6 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмондааст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 1 017
Дар ин бора Сафармаҳмад Раҳимзода, раиси ноҳияи А. Ҷомӣ, зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дода, дар идома афзуд, ки давоми шаш моҳи соли 2021 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 12 корхонаи саноатӣ фаъолият намуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 53 миллиону 394,3 ҳазор сомонӣ расонида шуд.
Раиси ноҳия гуфт, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба гирифтани 2 ҷойи ифтихорӣ сазовор гардиданд. Варзишгарони ноҳия бошанд, 5 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 медал зиёд мебошад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 342 миллиону 528,2 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34 миллиону 809,6 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар ба 3703 тонна расонида шуд, ки 101,1 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра 137 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 ҷиноят зиёд мебошад.
Ф. ДАВЛАТ, “Хатлон”