ХАТЛОН СОҲИБИ ҶОЙИ ДУЮМ ДАР ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ЯК МАТОВУ САД РАНГ” ГАРДИД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 133
![]()
Дар фазои тантанавӣ ва пуршукуҳи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Як матову сад ранг”, ки бо ҳадафи эҳёи анъанаҳои миллӣ, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва тарғиби либоси миллӣ баргузор гардид, ҳайати вилояти Хатлон бо ҳунару маҳорати баланд сазовори ҷойи дуюм гардид.
Намояндагони вилояти Хатлон бо пешниҳоди намунаҳои гуногуни либосҳои миллӣ, матоъҳои рангоранг ва ҳунарҳои волои чакандӯзиву гулдӯзӣ таваҷҷуҳи ҳайати ҳакамон ва иштирокдоронро ба худ ҷалб намуданд. Дар намоиши фарҳангии хатлониён рангорангии либоси миллӣ, завқи баланди ҳунарофарӣ ва эҳтиром ба суннатҳои миллӣ баръало эҳсос мегардид.
Масъулин ва иштирокчиёни фестивал таъкид доштанд, ки чунин чорабиниҳо барои эҳёи фарҳанги либоспӯшии миллӣ, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ мусоидати фаъол менамояд.
Сазовор гардидани вилояти Хатлон ба ҷойи дуюм натиҷаи заҳмати ҳунармандон, тарроҳон ва ҳамаи он нафаронест, ки барои муаррифии фарҳанги миллӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Ҳамзамон, иштирокчиёни озмун аз ҷониби мақомоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои пулӣ ҳавасманд гардонида шуданд, ки ин иқдом нишонаи қадршиносӣ аз ҳунару истеъдод ва саҳми онҳо дар рушди фарҳанги миллӣ арзёбӣ гардид.
Фестивал-озмуни “Як матову сад ранг” имрӯз ба майдони муаррифии ҳувияти миллӣ ва эҳтиром ба фарҳанги аҷдодӣ табдил ёфта, нақши он дар тарбияи завқи зебоипарастӣ ва ифтихори миллӣ назаррас арзёбӣ мегардад.
Рамазони МИРЗОМИДДИН, "Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...