“КОРВОНИ КИТОБ” ВА МАҲФИЛИ ФАРҲАНГИИ “МАЪРИФАТ” ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Санаи 9 апрели соли 2026, бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашриёти “Адиб” дар доираи тадбири фарҳангпарваронаи “Корвони китоб” намоиш ва фурӯши китобҳои тозанашр дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар ин намоиш беш аз 130 номгӯй ва зиёда аз 5000 нусха адабиёти тозанашр пешкаши дӯстдорони китоб гардонида шуд. Чорабинӣ фазои воқеан фарҳангиву маърифатиро фароҳам оварда, барои аҳли илму дониш ва ҷомеаи васеъ имконияти мусоиди шиносоӣ ва дастрасӣ ба осори навро таъмин намуд.
Сокинон ва кормандони ташкилоту идораҳои шаҳри Кӯлоб аз чунин иқдоми судманд истиқболи гарм намуда, дар раванди боздид ва харидории китобҳо фаъолона иштирок карданд. Ин иқдом ба боло бурдани завқи мутолиа, таҳкими маърифати ҷомеа ва рушди фарҳанги китобхонӣ мусоидат менамояд.
Қобили таъкид аст, ки баргузории чунин тадбирҳои фарҳангӣ, аз ҷумла “Корвони китоб”, ҳамчун идомаи мантиқии сиёсати фарҳангдӯстона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, дар таҳкими худшиносии миллӣ, рушди зеҳнии ҷомеа ва тарбияи насли соҳибмаърифат нақши муҳим мебозад.
Ҳамзамон дар ҳошияи корвони мазкур дар толори фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулоҳи Рӯдакӣ маҳфили фарҳангии “Маърифат” бо иштироки Давлат Сафар-муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафарзода Мунир-ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Даминзода Арафамо-муовини раиси шаҳри Кӯлоб, Раҳмоналӣ Мирализода-директори нашрияи “Адиб”, Ҳақназар Ғоиб, Алимуҳаммад Муродӣ-Шоирони халқии Тоҷикистон, аҳли илму фарҳанг, фаъолони шаҳр ва омӯзгорон ва муҳассилин баргузор гардид.
Баргузории иқдоми наҷибу фарҳангии “Корвони маърифат”, чун идомаи мантиқии сиёсати фарҳангпарваронаи Роҳбарияти олии кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи тадбирҳои муассиру судбахш дар роҳи расидан ба ҳадафҳои нек ва бунёди давлатории миллист.
Инчунин иҷрои сурудҳо ва мусиқиҳои дилнишин аз ҷониби Файзалӣ Ҳасанов-Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва Лутфулло Давлатзода-Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ба маҳфил ранги тоза бахшида, фазоро пур аз шодиву нишот намуд.
Умарҷон Тошматов,
“ХАТЛОН”
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...