Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » РӮЗНОМАНИГОР МАРДУМИ ДУ ДЕҲАРО БА ҲАМ МЕПАЙВАНДАД


РӮЗНОМАНИГОР МАРДУМИ ДУ ДЕҲАРО БА ҲАМ МЕПАЙВАНДАД



Дар замоне, ки аксарият мушкилро танҳо нақл мекунанд, ҷавоне аз Балҷувон тасмим гирифт онро ҳал кунад

Ӯ на мансабдор асту на муҳандиси машҳур. На пуштибон дорад ва на ширкати азим. Аммо тавонист кореро оғоз кунад, ки солҳо орзуи мардуми ду деҳа буд. Имрӯз дар яке аз минтақаҳои кӯҳии ноҳияи Балҷувон сохтмони кӯпруке оғоз ёфтааст, ки на танҳо ду соҳил, балки садҳо дилро ба ҳам мепайвандад. Дар паси ин ташаббуси созанда номи як ҷавон меистад - Хуршед Абдуалимо.

Ҷавоне, ки замоне аз минбари телевизион сухан мегуфту тариқи рӯзнома аз корҳои ободонӣ менавишт, имрӯз худ дар майдони амал қарор дорад. Ӯ Хуршед Абдуалимов, хатмкардаи риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, мебошад. Хуршед аз ҷумлаи ҳамон ҷавононест, ки донишгоҳ барои онҳо танҳо ҷойи гирифтани диплом набуд.

Барои Хуршед журналистика мактаби зиндагӣ гардид. Пас аз хатми донишгоҳ фаъолияти касбии худро дар телевизиони «Хатлон» оғоз намуд. Баъдан дар рӯзномаи «Ҷаҳони паём»-и Кумитаи телевизион ва радио фаъолият карда, муддате дар филиали “Телевизиони Сафина” низ кор кард. Ӯ ба шаҳру ноҳияҳои гуногун сафар мекард. Аз роҳҳои сохташуда, мактабҳои нав, бунгоҳҳои тиббӣ ва ташаббусҳои мардумӣ гузориш омода менамуд. Шояд он вақт худи ӯ ҳам фикр намекард, ки рӯзе қаҳрамони чунин як гузориш мешавад.

- Солҳое, ки дар соҳаи журналистика фаъолият мекардам, ба шаҳру ноҳияҳои гуногун сафар намуда, аз ҷараёни корҳои ободонӣ ва ташаббусҳои мардумӣ гузориш омода месохтам. Дар он сафарҳо медидам, ки чӣ гуна мардум бо ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирии якдигар роҳ месозанд, пул бунёд мекунанд ва мушкилоти худро бе интизорӣ ҳал менамоянд. Ҳамин таҷрибаҳо дар зеҳнам нақш бастанд ва ба ман дарси муҳим доданд. Вақте мардум муттаҳид мешаванд, ҳатто корҳои ба назар душвор ҳам амалӣ мегарданд, - ба ёд оварда мегӯяд Хуршед. - Имрӯз шодам, ки бо дастгирии сокинон ба бунёди бузургтарин пули ноҳия оғоз намудем. Ин сохтмон танҳо кори муҳандисиву техникӣ нест, он намунаи қудрати иттиҳод ва ҳамдилии мардум аст. Ҳар нафаре, ки дар ин ҷо саҳм мегузорад хоҳ бо меҳнат, хоҳ бо маблағ ва хоҳ бо як маслиҳати нек, номаш дар таърихи ин созандагиҳо сабт мегардад, - илова карда гуфт ӯ.


Журналистика ба Хуршед танҳо навиштану наворбардорӣ наомӯзонд. -Ба қавли ӯ, оғози ҳар кори бузург осон нест. Вале вақте ният нек бошад, роҳ ҳам пайдо мешавад. Имрӯз шоҳиди онем, ки ҷавонони бонангу номус, куҳансолони рӯзгордида, соҳибкорон ва сокинони одӣ паҳлуи ҳам қарор гирифтаанд. Яке санг мекашад, дигаре арматура мебофад, савумӣ бетон мерезад ва нафари дигар бо маблағи худ саҳм мегузорад. Муҳим он аст, ки ҳамагон худро шарики ин кори хайр медонанд.

Ба гуфтаи Хуршед, миёни ҷавонон ҳатто як рӯҳияи зебои рақобати созанда ба вуҷуд омадааст. Онҳо вобаста ба сину сол гурӯҳи ободкор ташкил намуда, кӯшиш мекунанд бештар саҳмгузор бошанд.

Ин ҳолат нишон медиҳад, ки ҳисси масъулият ва муҳаббат ба зодгоҳ дар байни ҷавонон то чӣ андоза қавӣ шудааст. - Иқдоми мазкур танҳо ба сокинони ду деҳа маҳдуд намондааст. Сокинони дигар маҳаллаҳо ва деҳаҳои ноҳия низ ба қадри имкон кумак расонида истодаанд. Яънеин кӯпрук танҳо аз бетону оҳан сохта намешавад, аз боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоди мардум бунёд мегардад, - афзуд ӯ. Сокинони деҳаҳои Файзобод ва Шаҳиди Бобохон солҳои зиёд аз набудани пули мошингузар ранҷ мекашиданд. Хусусан, дар фаслҳои зимистон ва баҳор рафтуомад мушкилӣ эҷод мекунад.

Баланд шудани сатҳи об баъзан роҳро комилан мебаст. Модарон барои ба беморхона бурдани фарзанди бемор ва деҳқонон маҳсулоти заҳмати худро сари вақт ба бозор расонда наметавонистанд. Аз ин рӯ, аҳолӣ орзу мекарданд, ки рӯзе ин мушкил ҳал шавад. Аммо орзу солҳои зиёд танҳо орзу монд. То вақте ки як ҷавони ташабускор тасмим гирифт орзуро ба ҳақиқат табдил диҳад.

ХУРШЕД АБДУАЛИМОВ АВВАЛ МАРДУМРО БА ҲАМ ОВАРД. БО ЧАНД НАФАР СУҲБАТ НАМУД. БАЪД ТАВАССУТИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА ГУРӮҲҲОИ WHATSAPP СОКИНОНРО МУТТАҲИД СОХТ. ОҲИСТА-ОҲИСТА ИН ИДЕЯ ҶОНИБДОР ПАЙДО КАРД. ЯКЕ ГУФТ МАБЛАҒ МЕДИҲАМ.

Дигаре техника пешниҳод кард. Савумӣ гуфт, ки ҷавононро ҷамъ мекунам. Ҳамин тавр, орзуи солҳои зиёд ба нақшаи воқеӣ табдил ёфт. Имрӯз бошад, дар соҳили дарё сохтмони кӯпруке идома дорад, ки 242 метр дарозӣ ва 4 метр паҳноӣ дошта, қобилияти то 15 тонна вазн бардоштанро дорад. Баъди анҷоми сохтмон воситаҳои нақлиёт аз ин кӯпрук мегузаранд.

Кӯдакон ба мактаб роҳ мераванд. Беморон сари вақт ба беморхона мерасанд. Деҳқонон маҳсулоти худро ба бозор мебаранд. Аммо ин кӯпрук танҳо роҳи гузар нахоҳад буд. Он рамзи як ҳақиқат мешавад: агар мардум муттаҳид шаванд, ҳатто орзуҳои душвортарин ҳам амалӣ мешаванд. Ва баъд аз солҳои зиёд мардум номи ҳамаи саҳмгузоронро бо некӣ ба ёд меоранд.

Н. САМАДЗОДА, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода