Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ


ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ




Имрӯз, 21 май, дар варзишгоҳи «Кӯлоб-Арена»-и шаҳри Кӯлоб ба истиқболи Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ пазируфта шудааст, чорабинии бошукӯҳи варзишию фарҳангӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода, муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов, раиси шаҳри Кӯлоб Диловар Пирзода, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Насриддинзода Рамазон, роҳбарони ташкилоту идораҳои шаҳр ва минтақаи Кӯлоб ширкат варзиданд.

Дар чорабинӣ иброз гардид, ки таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол барои халқи тоҷик мояи ифтихор мебошад, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори эълон гардидани 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад. Таъкид шуд, ки ин иқдоми муҳим на танҳо дастоварди арзишманд дар соҳаи варзиш, балки далели равшани саҳми Тоҷикистон дар рушди варзиши ҷаҳонӣ, таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамгироии байни миллатҳо маҳсуб меёбад.

Чорабинӣ бо барномаҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ бо доираи васеи кӯдакону наврасон ва ҷавонони шаҳри Кӯлоб роҳандозӣ шуда, ҳамзамон, шумораи зиёди меҳмонон ва ҳаводорони футболро ба ҳам овард.

Дастпарварони Муассисаҳои давлатии мактаби варзишии шаҳр ва минтақаи Кӯлоб бо роҳбарии мураббиён дар назди ҳамагон ҳунару истеъдоди худро намоиш дода, аз ҷониби ташкилкунандагон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.



Дар фестивали мазкур беш аз 200 нафар наврасон аз ҷониби масъулони чорабинӣ бо лавозимот ва сару либоси варзишӣ таъмин гардида, баҳри ҳозирин барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон пешкаш гардид. Дар ин росто аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Кӯлоб, клуби футболи “Равшан” ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб ба иштирокдорон обҳои ташнагишикан ва яхмосҳо тақдим карда шуд.

Рӯзи ҷаҳонии футбол бо баргузории чорабиниҳои варзишиву фарҳангӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб таҷлил карда мешавад.

Умарҷон Тошматов,
“ХАТЛОН”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода