Нақши ҷавонон дар матбуоти даврӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 56
![]()
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар самту соҳаеро бидуни фаъолияти ҷавонон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Зеро ҷавонони худогоҳу хештаншинос бо дарки баланди масъулияти касбӣ дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ фаъолияти пурсамар намуда истодаанд. Тавре ба назар мерасад, дар самти матбуот низ кам нестанд ҷавононе, ки дар ин риштаи заҳматталабу пуршараф фаъолияти пурсамар доранд.
Ҷавонони даврони истиқлол қишри фаъолу неруманди ҷомеа ба шумор мераванд. Пешрафти ҳар як давлат аз сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ вобастагӣ дорад. Дар ин раванд матбуоти даврӣ рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва сомонаҳои хабарӣ нақши муҳим мебозанд. Матбуот на танҳо воситаи паҳн намудани ахбор аст, балки минбари тарбияи маънавӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷавонон низ башумор меравад. Матбуоти даврӣ метавонад ҷавононро ба дӯст доштани Ватан, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва ҳисси масъулиятшиносию хештаншиносӣ ҳидоят намояд.
Матлабҳои гуногунжанре, ки дар меҳвари дастовардҳои ҷавонон нашр мешаванд, дигар ҳамсолонро ба омӯзиш ва фаъолияти созанда руҳбаланд месозанд. Фаъолияти ҷавонон дар самти матбуоти даврӣ бештар ба назар расида, бо диду назари хос ва интихоби мавзуҳои мубрами рӯз мафкурасозӣ менамоянд.
Тавре муҳаққиқи соҳаи журналистика Носирҷон Маъмурзода мегӯяд: “Як таҳқиқоте, ки мо гузаронидем, тахминан 10-15 сол қабл синни кормандони нашрияҳои маҳаллӣ аз 50 боло буд. Имрӯз бошад, кормандони эҷодию техникии аксари нашрияҳои маҳаллӣ нисбатан ҷавон ҳастанд. Ин аз майли ҷавонон ба кор дар васоити ахбори омма дарак медиҳад. Хурсандиовар аст, ки имрӯзҳо аксар сардабирони нашрияҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Барои мисол сармуҳаррирони нашрияҳои ноҳияҳои Дӯстӣ, Муъминобод, Левакант, Темурмалик, Ш. Шоҳин ва М.С.А. Ҳамадонӣ сардабирони ҷавон ҳастанд ва бо диду нигоҳи тоза ба матбуот сарукор мегиранд”.
Бо рушди бемайлон намудани технологияи иттилоотӣ бисёр ҷавонон ҳамчун хабарнигор, блогер, таҳлилгар ва муҳаррир фаъолият мекунанд. Онҳо масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмиро матраҳ намуда, дар беҳтар намудани идеологияи ҷомеа саҳми созгор мегузоранд. Андешаи ҷавонон дар матбуот ба рушди озодандешӣ ва гуногунфикрӣ мусоидат мекунад. Дар замони муосир технологияҳои рақамӣ фаъолияти матбуоти давриро дигаргун сохтаанд. Ҷавонон бештар аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ истифода мебаранд. Аз ин рӯ, матбуот бояд бо забони сода ва ҷолиб масъалаҳои муҳимро ба ҷавонон пешниҳод намояд, то таваҷҷуҳи онҳоро ҷалб кунад.
“Дар раванди рақамишавии воситаҳои ахбори омма маҳз эҷодкорони ҷавон бештар фаъол ҳастанд. Ин ҷавонон ҳамчун як қувваи таҳрикдиҳанда дар кори медиа ба ҳисоб мераванд. Фикр мекунам, ки рӯзноманигорони собиқадор аз нуқтаи назари эҷод офариниш таҷрибаи худро ба ҷавонон интиқол диҳанд. Имрӯз аз ҷавонон имкониятҳои корбурди василаҳои техникиро калонсолон меомӯзанд”, - иброз дошт муҳаққиқи соҳаи журналистика Носирҷон Маъмурзода.
Матбуот метавонад ҷавононро ба роҳи дуруст роҳнамоӣ кунад, дар ҳоле, ки ҷавонон бо неру ва андешаҳои нав фаъолияти матбуотро ғанӣ мегардонанд. Аз ин рӯ, дастгирии ҷавонон дар соҳаи журналистика ва ҷалби онҳо ба матбуот барои рушди ҷомеаи муосир аҳамияти калон дорад.
Абдулло РИОЕВ, “Хатлон”
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...