Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ БУНЁДИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН


БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ БУНЁДИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН




Имрӯз, 21 май, дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншооти ҷашнӣ, рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладона, истифодаи самарабахши замин ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ боздид намуда, бо сокинону фаъолони маҳаллӣ мулоқоту суҳбат анҷом дод.

Зимни сафар раиси вилоят дар деҳаи Регдашти Ҷамоати деҳоти «Қумсангир» дар маросими гузоштани санги асоси муассисаи томактабӣ барои 100 нафар кӯдак иштирок намуд. Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур дуошёна буда, бо ташаббуси мақомоти маҳаллӣ ва дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.

Ба қавли масъулон, дар ноҳияи Ҷайҳун ба истиқболи ҷашни миллӣ сохтмони зиёда аз 500 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 389 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст, ки ба 78 фоизи нақша баробар аст.

Раиси вилояти Хатлон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити арзанда барои таълиму тарбияи кӯдакон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Зикр гардид, ки бунёди муассисаҳои томактабӣ барои фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти ибтидоӣ ва ташаккули насли донишманду соҳибкасб заминаи мусоид фароҳам месозад.

Ҳамзамон, ба масъулин дастур дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муайянгардида ба анҷом расонида шаванд.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода