ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ИНКИШОФИ КӮДАК ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 42
![]()
Имрӯз, 22 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас дар маросими ифтитоҳи Маркази инкишофи кӯдак дар назди муассисаи таълимии №18 дар ноҳияи Дӯстӣ иштирок намуданд.
Зимни боздид ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки маркази навбунёд барои фарогирии 48 нафар кӯдак дар ду баст пешбинӣ гардида, бо тамоми шароити зарурии таълиму тарбия таъмин мебошад. Дар марказ барои рушди зеҳнӣ, маънавӣ ва ҷисмонии кӯдакон синфхонаҳои муҷаҳҳаз, воситаҳои таълимӣ ва шароити мусоиди омӯзишӣ фароҳам оварда шудаанд.
Таъкид гардид, ки таъсиси чунин марказҳо дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат нақши муҳим дошта, барои омодасозии кӯдакон ба таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ заминаи мусоид мегузорад. Муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак ба рушди қобилиятҳои зеҳнӣ ва эҷодии кӯдакон мусоидат намуда, онҳоро ба зиндагии иҷтимоӣ омода месозанд. Ҳамчунин кӯдакон дар чунин муҳит эҳтироми калонсолон, одоби муошират ва арзишҳои миллӣ ва инсониро меомӯзанд.
Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф иброз доштанд, ки истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамовардаи даврони соҳибистиқлолӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди мамлакат, бахусус зиёиён ва омӯзгорон мебошад. Зикр гардид, ки тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва азхудкунии донишҳои муосир бояд ҳамеша дар меҳвари фаъолияти омӯзгорон қарор дошта бошад.
Гуфта шуд, ки рушди соҳаи маориф ва фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва омодасозии насли соҳибмаърифату ватандӯст тадбирҳои муассир амалӣ карда мешаванд.
Сокинон ва омӯзгорони ноҳия аз таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумат ба рушди соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, ифтитоҳи маркази мазкурро қадами муҳим дар самти беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи кӯдакон арзёбӣ карданд.
"Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...