Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...

Имрӯз дар ҷомеаи мо чеҳраҳои ҷавону соҳибмаърифат кам нестанд, ки бо донишу ҷаҳонбинӣ, ахлоқи ҳамида ва ҳисси баланди ватандӯстӣ метавонанд барои дигарон намуна бошанд. Яке аз чунин ҷавондухтарони фаъолу умедбахш Субҳия Тоҳирзода мебошад, ки баъд аз ба даст овардани номинатсияи “Мисс интеллект”-и Озмуни шаҳрии “Мисс Душанбе” бештар дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеа қарор гирифт. Ӯ тавонист бо сухани фасеҳ, маърифати баланд ва ҷаҳонбинии васеъ исбот созад, ки зебоии воқеӣ, пеш аз ҳама, дар ақлу заковат, фарҳанг ва ботини пок таҷассум меёбад.
Субҳия бовар дорад, ки ҳар дастовард, пеш аз ҳама, масъулият аст. Иқдоми хайрхоҳонаи ӯ, яъне расонидани кумак ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб нишон дод, ки дар баробари ҷавон, зебо ва соҳибистеъдод будан ӯ қалби саршор аз меҳру инсондӯстӣ дорад. Перомуни рӯзҳои озмун, эҳсосоти пирӯзӣ, маънои зебоии воқеӣ, иқдоми хайрхоҳонааш ба мардуми Кӯлоб ва нақши оила дар зиндагӣ бо ӯ суҳбати самимӣ анҷом додем, ки фишурдаи онро манзуратон мегардонем.
- Пеш аз ҳама, Шуморо ба муносибати ба даст овардани ҷоизаи номинатсияи “Мисс интеллект”-и Озмуни шаҳрии “Мисс Душанбе” табрик мегӯем. Ин пирӯзӣ барои Шумо чӣ аҳамият дорад?
- Ташаккури зиёд. Ин пирӯзӣ, пеш аз ҳама, шахсан барои ман нишон дод, ки ҳар чиз бо заҳмату талош ба даст хоҳад омад. Ман ба худ бовар кардам, ки метавонам ба мақсад расам, агар шавқу рағбат дошта бошам. Барои ман ин танҳо як унвон нест, балки натиҷаи меҳнат, сабр ва боварӣ ба худ мебошад.
- Озмуни “Мисс Душанбе” ба Шумо чӣ таҷриба дод?
- Ин озмун барои ман як мактаби бузурги зиндагӣ шуд. Дар ин озмун бо чанде аз духтарони соҳибҷамолу боҳунар шинос шудам. Бовар кунед, бо сирати пок сурат чӣ қадар зеботару равшантар мегардад. Духтарон ба ғайр аз зебо будан, муомила ва рафтори бисёр хуб доштанд. Мо зуд бо ҳамдигар дӯст шудем. Дигар ин ки ман ба ҳар чиз аҳамият медиҳам, махсусан ба тарзи рақобатпазирӣ. Мо ҳама бар зидди якдигар рақобат мекардем, вале инсоният дар мадди аввал меистод. Ҳар кас кӯшиш мекард эҳсосоти худро идора намояд ва агар наметавонист, дар рафти озмун инро меомӯхт.
-Зебоии воқеиро дар чӣ мебинед?
-Зебоии воқеӣ ин ҳамоҳангии ҳусну ҷамол бо ботини нек аст. Агар зеботарин духтари рӯи дунё муомила ва пиндори нек надошта бошад, зебоии сураташ аз назар ноаён мегардад. Ман фикр мекунам, ки ахлоқи ҳамида, сухани нек ва муносибати хуб инсонро воқеан зебо мегардонад.
-Вақте Шуморо ғолиби номинатсияи “Мисс интеллект” эълон карданд, чӣ эҳсос доштед?
