СИПЕҲР ҲАСАНЗОД– БАРАНДАИ ҶОИЗАИ АДАБИИ БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 апрел, Бахш: ---, Боздид 0
Хурсандибахш аст, ки ҳампешаи мо- нависанда ва рӯзноманигори чирадаст Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод бо китоби гулчини қиссаҳо ва ҳикояҳояш таҳти унвони“Фарёди сукут” чанде пеш ба дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Носири Хусрав сазовор гардид.
Ҷоизаи мазкур бо қарори раиси вилояти Хатлон таъсис дода шуда, ҳамасола ба адибони хушном ва мунаққидони адабиёт тақдим карда мешавад.
Хонандагон тавассути рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ бо эҷодиёти адиби баркамол Сипеҳр Ҳасанзод ошноӣ доранд.
Мавсуф ба таълифи очерку ҳикоя пардохта, намунае аз чакидаҳояш дар маҷаллаи “Садои Шарқ”, ҳафтавори“Адабиёт ва санъат”, рӯзномаҳои“Газетаи муаллимон”, “Роҳи Ленинӣ” ба табъ расида, аз тариқи барномаҳои адабии радиои Тоҷикистон шунавонида мешуданд.
Бо дарки масъулияти суханварӣ ва серталабӣ ба худ сабку нигориши муаллиф тадриҷан роҳу ра-виши муайян касб намуда, чеҳраи Сипеҳрро чун як нависандаи ҷӯянда ва заҳматкаш пеши назарҳо ба ҷилва овард.
Баъдҳо, маҷмуаҳои насрии нависанда бо номҳои «Боздид», «Парастуҳои саҳна», «Чакомаи Шоҳи ирфон», «Бозгашти аспи даҳмарда», «Офтобо, ба ғуруб марав...», «Гулхани сабз», «Дарёдилеву соҳиле...», «Ҳадиси ватандорӣ» (ба7 забон), «Кӯдак ва парвона» (барои кӯдакон ва наврсон), «Чароғи ҳидоят», «Турнаҳои мусофир», «Фарёди сукут» ба дасти ҳаводоронаш расиданд.
Ҳамзамон, ба таҳияи филмҳои мустанади «Ғаввоси уқёнуси илм», «Гиряҳои хуршедӣ», «Ҳикмати гӯё», «Саричашма», «Писарак», «Падар» ва як силсила мақолаҳои публитсистӣ шуғл варзида, қалами гирояшро рӯшантар падид овард. Публитсистикаи «Ҳадиси ватандорӣ»-яш аз ҷониби Шурои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми киш-вар дар шакли алоҳида ба забони модарӣ барои китобхонаҳои донишкадаҳои олӣ ва мактабҳои миёна тавсия шудааст.
Ҳикояи ҳамноми китоб “Фарёди сукут” ба мавзуи оила ва тарбияи насли наврас бахшида шудааст. Мутолиаи он собит менамояд, ки нависанда мавқеи устувори ғоявию маънавӣ ва ахлоқӣ дорад ва дар ҳар як асари хурду бузургаш мекӯшад, ки аз меъёрҳои ахлоқи солим берун наравад. Муносибати Мерган - тағои писарак таносуби дараҷаи тарбияи ахлоқии онҳо, хонандаро ба андеша мебарад. Воқеан, дар ҷомеаи мо одамони сабук-фикру нопоке мисли Мерган ва пайвандони ӯ ҳастанд, вале кам нафарони худогоҳу хештаншинос пайдо мешаванд, ки ин қабил роҳгумзадагонро ба ислоҳ биёранд.
Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви Конфедератсияи байналмилалии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои эҷодӣ, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, барандаи Ҷоизаи журналистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Аълочии матбуот ва фарҳанги ҷумҳурӣ, Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Америкаи Шимолӣ ба шумор меравад.
Гулчини ҳикоёт ва публитсистикаи нави-санда ба забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, форсӣ, белорусӣ, арабӣ, марӣ ва ӯзбекӣ рӯи чоп дидааст.
НАМУНАИ ОСОРИ АДИБОНИ ҶАҲОНӢ ЛЕВ ТОЛСТОЙ, А. П. ЧЕХОВ, ШОҲИ НАСРИ ГУРҶИСТОН МИХАИЛ МИШЕВЕЛАДЗЕ, В. РАСПУТИН, В. ШУКШИН, ИОН ЛУКА КАРАҶАЛЕ, ИНЧУНИН, КИТОБИ БАРАНДАИ ҶОИЗАИ ҶАВОНОНИ ҶУМҲУРИИ МАРИ-ЭЛИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ЮРИЙ АРТАМОНОВ («ВКУС ЗЕМЛЯНИКИ»)-«ШАҲДИ МАРМИНҶОН»-РО БА ТОҶИКӢ БАРГАРДОН КАРДААСТ.
Бо иқдоми роҳбарият кормандони Китобхонаи миллии Дастгоҳи иҷроияи Пре-зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон“Китобномаи шарҳиҳолӣ”-и нависанда Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзодро таҳия ва ба чоп ҳозир кардаанд. Ин аз як тараф натиҷаи заҳмату бедорхобиҳои адиби ҷӯянда бошад, аз сӯи дигар эътибори адабиётшиносон, мунаққидон ва суханшиносон ба эҷодиётити ӯст.
Ҳоло нависанда Сипеҳр Ҳасанзод ба ҳайси роҳбари маҳфили адабии «Хирадмандон»-и Кумитаи телевизи-он ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурсамар фаъолият дорад. Мо, ҳамқаламон, ӯро ба дарёфти ҷоизаи адабии ба номи Носири Хусрав табрику таҳният гуфта, барояш тандурустӣ ва комёбиҳои эҷодӣ таманно мекунем.
Раҷабалӣ ЮСУФӢ,
фарҳангшинос
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...