БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ВА НАШЪУНАМОИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Имрӯз, 3 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари кории худ ба ноҳияи Ҷайҳун аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Ҳисор-2016», воқеъ дар деҳоти Панҷ, боздид намуданд. Зимни боздид, роҳбари вилоят бо раванди самаранок истифода бурдани замин ва нашъунамои пиёзи барвақтӣ шинос гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии «Ҳисор-2016» дар масоҳати умумии 15 гектар замин ташкил гардида, дар он 9 нафар саҳмдор фаъолият мекунанд. Аз ин миқдор, дар 8 гектар пиёз ва дар 7 гектари дигар маҳсулоти полезӣ кишт карда шудааст. Ба гуфтаи масъулин, истифодаи усулҳои муосири агротехникӣ ва меҳнати пайваста боис гардидааст, ки нашъунамои зироатҳо хуб ба роҳ монда шавад.
Раиси вилояти Хатлон бо роҳбари хоҷагӣ Качаков Муҳиддин ва саҳмдорон суҳбати самимӣ анҷом дода, ба фаъолияти онҳо баҳои баланд доданд.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...