ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИТУС


БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИТУС




Имрӯз, 8 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳритус аз рафти корҳои сохтмонии бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3, воқеъ дар деҳаи Сомониён, ҷамоати деҳоти Тоҷдорон боздид намуданд.

Зимни боздид раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос шуда, ба масъулин ҷиҳати босифат ва дар муҳлати муайян ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, бинобар норасоии ҷойи нишаст дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо саҳми сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёди бинои иловагӣ барои 1000 нафар хонанда дар ду баст ба роҳ монда шудааст. Барои татбиқи ин лоиҳа зиёда аз 3,8 миллион сомонӣ маблағ равона гардидааст.

Бинои нав аз ду ошёна иборат буда, дорои 20 синфхона ва хонаи омӯзгорон мебошад. Бо ба истифода додани он шароити таълим барои хонандагон беҳтар гардида, мушкили норасоии ҷойи нишаст то андозае бартараф хоҳад шуд.

Раиси вилояти Хатлон таъкид намуданд, ки фароҳам овардани шароити муосири таҳсил барои насли наврас аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, бояд ба сифати сохтмон ва муҳлати иҷрои он диққати ҷиддӣ дода шавад.

Ҳамзамон, саҳми сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ дар бунёди чунин иншооти муҳим ҳамчун намунаи ибрат арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки ин иқдом барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва рушди соҳаи маориф мусоидат менамояд.

Рамазони МИРЗОМИДДИН, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода