Сафари кории Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Шаҳритус
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 774
Рӯзи шанбе, 31 июл, дар ноҳияи Шаҳритус раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ва бунёди иншооти таъиноти гуногун шинос шуд.
Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Шаҳритус бунёду азнавсозии 365 иншоот, аз ҷумла сутунпояи парчаму нишони давлатӣ, таҷдиди боғи марказии Тӯс, роҳу пул, муассисаҳои таълимию тандурустӣ, биноҳои маъмурию маишӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, меҳмонхона, ҳаммому сартарошхонаҳо, майдону толорҳои варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.
То имрӯз дар ноҳия 361 биною иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, ки 98,9%-и нақшаро ташкил медиҳад.
То ҷашни Истиқлоли давлатӣ боз се таълимгоҳ дар деҳаҳои Айвоҷ, Қумшоҳ ва Қарабоев, як маҷмааи хизматрасонии иборат аз меҳмонхонаю тарабхона ва ғайра ба истифодаи умум супурда мешаванд.
Зимни ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба корҳои ободонию созандагӣ, ки дар Шаҳритус доир шуд, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба масъулони шаҳру навоҳии вилоят ҷиҳати вусъат бахшидан ба раванди умури сохтмонӣ, иҷрои саривақтӣ ва босифати тарҳҳо, ободонию хуррамгардонӣ, тадбирандешӣ барои ташкили ҷойҳои нави корӣ, таъмини дурнамои истеҳсоли маҳсулоти саноатию кишоварзӣ дастур дод.