Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ФАРИЗА - ҒОЛИБИ ОЗМУНИ “ИЛМ - ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”


ФАРИЗА - ҒОЛИБИ ОЗМУНИ “ИЛМ - ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”




Дар замоне, ки ҷаҳон бо суръати бесобиқа ба самти технология, рақамикунонӣ ва иқтисоди донишбунёд ҳаракат мекунад, нақши ҷавонон дар рушди давлатҳо беш аз ҳар вақти дигар муҳим арзёбӣ мегардад. Имрӯз муваффақияти кишварҳоро на танҳо захираҳои табиӣ ё имкониятҳои иқтисодӣ, балки, пеш аз ҳама, сатҳи рушди илм, навоварӣ ва қобилияти офаридани технологияҳои худӣ муайян менамояд. Дар чунин шароит ҷавонони донишманд, ихтироъкор ва ташаббускор ба яке аз неруҳои калидии рушди ҷомеа табдил ёфтаанд.

Дар радифи чунин ҷавонони фаъол метавон аз докторанти ҷавон Исоева Фариза Муҳаммадҷоновна ва ҳаммуаллифи ӯ омузгори ҷавон Назаров Аминҷон, аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ёдовар шуд, ки барои ихтирои «Дастгоҳи шустушӯи ғалладона “АгроTaj”» соҳиби Нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1627 гардидаанд. Шояд дар назари аввал сохтани як дастгоҳи шустани ғалла кори одӣ намояд. Вале, вақте ба масъала аз диди иқтисод, кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ назар меандозем, маълум мегардад, ки чунин навоварӣ метавонад аҳамияти васеътар дошта бошад.


Тоҷикистон кишвари аграрӣ аст ва соҳаи кишоварзӣ яке аз бахшҳои муҳимми иқтисоди миллӣ ба шумор меравад. Аз ҳамин ҷиҳат, масъалаи баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, коҳиш додани талафоти маҳсулот ва истифодаи технологияҳои мутобиқ ба шароити маҳаллӣ имрӯз ба масъалаи мубрам табдил ёфтааст. Ба гуфтаи муаллифон, идеяи сохтани дастгоҳ аз мушкилоти амалии соҳа сарчашма гирифтааст.

Исоева Фариза зимни суҳбат иброз медорад: «Дар истеҳсолот таҷҳизотҳои гуногуни ғаллатозакунӣ вуҷуд доранд, аммо на ҳамаи онҳо барои омодасозии пурраи маҳсулот, махсусан барои ҳаҷми зиёд ва шароити хоҷагиҳои маҳаллӣ, мувофиқ мебошанд». Маҳз ҳамин масъала онҳоро водор кардааст, ки роҳи ҳалли амалии худро пешниҳод намоянд. Ихтирои мазкур ба соҳаи мошинсозии кишоварзӣ тааллуқ дошта, барои шустан, тоза кардан ва хушк намудани намудҳои гуногуни ғалладона пешбинӣ шудааст.


Дастгоҳ аз бункер, механизми шустушӯйкунанда, ҷӯйборҳои махсуси хориҷсозии оби ифлос, элакҳои ларзишдор ва вентилятори хушккунанда иборат мебошад. Раванди кор низ пайдарпай тарҳрезӣ шудааст: ғалла ба дастгоҳ ворид мешавад, шуста мегардад, аз оби ифлос ҷудо мешавад, намии зиёдатӣ бартараф гардида, дар натиҷа маҳсулоти тоза ва хушсифат ҳосил мегардад. Аммо хусусияти муҳимтарини «АгроTaj» танҳо механизми кории он нест. Ба гуфтаи Назаров Аминҷон, ҳангоми таҳияи дастгоҳ бештар ба масъалаи мутобиқ будан ба шароити воқеии Тоҷикистон таваҷҷуҳ дода шудааст. 

Ӯ мегуяд: «Мо кӯшиш кардем таҷҳизоте пешниҳод кунем, ки на танҳо самаранок бошад, балки барои истифода дар хоҷагиҳои хурд, минтақаҳои деҳот ва шароити гуногуни истеҳсолӣ низ мувофиқат намояд». Дастгоҳ ҳаҷми нисбатан хурд дошта, ба осонӣ аз як ҷой ба ҷойи дигар интиқол дода мешавад. Ҷолибтар аз ҳама он аст, ки таҷҳизот метавонад бо батареяи 12-волта ё панели офтобӣ фаъолият намояд. Дар шароити имрӯза, ки масъалаи сарфаи неру ва истифодаи манбаъҳои алтернативии энергия аҳамияти бештар пайдо кардааст, чунин хусусият дастгоҳро аз бисёр таҷҳизоти дигар фарқкунанда мегардонад.

КОРШИНОСОН БАР ОН НАЗАРАНД, КИ ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ САРФАКОРОНА ВА МУТОБИҚ БА МУҲИТИ МАҲАЛЛӢ ЯКЕ АЗ ШАРТҲОИ МУҲИММИ РУШДИ КИШОВАРЗИИ МУОСИР МЕБОШАД. ИМРӮЗ ДАР БИСЁР ХОҶАГИҲО ҲАНӮЗ ҲАМ УСУЛҲОИ АНЪАНАВИИ КОРКАРДИ МАҲСУЛОТ ИСТИФОДА МЕШАВАНД. ИН ҲОЛАТ БОИСИ ЗИЁД ШУДАНИ ХАРОҶОТ, ТАЛАФОТИ МАҲСУЛОТ ВА ПАСТ ШУДАНИ СИФАТИ ИСТЕҲСОЛОТ МЕГАРДАД.

Исоева Фариза бар ин назар аст, ки масъала танҳо дар суръати кор нест. Ба гуфтаи ӯ: «Ҳадафи асосӣ беҳтар намудани сифати коркард, кам кардани талафот ва дастрас намудани маҳсулоти тозаву бехатар барои истеъмолкунанда мебошад». Ин андеша тасодуфӣ нест. Зеро масъалаи сифати маҳсулоти озуқаворӣ имрӯз дар тамоми ҷаҳон аҳамияти бештар пайдо кардааст. Коркарди нодурусти ғалла метавонад ба сифати орд, маҳсулоти нонӣ ва дигар маҳсулоти истеъмолӣ таъсири манфӣ расонад. Аз ҳамин сабаб, истифодаи технологияҳои муосир на танҳо масъалаи истеҳсолӣ, балки масъалаи саломатӣ ва амнияти озуқаворӣ низ ба ҳисоб меравад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ ба яке аз масъалаҳои калидии рушди давлатҳо табдил ёфтааст. Бисёр кишварҳо барои таъмини бозори дохилии худ ба рушди технологияҳои кишоварзӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ медиҳанд. Тоҷикистон низ ҳамчун кишвари аграрӣ дар ин самт иқдомҳои муҳим амалӣ менамояд. Аз ҳамин нигоҳ, ихтирои «АгроTaj» танҳо як таҷҳизоти техникӣ нест. Он намунаи ҷустуҷӯи роҳи ҳалли илмӣ барои мушкилоти воқеии иқтисод ва истеҳсолот мебошад. Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки ин дастовард маҳз аз муҳити илмӣ ва ташаббуси ҷавонон сарчашма гирифтааст.

Имрӯз бисёр идеяҳои ҷолиб маҳз дар фазои таҳқиқотӣ, озмоишӣ ва ҳамкории муҳаққиқону ҷавонон пайдо мешаванд. Самараи ин ҷустуҷӯ ва фаъолияти илмӣ танҳо бо гирифтани патент маҳдуд намондааст. Соли 2025 Исоева Фариза бо пешниҳоди ҳамин ихтироот дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз рӯйи номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» сазовори ҷойи аввал гардид.

Ин дастовард бори дигар нишон дод, ки идеяҳои навоваронаи ҷавонон метавонанд на танҳо дар муҳити илмӣ, балки дар сатҳи ҷумҳуриявӣ низ баҳои баланд гирифта, мавриди қадршиносӣ қарор гиранд. Ба гуфтаи муаллифон, роҳи расидан ба натиҷа осон набудааст. Барои омода намудани модели корӣ омӯзиш, муқоиса, таҷриба ва таҳлили чандин ҷанбаҳои техникӣ анҷом дода шудааст.

Назаров Аминҷон дар ин хусус мегӯяд: «Ҳар як идея то ба шакли ихтироъ расидан роҳу марҳилаҳои худро дорад. Дар ин роҳ танҳо дониш кофӣ нест, сабр, ҷустуҷӯ ва озмоиши пайваста низ зарур мебошад». Дар воқеъ, илм танҳо назария нест. Илм меҳнат, таҳқиқ, озмоиш ва ҷустуҷӯи беист аст. Барои ба даст овардани натиҷа муҳаққиқон бояд пайваста омузанд, хатоҳои худро ислоҳ кунанд ва роҳҳои беҳтарро ҷустуҷӯ намоянд. Аз ҳамин ҷиҳат, ҳар як ихтироъ натиҷаи заҳмати тӯлонӣ ва тафаккури созанда мебошад.

Имрӯз дар вилояти Хатлон низ шумораи ҷавононе, ки ба корҳои илмӣ, тадқиқотӣ ва навоварӣ рӯ меоранд, тадриҷан бештар мешавад. Ин раванд нишонаи муҳимми тағйири тафаккури ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Агар солҳои пеш бештар дар бораи муҳоҷират, интихоби касбҳои анъанавӣ ё танҳо гирифтани маълумот сухан мерафт, имрӯз қисме аз ҷавонон роҳи мушкил, вале шарафманди илм, ихтироъкорӣ ва технологияро интихоб кардаанд. Маҳз ҳамин гуна ҷавонон метавонанд симои нави Тоҷикистонро ташаккул диҳанд. Зеро дар ҷаҳони муосир давлатҳои пешрафта ҳамон кишварҳое ба ҳисоб мераванд, ки тавони истеҳсоли технологияҳои худро доранд. Вобастагӣ аз таҷҳизоти хориҷӣ ҳамеша хароҷоти бештар ва маҳдудиятҳои муайянро ба вуҷуд меорад. Аммо рушди технологияҳои миллӣ метавонад барои иқтисоди кишвар имкониятҳои нав фароҳам оварад.

Дар ҳамин замина, дастгирии ҷавонони ихтироъкор аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Танҳо гирифтани патент кофӣ нест. Муҳим он аст, ки чунин навовариҳо ба истеҳсолот роҳ ёбанд, сармоягузорӣ ҷалб гардад ва идеяҳо ба маҳсулоти воқеии иқтисодӣ табдил дода шаванд. Ба андешаи муаллифон, агар чунин таҷҳизотҳо мавриди дастгирӣ қарор гиранд, метавонанд ҳам дар хоҷагиҳои хурд ва ҳам дар корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ истифода шаванд.

Ба гуфтаи онҳо: «Мақсад танҳо сохтани як таҷҳизот нест, муҳим он аст, ки технология ба мардум фоида оварад ва дар истеҳсолот истифода шавад». Дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чунин дастовардҳо аҳамияти хос доранд. Онҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонон на танҳо иштирокчии равандҳои иҷтимоӣ, балки офарандаи идеяҳои нав, ташаббускори навоварӣ ва намояндагони насли нави илммеҳвар мебошанд.

Дастгоҳи «АгроTaj» шояд як ихтироъ бошад, аммо дар паси он як паёми муҳим нуҳуфтааст: ҷавонони тоҷик метавонанд офарандаи технология бошанд. Ва вақте идея ба ихтироъ табдил меёбад, он дигар танҳо муваффақияти як нафар нест, он нишонаи неруи зеҳнӣ, тафаккури созанда ва иқтидори ҷавонони тамоми кишвар мебошад.

Алишери АБДУЛМАҶИД, Умарҷон ТОШМАТОВ, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода