Истифодаи самараноки замин ва кишти такрорӣ дар Ҷайҳун тақвият меёбад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
21 май раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Ҷайҳун бо фаъолияти як қатор хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос шуда, барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва истифодаи пурраи имкониятҳои замин барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба масъулон дастуру тавсияҳои судманд дод.
Аз ҷумла, дар хоҷагии деҳқонии «Латиф» кишти такрории сабзӣ оғоз гардида, дар масоҳати 2 гектар 1 гектар пиёз ва 1 гектар сабзӣ кишт шудааст. Дар хоҷагӣ се саҳмдор фаъолият дошта, бо истифодаи самараноки замин дар таъмини бозор бо маҳсулоти кишоварзӣ саҳм мегузоранд.
Ҳамчунин, раиси вилоят аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Раҷаббой» боздид намуд. Масоҳати умумии хоҷагӣ 8,12 гектарро ташкил дода, дар он 6 гектар пахта, 1 гектар гандум ва 1,12 гектар беда кишт шудааст. Дар хоҷагӣ 8 саҳмдор фаъолият дошта, барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини бозор бо маҳсулоти ватанӣ саҳми назаррас доранд.
Дар идомаи сафар раиси вилояти Хатлон дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили гандум иштирок намуда, бо натиҷаҳои бадастомада аз наздик шинос шуд. Ба иттилои масъулон, имсол аз майдонҳои кишти гандум ҳосили хуб ба даст омада, ҷамъоварии он мутобиқ ба талаботи агротехникӣ сари вақт идома дорад.
Таъкид гардид, ки истифодаи дурусти замин, риояи муҳлатҳои кишт ва нигоҳубини босифати зироатҳо барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ба даст овардани ҳосили фаровон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз фаъолияти кишоварзон ва нишондиҳандаҳои ҳосилнокӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба масъулон ва деҳқонон ҷиҳати истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда, густариши кишти такрорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва таъмини бозор бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки идомаи корҳои ободониву созандагӣ, бунёди иншооти иҷтимоӣ ва рушди истеҳсолоти кишоварзӣ барои пешрафти иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ҷайҳун аҳамияти муҳим дорад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...