-Ростӣ, ман фикр кардам, ки ин хоб аст. Чунки худро ҳадди ақал дар “Мисс маҳбуби дилҳо” тасаввур доштам. Дар рӯзҳои охир, аз сабаби он ки дар натиҷаҳои овоздиҳӣ ман якчанд рӯз дар мадди аввал будам, худро барои ин унвон омода карда будам. Вале новобаста аз ин, мақсади асосии ман аз иштирок дар озмун ба даст овардани унвони “Мисс интеллект” буд. Вақте ин номинатсияро соҳиб шудам, хеле хушҳол шудам.
-Шумо ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб 50 ҳазор сомонӣ кумак намудед. Чӣ омил Шуморо ба ин иқдом водор кард?
- Пеш аз ҳама, мехостам, ки суханони худро дар амал исбот карда бошам. Ҳангоме мегӯям, ки дар қалби мо - ҷавонон бояд ватандӯстӣ ва ватанпарварӣ парвариш дода шуда бошад, ман бояд ин суханони гуфташударо, пеш аз ҳама, дар амалҳои худ исбот кунам. Фикр намекунам, ки ягон кори ғайричашмдошт карда бошам. Ин вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, чунки моро ҳамин Ватан парваридааст. Чун ман донишҷӯ ҳастам, имконияти шахсан ба он ҷо рафтану ба онҳо кумак карданро надоштам. Барои ҳамин тасмим гирифтам, ки қисме аз маблағи ҷоизаи худро тавассути Негматов Мансур, шахси ташаббускор, ки ният дорад ба мардуми осебдидаи шаҳри Кӯлоб кумак расонад, расонида бошам ва бо ин маблағ онҳо тавонанд як гӯшаи хонаи худро обод карда бошанд. Ман ин корро вазифаи шаҳрвандии худ медонам.
- Бисёриҳо ин амали Шуморо самараи тарбияи дуруст медонанд. Нақши оила дар зиндагии Шумо то чӣ андоза муҳим аст?
- Албатта, тарбияи ҳар як шахс аз оила сарчашма мегирад. Ин тарбияи дурусти падару модари азизи ман аст. Ман набераи ду шахси таърихӣ - Сафаралӣ Раҷабов ва Тоиров Урватулло ҳастам ва меҳр ба китобу илмҷӯиро аз тарбияи онҳо дар қалби худ эҳсос мекунам. Ман ватандӯст буданро аз онҳо омӯхтам, садоқат ба Ватанро аз падарам ва оромиву таҳаммулпазириро аз модарам. Боварии волидон, хешу наздикон ва дастгирии онҳо сабаби асосии ғолибияти ман аст.
-Дар анҷом ба ҷавонони имрӯза чӣ паём медиҳед?
-Ҷавонони азиз, илм ҷӯед, хонед ва боз хонед. Мо ба Ватанамон лозим ҳастем, бояд онро ҳифз кунем. Ҳамаи арзишҳои миллӣ, таърихи куҳанбунёд, фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони ба мо меросмонда аз интихоби роҳи дурусти мову шумо вобаста аст. Биёед, Ватанамонро дӯст дорем, онро обод созем ва ҳамчун халқи пуршараф дар тамоми дунё онро муаррифӣ намоем.
АЗ ИДОРА: ...Субҳия Тоҳирзода намунаи ҷавондухтари соҳибмаърифат, бофарҳанг ва ватандӯсте мебошад, ки кӯшиш дорад суханонашро бо амал исбот намояд. Дар ҳар ҷавоби ӯ эҳтиром ба оила, муҳаббат ба мардум, арҷгузорӣ ба илму дониш ва ҳисси баланди масъулият эҳсос мешавад. Маҳз чунин ҷавонон метавонанд симои воқеии ҷавони тоҷикро муаррифӣ кунанд. Имрӯз, ки ҷомеа бештар ба чеҳраҳои воқеан арзанда ниёз дорад, ҳузури чунин ҷавондухтарон умед мебахшад. Субҳия Тоҳирзода барои бисёре аз ҷавонон метавонад намунаи ибрат бошад, - намунаи духтаре, ки зебоии ҳақиқиро на танҳо дар симо, балки дар ботини пок, сухани нек ва муҳаббат ба мардум мебинад.
Сабринаи САЙВАЛӢ, «Хатлон»
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
