ТАҶЛИЛИ “РӮЗИ ШАШМАҚОМ” ДАР ХАТЛОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 108
![]()
Имрӯз, 8-уми май, дар толори Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов ба ифтихори “Рӯзи Шашмақом” чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат Абдусалом, аҳли фарҳангу адаб, ҳунармандон, дӯстдорони санъати асил ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ Абдусаломзода Анзурат Абдусалом суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки маҳз бо сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои маънавию фарҳангии миллати тоҷик эҳё гардида, санъати волои шашмақом ҳамчун мероси гаронбаҳои миллӣ ҳифз ва ба наслҳои оянда интиқол дода мешавад.
Номбурда зимни суханронӣ аҳли фарҳанг ва ҳунармандони вилоятро ба муносибати “Рӯзи Шашмақом” табрик гуфта, ба як қатор собиқадорону фаъолони соҳа барои саҳми арзандаашон дар рушди фарҳанги миллӣ сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо иҷрои оҳангҳои дилнишини шашмақом рангу таровати тоза гирифт. Ҳунармандони мумтози вилоят бо маҳорати баланд ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ суруду таронаҳои классикиро пешниҳоди ҳаводорони санъат намуда, ҳозиринро ба олами маърифату назокати ҳунари ниёгон раҳнамун сохтанд.
Намоиши порчаҳои мусиқии классикӣ ва иҷрои мақомҳои ҷовидонаи тоҷикӣ бозгӯи он буд, ки шашмақом як жанри мусиқӣ, мактаби бузурги маънавиёт, фарҳанг ва худшиносии миллӣ мебошад.
Садои фораму ҷаззоби созҳои миллӣ, навои дилангези таронаҳои классикӣ ва ҳунари волои ҳунармандон ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшида, муҳити идонаро боз ҳам шукуҳмандтар намуд.
Чорабинии фарҳангӣ дар фазои самимияту арҷгузорӣ ба санъати миллӣ анҷом пазируфта, бори дигар мақоми шашмақомро ҳамчун ганҷинаи бебаҳои фарҳанги тоҷик муаррифӣ намуд.
Рамазони МИРЗОМИДДИН, "Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...