Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Нақшаҳо иҷро мешаванд


Нақшаҳо иҷро мешаванд



Аз маълумоти раиси ноҳияи Восеъ Шарбатулло Азизулло зимни нишас-ти матбуотӣ маълум гардид, ки дастовардҳои аҳли меҳнати ноҳия давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ хубанд. Давоми нимсола қисми даромади буҷаи маҳаллӣ бо назардошти андози иҷтимоӣ 100,9 фоиз таъмин гардид. 


Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 42 миллиону 399,5 ҳазор сомонӣ (116 фоиз) расонда шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 5 миллиону 855,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар бахши сохтмону меъморӣ як қатор корҳо ба сомон расонида шуд. Арзи вуҷуд намудани биноҳои таълимию маишӣ, тандурустӣ, корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, мағозаҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба ҳусни шаҳрак ҳусни нав зам намуд.

-Меҳнаткашони ноҳияи Восеъ тасмим гирифтаанд, ки ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро бо дастовезҳои муносиби меҳнатӣ истиқбол гирифта, нишондиҳандаҳои истеҳсолии худро дар ҳама бахшҳо афзун намоянд, - афзуд Шарбатулло Азизулло дар поёни суханаш.

Сипас, раиси ноҳия ба саволҳои журналистон посух гуфта, ба онҳо дар роҳи иҷрои вазифаи пурмасъулашон барору комёбиҳо таманно намуд.
 
Сафар Наҷот, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода