Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҳадаф - ҳифзи солимии ҷомеа


Ҳадаф - ҳифзи солимии ҷомеа



30-юми июли соли равон дар доираи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ аз паҳншавӣ ва сироятёбии аҳолӣ ба бемории коронавирус бо ташаббуси масъулини шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо намояндагони нашрияҳои вилояти “Хатлон” ва “Новый Хатлон” дар як қатор кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Бохтар аксияи тарғиботию иттилоотӣ гузаронида шуд.


Дар доираи ин аксия аз ҷониби масъулин ба шаҳрвандон буклетҳое, ки аз тарафи рӯзномаи «Хатлон» омода шуда, фарогири маълумоту тавсияҳои коршиносону табибон барои пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус буд, тақдим карда шуд.

Зимни суҳбат бо шаҳрвандон масъулин дар бораи риоя кардани қоидаҳои санитарию гигиенӣ, риояи ҳатмии пӯшидани ниқоби муҳофизатӣ, махсусан дар ҷойҳои серодам, мунтазам шустани дастон бо собун ва дигар қоидаҳои беҳдошти саломатӣ маълумоти муфид дода, иҷроиши қоидаҳо ва дастуроти ироашударо таъкид намуданд.

Хатича Абдуллозода, мудири шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, иброз дошт, ки паҳн кардани варақаҳои иттилоотию тарғиботӣ ва нашрияҳои даврӣ ба таври ройгон дар миёни аҳолӣ то андозае сатҳи маърифати тиббию санитарӣ ва гигиении аҳолиро боло хоҳад бурд. 

-        Чунки дар ҷомеа ҳанӯз нафароне ҳастанд, ки риояи қоидаҳои санитарию гигиениро ҷиддӣ нагирифта, барои ҳифзи саломатии худу наздиконашон бепарвоӣ зоҳир менамоянд. Бо роҳи ташкил ва баргузор намудани аксияҳои иттилоотию тарғиботӣ дар миёни аҳли ҷомеа талош менамоем, ки то ҳадди имкон ҳамин бетаваҷҷуҳӣ ва бепарвоиро нисбат ба саломатӣ ва ҳаёти худу атрофиён аз миёни мардум бардорем, то як ҷомеаи солиму хушбахт барои ҳамеша дошта бошем, -афзуд мавсуф.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар оянда ҳарчи бештар доир намудани чунин аксияҳои иттилоотию тарғиботӣ ва дигар намуди чорабиниҳо баҳри баланд бардоштани маърифати тиббӣ, санитарию гигиении аҳолӣ, пешгирии сироятёбӣ аз бемориҳои гуногун ва ҳифзи саломатии онҳо дар нақша ҳаст.

Ба таъкиди масъулин, сокинонро мебояд тавсияву роҳнамоиҳои масъулин, коршиносону табибонро ҷиддӣ бигиранд ва дар самти риояи қоидаҳои беҳдошти саломатӣ ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд.
 
Суннатуллоҳи МИРЗО, “ХАТЛОН”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода