Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ РАЁСАТИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН


ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ РАЁСАТИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН



9 апрел дар толори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти се моҳи аввали соли 2026 баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини раиси вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода иштирок намуда, барои боз ҳам тақвият бахшидани татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, ҷалби онҳо ба корҳои ҷамъиятӣ ва пешгирӣ аз амалҳои номатлуб дастуру тавсияҳои мушаххас дод.

Зимни ҷаласа  сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон  Рамаззон Насриддинзода оид ба натиҷаи фаъолияти давраи ҳисоботӣ маълумот дод. Таъкид гардид, ки дар ин муддат як қатор чорабиниҳои муҳими тарбиявию маърифатӣ ва варзишӣ баргузор гардида, иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

Дар фарҷом ба масъулин ҷиҳати беҳтар намудани сифати фаъолият, тақвияти корҳои таблиғотӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ миёни ҷавонон супоришҳои мушаххас дода шуд.

Сабринаи Сайвалӣ,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода