Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...

Суханорои Муродбег, мураббии ҷавоне, ки ифтихори соҳаи маорифи вилояти Хатлон гардидааст. Мавсуф бо касбияти баланди педагогӣ, ҳунару маҳорат ва дониши худ тавонист, ки ғолиби як қатор озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ гардида, даҳҳо нафар мураббиёни дигари ҷавонро кумак расонад. Ӯ намунаи садҳо кормандони ҷавони соҳаи маорифи вилоят ба ҳисоб меравад, ки методи таълимии ӯро дар муассисаҳои таълимӣ ҳамчун намуна ба дигар мураббиёну омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ муаррифӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа ва ояндасозони миллат мавқеи хос доранд. Имрӯзҳо дар ҳамаи соҳаҳо, бахусус соҳаи маориф, ҷавонони соҳибмаърифат, эҷодкор ва ташаббускор фаъолият намуда, бо донишу малака ва заҳмати содиқонаи худ дар рушди ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Албатта, Суханорои Муродбег, мураббияи Муассисаи давлатии таълимии томактабии №16 ба номи «Ситора»-и ноҳияи Ёвон аз ҷумлаи чунин ҷавонони фаъолу муваффақ мебошад, ки бо фаъолияти самарабахш ва дастовардҳои назаррас миёни аҳли маорифи вилояти Хатлон мавқеи шоиста касб намудааст.
Суханорои Муродбег пайваста барои баланд бардоштани сатҳи донишу таҷрибаи касбӣ талош намуда, дар баробари таълиму тарбияи насли наврас, дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ низ иштироки фаъолона дорад. Маҳз меҳнатдӯстӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва масъулиятшиносии ӯ буд, ки дар озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон» сазовори ҷойи аввал гардид. Мавсуф дар сатҳи вилояти Хатлон байни намояндагони 25 шаҳру ноҳия ғолиб омада, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта буд.
Дар даври ҷумҳуриявӣ бошад, миёни намояндагони шаҳри Душанбе, вилояти Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маҳорати касбии худро нишон дода, бо дониши мукаммал ва малакаи баланди педагогӣ ғолиб дониста шуд. Озмуни мазкур аз рӯйи шаш шарт баргузор гардида, иштирокчиён дар самтҳои муаррифии фаъолияти педагогӣ, дониш ва маҳорати касбӣ, мизи мудаввар, таҳлили ҳолатҳои равонӣ-педагогӣ, машғулияти таълимӣ ва тасвир намудану сохтани манзара бо дархости ҳайати доварон рақобат намуданд. Суханорои Муродбег дар ҳамаи шартҳо фаъолона иштирок карда, сатҳи баланди омодагӣ ва маҳорати худро собит сохт.
Фаъолияти эҷодии ӯ танҳо бо озмунҳои касбӣ маҳдуд намешавад. Суханорои Муродбег муаллифи се дастури методӣ бо номҳои «Оё медонанд?», «Хушҳолиҳо дар муассисаҳои томактабӣ» ва «Машъалафрӯз» мебошад, ки барои рушди фаъолияти таълимӣ ва тарбиявӣ аҳамияти муҳим доранд. Ҳамчунин, ӯ дар як қатор озмунҳои ҷумҳуриявии фарҳангиву маърифатӣ низ иштироки фаъол доштааст. Аз ҷумла, соли 2017 дар озмуни «Ҷилваи ҳусн» ҳамроҳи тарбиятгирандагони худ сазовори ҷойи аввал гардида, соли 2019 дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» аз рӯйи номинатсияи навозандагӣ, жанри анъанавӣ, ҷойи дуюмро соҳиб шудааст.
Дар соли ҷорӣ низ дар номинатсияи сарояндагӣ иштирок намуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтааст. Дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» низ фаъолона ширкат варзида, ба даври вилоятӣ роҳ ёфт. Яке аз тарбиятгирандагони ӯ, Султонова Оиша низ дар ҳамин озмун аз номинатсияи адабиёти муосир сазовори ҷойи сеюм гардид, ки ин аз таваҷҷуҳи махсуси мураббия ба рушди маънавию зеҳнии кӯдакон шаҳодат медиҳад. Ҳоло Суханорои Муродбег ҳамчун ҷавони фаъол, соҳибистеъдод ва умедбахши соҳаи маорифи вилояти Хатлон муаррифӣ гардида, бо фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои назаррас намунаи ибрат барои дигар ҷавонон мебошад.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба Суханорои Муродбег ва тамоми ҷавонони фаъолу созандаи кишвар тансиҳативу саодатмандӣ, иродаи қавӣ ва комёбиҳои боз ҳам бештар орзу менамоем. Ёдовар мегардем, ки дар вилояти Хатлон даҳҳо нафар ҷавонони лаёқатманд дар соҳаи маориф фаъолият намуда, дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзандаи худро гузошта, ифтихори хурду бузурги кишвар гаштаанд.
С. АЗИЗЗОДА, «Хатлон»
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Ҳамватанони гиромӣ! Муҳтарам кормандони соҳаи маориф!...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
