Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Камкунии бақияи қарзи андозҳо


Камкунии бақияи қарзи андозҳо



-Нисбати андозсупорандагони қарздор огоҳинома, қарорҳо ва протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки ин дар камшавии бақияи қарзи андозҳо мусоидат кард, - гуфт раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин дар нишасти хабарӣ. 

Иттилоъ дода шуд, ки қарзи музди меҳнат бо назардошти солҳои гузашта ба ҳолати 1-уми июли соли 2021 маблағи 193,6 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки аз ин 146,6 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби қарзи музди меҳнати кормандони КФД “Бохтаргаз”, 46,9 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Раёсати истифодабарии оби нӯшокии вилояти Хатлон, муассисаи давлатии Сарраёсати “Тоҷикобдеҳот” мебошад. 

Саломзода Сиҷоуддин изҳор дошт, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 50,3 миллион сомониро ташкил карда, 141,1 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ҳудуди шаҳри Бохтар заминҳои таъйиноти кишварзӣ 766,6 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он заминҳои корам 708,9 гектар, 56,85 гектар боғ, 84,16 гектар заминҳои ёрирасони шаҳрвандон (президентӣ), 11,81 гектар ситрусию суптропикӣ, 2,31 гектар тутзор ва 454,7 гектар заминҳои корами обии наздиҳавлигии шаҳрвандон мебошад. Инчунин, илова гардид, ки тибқи дурнамо кишти зироатҳои кишоварзӣ 426 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 300 гектар пахта, 72 гектар сабзавот, 30 гектар картошка ва 24 гектарро ғалладонагиҳо дарбар мегиранд. Кишти асосӣ пурра таъмин шуда, дар майдони 600 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст. 

С. АЗИЗЗОДА, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода