбол, бахусус миёни наврасону ҷавонон, тамоми шароитҳои мусоидро фароҳам оварад.

Баъдан ҳайати меҳмонон туҳфаҳои хотиравиро аз номи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба кӯдакон ва иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ тақдим намуда, онҳоро ба омӯзишу такмили маҳорати варзишии худ ташвиқ намуданд.

Пас аз қисмати расмии чорабинӣ, фестивали бозиҳои варзишӣ баргузор гардид. Дар он футболбозони наврас, дастаҳои маҳаллӣ ва дӯстдорони футбол ҳунарнамоӣ намуда, бо намоиши маҳорати хуби варзишии худ диққати мухлисонро ҷалб карданд. Ҳамчунин, футболбозони касбии дастаи “Вахш”-и шаҳри Бохтар бо кӯдакон машғулятҳо доир намуданд, ки фазои идонаро боз ҳам шавқовар намуд.

Дар анҷом, акси хотиравӣ бо ширкати меҳмонон, варзишгарон ва иштирокчиёни чорабинӣ гирифта шуда, Рӯзи ҷаҳонии футбол дар муҳити дӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои варзиш ба поён расид.

Ин чорабинии сатҳи вилоятӣ бори дигар собит намуд, ки футбол дар байни сокинони Хатлонзамин ҷойгоҳи хоса дошта, сиёсати варзишпарваронаи роҳбарияти олии кишвар ва вилоят барои рушди минбаъдаи он таҳкурсии мустаҳкам фароҳам овардааст.



Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода