Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҳунарҳои анъанавии духтарон ва занони тоҷик: кокулбофӣ ва усмакашӣ


Ҳунарҳои анъанавии духтарон ва занони тоҷик: кокулбофӣ ва усмакашӣ




Дар  фарҳанги  қадимаи тоҷикон  нигоҳубин  ва  ороиши  мӯй  ва  абрувон  мақоми  хос дошт.  Занону  духтарони  тоҷик аз  замонҳои  қадим  ба  зебоии худ  аҳамияти  калон  медоданд ва  инро  бо  ҳунарҳои  махсуси дастӣ ба таври анъанавӣ амалӣ мекарданд.  Ду  намуди  маъруфи  ин  ҳунарҳо  –  кокулбофӣ  ва усмакашӣ мебошад.

Аз замонҳои хеле дур занону духтарони  тоҷик  ба  мӯйи  сар  аҳамияти калон медоданд. Тарзи бофтани мӯй на  танҳо  барои  зебоӣ,  балки  ҳамчун нишонаи  одоб,  синну  сол,  вазъи иҷтимоӣ ва ҳатто ҳолати оилавии занон  хизмат  мекард.  Яке  аз  шаклҳои маъруф ва қадимаи ороиши мӯй дар байни духтарон кокулбофӣ ба шумор меравад.

Дар  минтақаҳои  гуногу-ни  Тоҷикистон  тарзҳои  гуногуни кокулбофӣ  мавҷуд  буданд.  Масалан,  дар  баъзе  маҳалҳо  мӯйро  ба риштаҳои  хеле  майда  ҷудо  карда мебофтанд.  Ин  навъи  мӯйбофӣ  бо номҳои чилпак, чилчура, чилкокул ва ғайра маъруф буд. 

Дар  минтақаҳои  Бадахшон ва  Дарвоз  низ  навъҳои  махсуси кокулбофӣ вуҷуд доштанд. Дар он ҷо баъзан  кокулҳоро  бо  риштаҳои  ранга ё бофтаҳои махсус оро медоданд. Ин  тарзи  мӯйбофӣ  бештар  дар  байни  духтарони  ҷавон  маъмул  буд  ва ҳамчун нишонаи зебоӣ ва ҳунари за-нон  ҳисоб  мешуд.   Кокулбофӣ  танҳо як тарзи ороиши мӯй нест, балки ҷузъи муҳими фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ мебошад. Он аз ҳунари баланд, завқи зебоишиносӣ ва фарҳанги бойи занони тоҷик шаҳодат медиҳад. Модарон аз  хурдӣ  ба  духтарони  худ  тарзи  ду-русти нигоҳубини мӯй ва бофтани кокулро меомӯзонданд, то ин анъана аз насл ба насл идома ёбад.

Имрӯз ҳам, сарфи назар аз тағйир ёфтани мӯд ва тарзҳои нави ороиши мӯй,  кокулбофӣ  дар  байни  духтаро-ни  тоҷик  мавқеи  худро  гум  накардааст.  Хусусан  дар  ҷашнҳои  миллӣ, маросимҳо  ва  барномаҳои  фарҳангӣ  ухтарон  мӯйҳои  худро  ба  шакли кокул  бофта,  либоси  миллиро  бо  ин ороиш пурра мекунанд.

Ҳамин  тавр,  кокулбофии  духтарон  яке  аз  анъанаҳои  қадимӣ  ва  зебои  фарҳанги  тоҷикон  мебошад,  ки то имрӯз арзиши худро нигоҳ дошта, ҳамчун рамзи зебоӣ, ҳунар ва мероси миллӣ боқӣ мондааст.

УСМАКАШӢ, Ё «УСМА», ЯК НАВЪ ҲУНАРИ АНЪАНАВӢ ВА ОРОИШИ АБРУВОН АСТ, КИ ДАР БАЙНИ ДУХТАРОН ВА ЗАНОНИ ТОҶИК МАЪМУЛ АСТ.

Ин  ҳунар  на  танҳо  барои  зебо кардани  абрувон,  балки  барои ҷамъ  омадан,  шодиву  сурур  ва  эҳёи анъанаҳои  фарҳангӣ  низ  истифода мешавад.  Дар  гузашта  ва  имрӯз  занону духтарон дар ҳавлӣ ҷамъ шуда, бо шодиву ханда аввал усмаро чида ба  офтоб  мегузоранд,  то  пажмурда  шавад.  Баъд  яке  аз  занон  ё  духтари  ботаҷриба  онро  бо  кафи  даст молиш  дода,  дар  пиёлае  оби  онро мегирад.  Дар  ҳамин  вақт  дигарон  то омода шудани усма бо навбат шӯхиву бозӣ  мекунанд.  Пас  аз  ин,  зани  дигар чӯбчаи борикро гирифта, ба нуги он  пахта  мепечонад.  Ин  чӯбчаро «пилтачӯбак»  меноманд,  ки  одатан андозаи он аз донаи гӯгирд каме калонтар аст. Гоҳе аз донаи гӯгирд низ истифода мебаранд. Сипас, бо он чӯб занону  духтарон  ба  абруи  худ  усма мекашанд. Пас аз чанд дақиқа абрувонро  бо  об  мешӯянд.  Усмакашӣ  на танҳо барои фароғат ва ороиш, бал-ки пеш аз баргузории ҷашн, ид, тӯй ё меҳмонӣ низ як анъанаи муҳим мебошад.  Пеш  аз  ҷашни  арӯсӣ  духтарон базми  усмакашӣ  баргузор  мекунанд ва  бо  шодиву  ханда  абрувонро  оро медиҳанд.  Мегӯянд,  ки  агар  пас  аз усма абрӯи арӯс сиёҳ ё кабуд нашавад, домод ӯро дӯст намедорад.

Дар байни мардум ривоятҳое низ вобаста  ба  усмакашӣ  вуҷуд  доранд. Яке  аз  ривоятҳо  мегӯяд,  ки  ҳангоми ба  чашму  абрӯи  зебои  Бибисоро рехтани оби гиёҳи усма, ҳасудон на-тавонистанд  ҳусни  ӯро  кам  кунанд, баръакс,  абрувон  ва  симои  ӯ  боз ҳам  зеботар  мегардид.  Аз  ҳамин  са-баб,  ҷамъ  шудан,  хандаву  шӯхиву бозӣ  кардан  ва  усма  кашидан  дар байни духтарон ва занон анъана шудааст.  Бибию  модарон  низ  таъкид мекунанд,  ки  усмакашӣ  савоб  аст. Абрӯҳо  ҳангоми  кашидани  усма  мегуфтаанд:  «Худоро  шукр,  ки  мо  ҳам об хӯрдем». Усма абрӯвонро сиёҳтоб, кабуд ва зебо менамояд ва ин ҳунар то ба имрӯз ҳамчун анъанаи муҳими фарҳангӣ  духтарону  занони  тоҷик боқӣ мондааст.

Ҳам  мӯйбофӣ  ва  ҳам  усмакашӣ на танҳо ҳунари ороишӣ, балки рамзи фарҳанг, зебоӣ ва ҳунари анъанавии духтарон ва занони тоҷик мебошанд. Бо нигоҳ доштан ва идома додани ин анъанаҳо,  духтарону  занон  мероси фарҳангии  худро  эҳё  намуда,  рамзи зебоӣ ва ҳунари миллиро аз насл ба насл интиқол медиҳанд. 

Таҳияи, 
Сабринаи САЙВАЛӢ, 
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода