ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ ПАС АЗ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИТУС


БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ ПАС АЗ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИТУС




Имрӯз, 8 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Шаҳритус аз Маркази саломатии деҳотӣ, воқеъ дар деҳаи Сайёд, баъди анҷоми корҳои таъмиру азнавсозӣ боздид намуданд.

Зимни боздид раиси вилоят бо шароити фароҳамгардидаи муассисаи тиббӣ аз наздик шинос гардида, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд. Таъкид гардид, ки беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи тандурустӣ ва фароҳам овардани шароити муосир барои хизматрасонии тиббӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.

Тавре иттилоъ дода шуд, азнавсозии пурраи маркази саломатӣ бо дастгирии Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон — Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, барои ин мақсад 670 ҳазор сомонӣ маблағ равона шудааст.

Қайд гардид, ки корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ «Таъмин иншоот» бо риояи талаботи муосири сохтмонӣ анҷом дода шуда, муассиса пурра таъмиру навсозӣ гардидааст. Дар натиҷа, барои пешниҳоди хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо масъулин ва кормандони соҳаи тандурустӣ таъкид намуданд, ки истифодаи самараноки чунин имкониятҳо ва нигоҳдории дурусти иншоот барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ аҳамияти муҳим дорад.

Дар маҷмӯъ, азнавсозии маркази саломатии деҳотӣ дар деҳаи Сайёд ба беҳтар гардидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, хусусан барои кӯдакон ва модарон, мусоидат намуда, як қадами муҳим дар роҳи рушди соҳаи тандурустии минтақа ба ҳисоб меравад.

Рамазони МИРЗОМИДДИН, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода