Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 125 ҷиноят давоми шаш моҳ


125 ҷиноят давоми шаш моҳ


 

-Қарзи истифодаи барқ дар ноҳияи Панҷ 14 миллиону 960,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Асосан қарздорӣ аз ҳисоби корхонаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ 8,9 миллион сомонӣ ва аҳолӣ 6,0 миллион сомонӣ мебошад, - гуфта шуд зимни нишас-ти матбуотии раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиён Зарифхӯҷа.


Ба гуфтаи ӯ дар давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар ноҳия 125 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 26 ҳолат ҷиноятҳои вазнин, 30 ҳолат дуздӣ, 30 ҳолат қаллобӣ, 4 ҳолат авбошӣ, 6 ҳолат нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ва 21 ҳолат ҷиноятҳои иқтисодиро дар бар мегирад. Ҳамзамон, 50 нафар шомили гурӯҳҳои эксремистиву террористӣ мебошанд.

Зикр гардид, ки дар зарфи шаш моҳ корхонаҳои саноатии ноҳия ҳаҷми истеҳсоли  маҳсулоти саноатиро ба 41,0 миллион сомонӣ расониданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,7 миллион сомонӣ зиёд ё ин ки ба 101,3 фоиз баробар мебошад.

- Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ сохтмони 15 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ бо таъсиси 46 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1 июли соли 2021-ум 10 корхона бо таъсиси 34 ҷойи корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, - афзуд раиси ноҳия.
 
Ф. ДАВЛАТ, 
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода