Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » АҲТАМ НАЗАРОВ - СИТОРАИ ДУРАХШОНИ ФУТБОЛИ ТОҶИК


АҲТАМ НАЗАРОВ - СИТОРАИ ДУРАХШОНИ ФУТБОЛИ ТОҶИК




Рӯзи ҷаҳонии футбол фурсати беҳтарин аст, то дар бораи нафароне ҳарф занем, ки ҳаёти худро фидои ин намуди варзиш кардаанд ва барои насли ҷавон намунаи ибратанд. Яке аз чунин ситораҳои дурахшони футболи тоҷик Аҳтам Назаров, капитани тими миллии кишвар ва футболбози дастаи “Вахш”-и шаҳри Бохтар мебошад.

ОҒОЗИ РОҲ

Ӯро ҳамчун як бозингари ботаҷриба ва ситораи футболи тоҷик мешиносанд. Аммо ин маҳбубият маҳсули меҳнати зиёд ва машаққатҳои пасипардагии чандинсола аст. Таърихи футболи ин бозингар аз майдонҳои боҳашамат ва чаманҳои сабзи сунъӣ оғоз наёфтааст. Ӯ низ мисли бузургтарин ситораҳои футболи ҷаҳонӣ аввалин қадамҳои худро аз кӯчаҳои маҳалла ва майдончаҳои одии мактаб, дар миёни шӯру валвалаи кӯдакона оғоз кардааст. Ӯ маҳз дар ҳамон муҳит ва бо пойҳои хаста, аммо бо иродаи қавӣ, дарси аввалини муборизаро омӯхт. Орзуҳои кӯдакии ӯ имрӯз дар симои капитани тими миллии Тоҷикистон

– Аҳтам Назаров ҷомаи амал пӯшиданд. Худи Аҳтам мегӯяд: «Маҳз футбол буд, ки дар он солҳои мушкил маро аз роҳи бад эмин дошт. Ҳамон вақт бо роҳбарии як мураббӣ ҳамроҳи бачаҳои маҳалла тамринро сар кардем. Бозиҳои зебои Зидан ва Роналдо дар Ҷоми ҷаҳонии соли 1998 маро чунон шефта карданд, ки роҳи худро барои ҳамешагӣ дақиқ интихоб намудам. Ин танҳо футбол буд ва бас». Ин пайроҳа Аҳтамро ба майдонҳои калонтари варзишӣ ҳидоят намуд.

Қадами аввалини ӯ дар футболи касбӣ бо дастаи КМВА ва "Барқчӣ" пайванд гашт, ки дар он ҷо маҳорати худро сайқал дод. Аммо марҳилаи тиллоӣ ва гардиши куллӣ дар фаъолияти варзишии ӯ гузариш ба дастаи "Истиқлол"-и пойтахт буд. Дастае, ки ҳамеша дар назди худ ҳадафҳои бузург мегузошт ва танҳо барои пирӯзӣ мубориза мебурд. Худи Аҳтам он солҳоро давраи камолот ва рушди касбияти худ меҳисобад.

100 БОЗӢ БО ПИРОҲАНИ ТИМИ МИЛЛӢ

Маҳорат ва садоқати Аҳтам Назаров имрӯз ӯро дар остонаи як нишондоди таърихӣ - 100-умин бозӣ бо пироҳани тими миллӣ қарор додааст. Мақоми ӯро дар даста сармураббии нави тими миллии кишвар Игор Ангеловский баланд арзёбӣ карда, дар ин бора чунин гуфт: “Аҳтам Назаров бозигари калидии мунтахаби Тоҷикистон аст. Ман медонам, ки ӯ айни замон 98 бозӣ дорад. Бешубҳа, 100-умин бозии худро дар ҳайати тими миллӣ хоҳад кард. Медонам, ки ӯ барои дастаи Тоҷикистон корҳои зиёде кардааст ва бозигароне мисли ӯ барои насли ҷавон намунаи ибратанд. Футболбозоне, ки солҳои тӯлонӣ пироҳанҳои яккачини кишварро ҳимоя мекунанд, сазовори эҳтироми бузурганд. Таҷриба ва хислатҳои роҳбарии онҳо барои даста муҳим мебошанд”.

Худи Аҳтам мегӯяд, ки шумораи бозиҳои худро дар ҳайати тими миллии кишвар ҳисоб намекард ва чанд муддат пештар ба ӯ хабар доданд, ки дар остонаи як нишондоди таърихӣ қарор дорад. “Бароям ин як лаҳзаи ҳассос ва ростӣ каме ҳаяҷоновару фишоровар аст. Чунки ин на ба ҳар як футболбоз муяссар мешавад. Миннатдории худро ба сармураббии нави тими миллии кишвар Игор Ангеловский бобати бовариву суханони некашон баён медорам. Ҳадафи асосиам ин аст, ки дар ин лаҳзаҳои таърихӣ тими миллӣ, сармураббӣ ва мухлисони вафодорамонро, ки ҳамеша моро дастгирӣ мекунанд, ноумед насозам ва шарафи пироҳани муқаддаси кишварро баланд бардорам”, - мегӯяд Аҳтам.

Дар баробари рекорди бозиҳо Аҳтам Назаров боз як бори гарони дигар - дастбанди капитании тими миллиро бар дӯш дорад. Худи Аҳтам мегӯяд: “Бардоштани бори дастбанди капитанӣ хеле вазнин аст. Ин аз ту масъулияти дучандро талаб мекунад. Вақте бо ин дастбанд ба майдон мебароӣ, ту барои бозии хубу ҳолати рӯҳиву равонии тамоми даста масъул ва ба умеду боварии миллионҳо мухлис ҷавобгӯ ҳастӣ”. Ин масъулияти вазнин ва муҳаббати бепоён ба Ватанро мухлисон дар Ҷоми Осиё-2023 ба чашми худ диданд.

Вақте тими миллии Тоҷикистон ба даври 1/4-ниҳоӣ баромад ва дар он ҷо бо як гол аз дастаи Урдун шикаст хӯрд, ин барои миллат як дарди сангин буд. Аммо ин дардро беш аз ҳама капитан ҳис мекард. Дар мусоҳибаи мустақими баъди бозӣ, вақте ки Аҳтам Назаров мехост ба мухлисон изҳори сипос кунад, гиря гулӯгираш кард... Ӯ натавонист суханронии худро идома диҳад... «Лаҳзае, ки ҳуштаки анҷоми бозӣ бо Урдун садо дод, гӯё дунё дар назарам лаҳзае истод. Танҳо як қадам монда буд... як қадами дигар то таърихи нав. Вақте баъди бозӣ дар назди баландгӯяк истодам, то ба мухлисон паёмамонро расонам, дар зеҳнам тамоми он роҳе, ки аз кӯчаҳои маҳалла то ин варзишгоҳи бошукӯҳ тай карда будам, мисли навор гузашт... гиря гулӯямро гирифт. Ашкҳоям ихтиёрӣ набуданд, онҳо ашки дард ва афсӯс буданд. Дар он сонияҳо ман вазнинии дастбанди капитаниро бо тамоми вуҷудам ҳис кардам. Натавонистам суханамро давом диҳам...».

«ДАРСИ ЗИНДАГИИ МОДАР МАРО БА ИН ҚУЛЛА РАСОНД»

Пушти ҳар як варзишгари муваффақ оилаи устуворест, ки нерубахши қадамҳои ӯст. Барои Аҳтам Назаров низ оила муқаддастарин бахши ҳаёт аст. Дар зиндагии футболбоз нафаре, ки ӯро ҳамеша ба пеш қадам гузоштан таҳрик медиҳад, маҳз модар мебошад. Аҳтам аз кӯдакӣ бо имтиҳонҳои вазнини тақдир рӯбарӯ шуд. Вай ҳамагӣ чанд сол дошт, ки сояи падари бузургвораш аз сараш дур гашт ва дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бенишон шуд... Баъд аз ин, тамоми бори гарони зиндагӣ ва тарбияи ӯву бародараш бар дӯши модар афтод. Худи Аҳтам бо он рӯзҳо ва нақши модарашро чунин ба қалам медиҳад: «Вақте ки кӯдак будам, медидам, ки модарам чӣ гуна мардонавор пастиву баландиҳои рӯзгорро таҳаммул мекунад, сахтиҳоро ба дӯш мегирад ва барои мо мубориза мебарад. Ба худ савол медодам: "Вақте як зан бо ин ҳама мушкилот таслим намешавад, чаро ман натавонам?".

Маҳз ҳамин дарси зиндагии модарам маро сохт ва ба ман омӯхт, ки дар майдони футбол низ дар баробари ҳеҷ фишору шикасте набояд сар хам кунам». Замоне ки Аҳтам ва бародараш ба воя расида, аввалин қадамҳои худро дар ҷодаи касбӣ устувор намуданд, онҳо як қарори мардона гирифтанд. Варзишгар он лаҳзаи хотирмон ва давраи гардиши ҳаёти оилавиро бо ифтихор чунин ба ёд меорад: "Вақте ман ва бародарам дастранҷи худро ёфтем, бо ҳам маслиҳат кардем ва рафта модарамро аз кор гирифтем. Барояш гуфтем: “Модарҷон, дигар бас аст. То имрӯз шумо барои мо заҳмат кашидед, азоб кашидед ва моро ба камол расонидед. Акнун вақти он расид, ки мо кор кунем ва шумо истироҳат!” Ин бузургтарин пирӯзии ҷавонии мо буд".

Яке аз хотирмонтарин ва пурэҳсостарин дақиқаҳои зиндагии Аҳтам ба соли 2017 рост меояд, вақте ки ӯ дар хориҷи кишвар, дар остонаи як бозии муҳим қарор дошт. Масъулияти ватандорӣ ӯро дар он лаҳзаи бузург аз хонаву диёр дур нигоҳ дошта буд, аммо паёми оила ҳамаи масофаҳоро кӯтоҳ кард.

Худи Аҳтам он лаҳзаҳоро бо ҳаяҷон чунин нақл мекунад: «Соли 2017 буд ва мо дар хориҷи кишвар бозӣ доштем. Пеш аз ба майдон баромадан, модарам бароям як паёми табрикӣ фиристод ва муждаи бузурге дод - хабар дод, ки ман бори падар шудам! Ин лаҳза ба ман як ҷаҳон неру, шавқ ва ҳаяҷони фаромӯшнашаванда бахшид. Ман бо рӯҳияи баланд ба майдон баромадам ва хушбахтона, дар он бозӣ ба задани гол даст ёфтам. Он голи аввалини падар буданамро бо тамоми вуҷудам ба духтарчаи азизам бахшидам». Имрӯз он духтарча - Самина, бародару хоҳараш Самир ва Сафия - се фарзанди дӯстрӯяки Аҳтам Назаров, бузургтарин бойигарии ин оилаи намунавӣ ҳастанд. Ҳоло, сарфи назар аз реҷаи вазнини тамринҳо ва сафарҳои пайвастаи дохилу хориҷӣ, Аҳтам ҳамеша кӯшиш мекунад, ки вақти худро бо наздикон - модар, ҳамсар ва фарзандонаш гузаронад. Барои ӯ оила ҳамон паноҳгоҳи устуворест, ки пас аз бозиҳои вазнину сафарҳои тӯлонӣ барояш оромиш мебахшад ва бешак, дар оила низ ӯ як капитани намунавист.

КАПИТАНИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР ВОДИИ «ВАХШ»

Гузариши Аҳтам Назаров ба дастаи овозадори «Вахш»-и Бохтар дар футболи кишвар як садои баланд ва барои мухлисони даста як хушхабари таконбахш буд. Худи Аҳтам Назаров ин қадами нави фаъолияти касбиашро ифтихори бузург дониста, мегӯяд: «Пӯшидани либоси "Вахш" бароям як шарафи хос аст. Ин ҷо мактаби бузурги футбол ва мухлисони бениҳоят самимӣ дорад, ки футболро мефаҳманд ва бо тамоми вуҷудашон дӯст медоранд. Ҳар як бозӣ дар назди мухлисон кайфияти хоссае дорад. Вақте ба ман аз ҷониби даста пешниҳоди ҳамкорӣ шуд, ҳадафҳои калони он писандам омад. Ин як даста ва мактаби бузургест, ки шогирдони он ҳамеша шарафи тими миллиро ҳимоя мекунанд. Ба қавле легендаҳои зиёди худро дорад, ки дар хурдӣ бозии ҷолиби онҳоро бо шавқ тамошо мекардем. Кор дар паҳлуи мураббиёне, ки аз фаъолияти футболбозии худ номи нек гузоштаанд, хушоянд аст». Ҳамдастагони Аҳтам дар дастаи “Вахш” ба ӯ эҳтироми хос доранд.

-Ҳузури Аҳтам дар майдон бароямон дилпурӣ мебахшад. Вақте мебинӣ, ки капитани тими миллӣ дар паҳлуят бо тамоми вуҷуд мубориза мебарад, ту ҳаққи сустӣ карданро надорӣ, - мегӯянд онҳо.

АҲТАМ: “МАҲБУБИЯТ ДАР МАЙДОН АСТ, НА ДАР ТЕЛЕФОН”

Аҳтам Назаров ҳамчун капитани тими миллӣ, набзи насли ҷавони футбол ва ҷомеаро хуб ҳис мекунад. Ӯ яке аз мушкилоти асосии ҷавонони имрӯзаро дарк карда, бо нигаронӣ як паёми пурмаъноеро ба онҳо мерасонад: «Мутаассифона, имрӯз бархе аз ҷавонон мехоҳанд на дар майдони воқеии футбол, балки ба воситаи телефон ва шабакаҳои иҷтимоӣ маҳбубияти худро ба даст оранд. Онҳо бештар дар фикри намоиш ва шуҳрати маҷозӣ ҳастанд. Аммо ҳақиқат ин аст, ки шуҳрату маҳбубияти аслиро танҳо бо арақи ҷабин, заҳмати шабонарӯзӣ ва мубориза дар майдон метавон соҳиб шуд. Варзишгари ҳақиқӣ бояд дар амал худро нишон диҳад. Телефон ба касе маҳорат ва эҳтироми ҳақиқӣ намебахшад. Танҳо меҳнати ҳалол ва хоксорӣ дар майдон аст, ки туро дар дилу дидаи мардум ҷо мекунад».

ПАЁМИ АҲТАМ БА ҶОЙИ ОХИРСУХАН:

- Футбол барои мо роҳи ҳаёт аст. Омилест, ки миллионҳо дилҳоро ба ҳам мепайвандад ва миллатро муттаҳид мекунад. Барои мо боиси ифтихори бузург аст, ки маҳз бо ташаббуси Тоҷикистон ва пешниҳоди Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 25-уми майро расман "Рӯзи ҷаҳонии футбол" эълон кард. Ин нишонаи эҳтироми ҷаҳон ба талошҳои кишвари мо дар роҳи рушди варзиш аст. Ман ин ҷашни бузургро ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, мухлисони содиқ, ҷавонони орзуманд ва албатта, ба мухлисони ҳамешагии дастаи овозадори "Вахш"-и Бохтар муборакбод мегӯям! Ба ҳар як футболбози ҷавон таманно дорам, ки ҳеҷ гоҳ аз орзуҳои худ даст накашанд, дар майдон содиқона заҳмат кашанд ва шарафи футболи тоҷикро дар сатҳи ҷаҳонӣ баланд бардоранд. Рӯзи ҷаҳонии футбол муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Далер ИБОДУЛЛОЗОДА, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода