Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » АБДУЛЛОИ ОРИФ - СИТОРАИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК


АБДУЛЛОИ ОРИФ - СИТОРАИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК



ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ СИЁСАТИ ХИРАДМАНДОНАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА РУШДИ СОҲАИ ВАРЗИШ ТАВАҶҶУҲИ ХОССА ЗОҲИР НАМУДА, БАРОИ ҶАВОНОНИ СОҲИБИСТЕЪДОД ТАМОМИ ШАРОИТИ МУСОИДРО ФАРОҲАМ ОВАРДААСТ. ИМРӮЗ МАҲЗ ҲАМИН ҒАМХОРИҲО БОИС ГАРДИДААСТ, КИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР МУСОБИҚАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БО ҲИССИ БАЛАНДИ ВАТАНДӮСТӢ ШИРКАТ НАМУДА, ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОНРО ДАР АРСАИ ҶАҲОН ПА-РАФШОН МЕСОЗАНД.

Маҳз таваҷҷуҳ ва дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба соҳаи варзиш боис гардидааст, ки  имрӯз  насли  ҷавони  кишвар  бо  истифода  аз имкониятҳои  фароҳамгардида  ба  дастовардҳои назаррас  ноил  шуда,  дар  мусобиқаҳои  сатҳи ҷумҳуриявию  байналмилалӣ  обрӯ  ва  нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлолро муаррифӣ менамоянд.

Дар  радифи  чунин  ҷавонони  муваффақ  ва номбардори миллат дастпарвари Муассисаи давлатии  мактаби  махсуси  варзишии  вилояти  Хат-лон оид ба намудҳои гӯштин ба номи С. Раҳимов -  Абдуллои  Ориф  қарор  дорад,  ки  бо  иродаи мустаҳкам, меҳнати пайваста ва маҳорати волои варзишӣ имрӯз ба яке аз чеҳраҳои шинохтаи варзиши тоҷик табдил ёфтааст.

Абдуллои  Ориф  аз  зумраи  ҷавононест,  ки  аз рӯзҳои нахустини қадам гузоштан ба майдони варзиш  ҳадафи  бузург  -  ҳимояи нангу  номуси  миллат  ва  муаррифии  Тоҷикистони  азизро дар арсаи ҷаҳон пеши худ гузоштааст.  Маҳз  талошу заҳмати  шабонарӯзӣ ӯро  ба  қуллаҳои  баланди варзиш расонидааст.

Ӯ  дар  баробари  машқу  тамрини  пайваста,  бо ахлоқи  ҳамида, эҳтиром  ба устодон  ва садоқат  ба Ватан  миёни дӯстдорони варзиш  маҳбубияти  зиёд пайдо  намудааст. Мураббиён  аз  Абдуллои  Ориф  ҳамчун  вар-зишгари боинтизом, ҷасур ва дорои техникаи баланд ёд мекунанд.

Соли  2022  барои  Абдуллои Ориф  соли  воқеан  хотирмон гардид.  Дар  Чемпионати  ҷаҳон миёни ҷавонон оид ба самбо, ки дар  шаҳри  Еревани  Ҷумҳурии Арманистон  баргузор  гардид, ӯ  ҳунару  маҳорати  баланд  нишон  дод.  Варзишгари  тоҷик  дар даври  аввал  намояндаи  мизбон  - самбокори  арманӣ  Мелоян  Мҳерро бо  бартарии  комил  мағлуб  намуд. Дар  даври  дуюм  ӯ  бар  намояндаи Қирғизистон  Бахтиар  Уулу  Мунарбек  дастболо  шуд.  Дар  рақобати ниҳоят ҳассоси ниманиҳоӣ бошад, Абдуллои  Ориф  бар  варзишгари пуртаҷрибаи  Русия  Суханов  Артём  пирӯз  гардида,  роҳхати  финалро ба даст овард.

Ҳарчанд дар финал рақобат бисёр сангин буд, вале Абдуллои Ориф бо баромади шоиста соҳиби нишони нуқраи Чемпионати ҷаҳон гардид. Ин дастоварди арзанда на танҳо барои худи варзишгар, балки  барои  тамоми  варзиши  тоҷик  мояи  ифти-хор  ба  шумор  меравад.  Зеро  ба  даст  овардани медали  ҷаҳонӣ  дар  риштаи  самбо  далели  омо-дагии ҷиддӣ ва сатҳи баланди мактаби варзишии Тоҷикистон мебошад.

Бояд  зикр  намуд,  ки  Абдуллои  Ориф  аз ҷумлаи  варзишгарони  сермаҳорат  ба  шумор рафта,  дар  чанд  намуди  гӯштин,  аз  ҷумла  ҷудо, самбо ва гӯштини миллӣ ҳунару маҳорати худро санҷидааст. Иштироки фаъолона ва дастовардҳои ӯ дар риштаҳои гуногуни варзиш аз омодагии баланди  ҷисмонӣ,  таҷрибаи  рақобатӣ  ва  маҳорати касбии ӯ шаҳодат медиҳанд.

Комёбиҳои  ин  ҷавони  умедбахш  дар солҳои  баъдӣ  низ  идома  ёфтанд.  Соли 2023  Абдуллои  Ориф  дар  4-умин мусобиқаи  байналмилалӣ  оид  ба гӯштини  миллӣ  «Гӯштингирӣ»  барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе иштирок намуда, маҳорати хуб нишон дод ва сазовори медали биринҷӣ гардид.  Ин  мусобиқа  аз  бонуфузтарин чорабиниҳои  варзишии  кишвар  ба ҳисоб  рафта,  иштироки  варзишгарони  пурқувват  аз  кишварҳои  гуногун рақобатро  хеле  ҷолибу  шадид гардонида  буд.  Бо  вуҷуди ин,  варзишгари  ҷавони хатлонӣ  тавонист  миёни беҳтаринҳо  ҷойгоҳи  арзандаи  худро  пайдо намояд.

Дастоварди аз  ҳама  бузурги Абдуллои  Ориф  соли  2026  ба  қайд  гирифта  шуд.  Дар мусобиқаи  байналмилалии  “Tashkent  Grand  Slam 2026”, ки дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ӯ дар вазни то 73 килограмм рақобат карда, бо маҳорату иродаи қавӣ ҳамаи ҳарифонашро мағлуб намуда, ба даври финалӣ роҳ ёфт.

Дар  финал  Абдуллои  Ориф  бо  варзишгари Ӯзбекистон  Шаҳром  Аҳадов  қувваозмоӣ  кард.  Мубориза  хеле  пуршиддат  ҷараён  гирифт.  Дар  раф-ти  рақобат  варзишгари  тоҷик  бо  усули  зебои  ҷудо ҳарифашро  ба  пушт  партофта,  ғалабаи  комил  ба даст овард. Дар ин мусобиқа беҳтарин паҳлавонону ҷудокорони ҷаҳон иштирок доштанд ва рақобатҳо дар сатҳи  хеле  баланд  сурат  гирифтанд.

Абдуллои Ориф дар ҳар як қувваозмоӣ  бо  иродаи  матин, маҳорати  баланд  ва  эътимо-ди  комил  ба  майдон  баромада,  пайи  ҳам  рақибони  худро шикаст  медод.  Дар  натиҷа  ӯ сазовори ҷойи аввал ва медали  тилло  гардид.  Ин  пирӯзии бузург  бори  дигар  нишон  дод, ки  ҷавонони  тоҷик  дорои  имконияту  неруи  азим  буда,  ме-тавонанд  дар  сатҳи  ҷаҳонӣ рақобати ҷиддӣ намоянд.

Пирӯзии  Абдуллои  Ориф боиси  хушҳолии  сокинони  вилояти  Хатлон  ва  тамоми  мардуми Тоҷикистон гардид. Зеро ҳар як муваффақияти варзишгарони  тоҷик  нишонаи  обрӯ ва  нуфузи  давлат  дар  арсаи байналмилалӣ мебошад.

Дастовардҳои  Абдуллои Ориф натиҷаи заҳмати пайваста,  омодагии  ҷиддӣ  ва  даст-гирии  мураббиёну  масъулони соҳаи варзиш ба ҳисоб рафта, имрӯз  ӯро  ба  яке  аз  чеҳраҳои муваффақ ва умедбахши варзиши тоҷик табдил додааст.  Муваффақиятҳои  ӯ  пайваста  мавриди  таваҷҷуҳ ва қадрдонии роҳбарияти давлату Ҳукумат қарор гирифта,  барои  дигар  ҷавонон  ҳамчун  намунаи  ибрат хизмат менамояд.

Дар ҳошияи ин дастоварди таърихӣ 5 марти соли 2026 раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо варзишгари  ҷавону  умедбахш  Абдуллои  Ориф  мулоқот анҷом дод. Зимни суҳбат раиси вилоят таъкид намуд, ки ҷавонони ватандӯсту соҳибистеъдод неруи пешба-рандаи ҷомеа буда, давлату Ҳукумат ҳамеша аз онҳо пуштибонӣ мекунад.

Раиси вилоят аз дастовардҳои назарраси Абдуллои Ориф изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки чунин ҷавонон бо заҳмату талоши худ обрӯи Тоҷикистони азизро дар ҷаҳон баланд мебардоранд. Ҳамзамон, барои пирӯзии шоиста дар мусобиқаи байналмилалӣ ба ӯ 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид.

Имрӯз  дастгирии  варзишгарон  аз  ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумат барои рушди соҳаи варзиш  такони  ҷиддӣ  бахшидааст.  Дар  тамоми  шаҳру ноҳияҳои кишвар майдончаҳо ва толорҳои замонавии варзишӣ  бунёд  гардида,  барои  ҷавонон  имконияти васеи  машқу  тамрин  фароҳам  оварда  шудааст.  Ин тадбирҳо боис мегарданд, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои  сатҳи  ҷаҳон  иштирок  намуда,  соҳиби медалҳои гуногун гарданд.

Абдуллои  Ориф  аз  зумраи  он  ҷавононест,  ки  бо азму ирода, меҳнати шабонарӯзӣ ва маҳорати баланди варзишӣ роҳи худро ба сӯи қуллаҳои муваффақият боз  намудааст.  Дастовардҳои  ӯ  далели  рушду  пешрафти  мактаби  варзишии  тоҷик  ва  имкониятҳои фароҳамшуда барои ҷавонони соҳибистеъдод мебошанд.

Ҳар пирӯзии ӯ идомаи роҳи ифтихорофарини варзишгарони  тоҷик  мебошад.  Итминони  комил  дорем, ки  ин  фарзанди  фарзонаи  Хатлонзамин  дар  оянда низ бо пирӯзиҳои нав мухлисони варзишро шод гардонида,  Парчами  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро дар баландтарин минбарҳои ҷаҳон парафшон хоҳад кард.

Алишери АБДУЛМАҶИД,
Умарҷон ТОШМАТОВ,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода