Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Шумораи бонувони роҳбар афзудааст


Шумораи бонувони роҳбар афзудааст



Шумораи бонувон дар мақомҳои роҳбарикунандаи ноҳияи Вахш ба 117 нафар расидааст.

Дар ин бора раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсуфов зимни нишасти матбуотиаш хабар дод. Мавсуф иттилоъ дод, ки феълан 1174 зан дар муассисаҳои соҳаи маориф, 1081 нафар дар соҳаи тандурустӣ, 44 нафар дар соҳаи фарҳанг, 20 нафар дар муассисаҳои бонкӣ, 12200 нафар дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд. Ҳамзамон, 1399 зан роҳбарии хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияро ба дӯш дошта, 174 нафари дигар дар риштаи соҳибкорӣ фаъолияти босамар доранд. 

Гуфта шуд, ки шумораи умумии занон дар ноҳияи Вахш 101 ҳазору 376 нафарро ташкил медиҳад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода