Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...

Ҷавонӣ ҷаҳони пурошӯби шӯру шавқ, замони рушди истеъдод, касби илм ва арзишмандтарин давраи умри инсонӣ дониста мешавад.
Моҳи май дар Тоҷикистон азиз бо сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи ҷавонон ва варзиш бахшида шудааст. Дар ин доира, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят силсилачорабиниҳои гуногунҷабҳа ва сатҳи баланд ташкилу баргузор карда мешаванд, ки боиси болидаруҳии насли наврас гардидаанд.
Баргузории чорабиниҳои бузурги умумимиллӣ, аз қабили Дави миллӣ, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол гувоҳи равшани таваҷҷуҳи махсус ва пуштибонии ҳамаҷониба аз сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Ин иқдомҳо рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллии насли ҷавонро боз ҳам баланд бардошта, онҳоро ба сӯи қуллаҳои нав ҳидоят мекунанд.
Ҷавонон ва варзиш дар сиёсати Пешвои муаззами миллат ҷойгоҳи меҳварӣ дорад. Дастгирии ҳамаҷониба ва таваҷҷуҳи хоссаи Давлату Ҳукумати мамлакат, бахусус мутобиқсозии инфрасохтори соҳа ба талаботи муосир собитгари муваффақиятҳои чашмраси мо дар ин самт мебошад.
Айни замон дар вилояти Хатлон 7 муассисаи олии таълимӣ, 32 коллеҷи омӯзгориву тиббӣ ва 18 литсейи касбӣ фаъолият дошта, зиёда аз 80 ҳазор нафар ҷавононро ба таҳсили муносиб фаро гирифтаанд.
Нақши фаъол ва созандаи ҷавонони Хатлонзамин дар рушди тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа эҳсос мегардад. Бо шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи меҳан, баҳри татбиқи бомуваффақияти сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти олии сиёсии кишвар устуворона талош меварзем.
Тазаккур бояд дод, ки нақши варзиш дар ташаккули насли солим нақши бағоят муҳим дошта, омили асосии пешгирии ҳамагуна бемориҳои сироятӣ мебошад.
Мусобиқаҳои варзишие, ки аз моҳи март то моҳи майи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон ташкилу баргузор гардиданд, дар ҳақиқат, бесобиқа буда, шумораи онҳо нисбат ба солҳои қаблӣ ду баробар зиёд мебошад. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1389 мусобиқаи гӯштингирӣ дар фазои кушод доир шуд. Ин сабқатҳо бо иштироки беҳтарин паҳлавонони дохилу хориҷи кишвар ва бо фарогирии 476 ҳазору 950 нафар тамошобин дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шуданд.
Ҳамзамон, бо мақсади ҷалби дои-раи васеи наврасону ҷавонон ва дигар табақаҳои ҷомеа ба варзиш, мусобиқаи волейбол таҳти унвони «Деҳа ба деҳа» дар қолаби 1208 чорабинӣ бо фарогирии 67 ҳазору 232 нафар мухлисон ташкил карда шуд. Инчунин, мусобиқаҳои футбол, шашка ва шоҳмот дар 25 шаҳру ноҳияи вилоят ҳамарӯза идома ёфта, иштироки фаъоли сокинонро таъмин менамоянд.
Дар пайравӣ аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар моҳи май як қатор чорабиниҳои оммавӣ доир карда шуданд. Ин тадбирҳо танҳо ҷанбаи тафреҳӣ надошта, балки заминаи асосӣ барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дур нигоҳ доштани ҷавонон аз омилҳои номатлуб ба шумор мераванд. Оммавигардонии варзиш, дар навбати худ, ба кашфи чеҳраҳои нави варзишӣ, мустаҳкам намудани дӯстӣ ва ҳамбастагӣ миёни ҷавонони минтақаҳои гуногун мусоидат менамояд.
«Ҷавонони мо имрӯз сипари боэътимоди Ватан, давомдиҳандагони содиқи кору пайкори насли калонсол ва қувваи бузурги бунёдкори кишвар ба шумор ме-раванд». Ин таъкиди Сарвари давлат бори дигар масъулияти ватансозиву ватандории ҷавононро дар роҳи содиқ будан ба сиёсати созандаи Давлату Ҳукумати мамлакат устувор мегардонад.
Ҷавонон дар ҳама давру замон як неруи пуриқтидор ва такондиҳандаи ҷомеа, тарғибгару ҳимоятгари арзишҳои миллӣ ва мероси ниёгон буда, саҳмашон дар муаррифии дастовардҳои пурарзиши мил-лиамон дар арсаи байналмилалӣ беназир
аст.
Танҳо ҷавонону варзишгарон метавонанд бо эҳсоси ифихори миллӣ, рушд додани рукнҳои давлатдорӣ, аз мавқеи созандагӣ ва ҷасорат баромад намуда, номи Тоҷикистонро дар сархати давлатҳои пешрафта ва бонуфуз қарор бидиҳанд.
Дастовардҳои байналмилалии варзишгарони Хатлон дар соли таърихӣ
Дар соли ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, варзишгарони номдори ви-лояти Хатлон дар арсаи байналмилалӣ шарафи кишварро баланд бардоштанд. Аз ҷумла, паҳлавони машҳури вилоят Абдуллои Ориф дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон сазовори медали тилло гардид.
Ҳамчунин, дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон варзишгарони вилоят аз рӯи намуди гӯштини самбо кишвари азизамонро дар шаҳри Актауи Ҷумҳурии Қазоқистон сарбаланд намуданд. Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд Мирзозода Муҳаммад дар вазни 49 кг, Бобоалиев Умар дар вазни 53 кг сазовори ҷойи дуюм ва Маҳмудов Исмоил дар вазни 78 кг мақоми сеюмро ишғол карданд.
Ин медалҳои варзишгарони мо ба хазинаи варзишии кишвар ворид гардида, боиси ифтихору сарфарозии ҳамагон аст.
Таъсиси Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ бори дигар ҳавасмандии варзишгарони хатлониро бештар намуд. Имрӯзҳо наврасону ҷавонони мо баҳри дарёфти ин ҷоизаи олӣ ва муаррифии сазовори Ватан дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ устуворона талошу кӯшиш доранд.
Бароям мояи шараф ва ифтихормандӣ аст, ки дар соли таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли меҳан роҳбарии ин ниҳоди пурмасъул ва шохаи асосии идеологиро ба дӯш дорам ва миннатдории самимии худро ба Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе идеали кулли ҷавонони Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид баён ме-намоям, ки самти ҷавонон ва варзишро ҳамеша дастгирӣ ва пуштибонӣ менамоянд.
Рамазон НАСРИДДИНЗОДА,
сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
