Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТАТБИҚИ ДОНИШҲОИ НАЗАРИЯВӢ ДАР АМАЛ


ТАТБИҚИ ДОНИШҲОИ НАЗАРИЯВӢ ДАР АМАЛ




Дар гармхонаи таҷрибавии назди Донишгоҳи давлатии Данғара имрӯзҳо марҳилаи муҳими парвариши бодиринг, оғози пухтарасии ҳосил бо натиҷаҳои назаррас идома дорад. Ин дастоварди назаррас самараи истифодаи дурусти илму таҷриба ва риояи талаботи агротехнологияи муосир маҳсуб меёбад.

Ба иттилои Расулзода Б.Р., номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсенти кафедраи агротехнология, дар тамоми давраи нашъунамои растаниҳо ба онҳо ғизодиҳии муназзам бо карбамид ва витаминҳо таъмин гардида, обёрӣ тибқи талаботи агротехникӣ ба роҳ монда шудааст. Ин тадбирҳо ба рушди босуръат ва ташаккули ҳосили босифат заминаи устувор гузоштанд.

Бартарии муҳими ин гармхона дар он аст, ки донишҷӯён раванди парвариши зироатҳоро дар шароити замини пӯшида аз наздик меомӯзанд. Онҳо бо хусусиятҳои нашъунамо, гулкунӣ ва ҳосилбандии бодиринг шинос шуда, ҳамзамон донишҳои амалӣ оид ба технологияҳои муосири кишоварзӣ ва роҳҳои мубориза бар зидди касалиҳои зараррасонро аз худ мекунанд.

Мутахассисон таъкид мекунанд, ки таъмини растаниҳо бо омилҳои ҳаётӣ-ҳарорати мувофиқ, намнокии кофӣ, рӯшноӣ ва ғизои мутавозин омили асосии ба даст овардани ҳосили барвақт ва фаровон мебошад. Айни ҳол дар ҳар як ниҳоли бодиринг аз 15 то 20 дона мева ташаккул ёфта, 2-4 донаи он барои ҷамъоварӣ омода аст.

Дар марҳилаи гулкунӣ ва ҳосилбандӣ корҳои муҳими агротехникӣ, аз қабили обёрӣ, нармкунии байни қаторҳо, нест кардани алафҳои бегона, ғизодиҳӣ ва пешгирии касалиҳо мунтазам анҷом дода мешаванд. Ин тадбирҳо барои нигоҳ доштани саломатии растаниҳо ва афзоиши ҳосилнокӣ аҳамияти калон доранд.

Ҳамзамон, пас аз ҷамъоварии ҳосили қабати поёнӣ тоза намудани баргҳои зардшуда ва навдаҳои зиёдатӣ тавсия дода мешавад. Ин амал ба беҳтар гардидани гардиши ҳаво, кам шудани сарбории растанӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъда мусоидат мекунад.

Бо чунин муносибати илмӣ ва масъулиятнок, гармхонаи таҷрибавии донишгоҳ ба як мактаби воқеии омӯзиши амалии донишҷӯён табдил ёфта, дар таъмини бозор бо маҳсулоти тару тоза ва босифат саҳми арзанда мегузорад.

Алишери Абдулмаҷид,
"ХАТЛОН"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода