БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КИШТИ ПАХТАИ ЗЕРИ ПЛЁНКА ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИТУС
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Имрӯз, 8 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳритус аз рафти кишти пахтаи зери плёнка дар хоҷагии деҳқонии «Ёқубҷон», воқеъ дар ҷамоати деҳоти ба номи Т. Садриддинов, боздид намуданд.
Зимни боздид раиси вилоят бо ҷараёни кишти пахта бо усули зери плёнка аз наздик шинос гардида, ба истифодаи усулҳои муосири кишоварзӣ баҳои баланд доданд. Таъкид гардид, ки татбиқи чунин технологияҳо барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ, сарфаи об ва тезонидани нашъунамои зироатҳо мусоидат менамояд.
Тавре иттилоъ дода шуд, хоҷагии деҳқонии «Ёқубҷон» дар масоҳати умумии 10 гектар ташкил шуда, самти асосии фаъолияти он пахтакорӣ мебошад. Дар соли ҷорӣ дар майдони 7 гектар пахтаи навъи хитоии «Дӯстӣ» бо усули зери плёнка кишт карда шудааст.
Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо кишоварзон таъкид намуданд, ки истифодаи чунин усулҳои пешқадам бояд дар дигар хоҷагиҳо низ васеъ ба роҳ монда шавад. Зеро ин раванд ба афзоиши истеҳсолот, беҳтар шудани сифати маҳсулот ва таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ мусоидат мекунад.
Ҳамзамон, ба масъулин ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии корҳои агротехникӣ, истифодаи тухмии босифат ва баланд бардоштани ҳосилнокии пахта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Рамазони МИРЗОМИДДИН, "Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...